Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Манас" оё ба куҷо кӯч хоҳад баст?


Дамиен Пикат, сухангӯи ҳарбиёни Амрико дар "Манас"
Дамиен Пикат, сухангӯи ҳарбиёни Амрико дар "Манас"

Қазоқистон ахиран интиқоли молу коло тавассути қаламраваш ба хотири таъмини нирӯҳои Амрико дар Афғонистонро иҷозат дод.

Сухангӯи вазорати хориҷаи Қазоқистон гуфтааст, ин қарордод ҳамлу нақли танҳо колоҳои ғайринизомиро фаро мегирад. Ва низ генерал Девид Петреус, фармондеҳи ситоди марказии артиши Амрико дар моҳи гузашта гуфта буд, ки Вошингтон бо Русия ва чанд кишвари Осиёи Марказӣ бар сари транзит тавофуқ кардааст. Таъмини нирӯҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон дар ҳоли ҳозир тавассути шимоли Покистон сурат мегирад, вале он масир ба иллати ҳамалоти афзояндаи ҷангиён чандин бор баста шуд. Аммо дар ҳамин ҳол Қирғизистон қарори ихроҷи пойгоҳи низомии Амрико дар фурдгоҳи Манасро ба тасвиб расонд.

Ба дунболи рӯи даст гирифтани иқдоми бастани Пойгоҳи низомии ИМА дар фурудгоҳи Манаси Қирғизистон аз сӯи ҳукумати ин кишвар, суоли матрӯҳа низ ин аст, ки оё ИМА ба чунин як пойгоҳи низомӣ дар Осиёи Марказӣ ниёз дорад ва низ дар наздиктарин фурсат иқдоме барои пайдо кардани ҷои по барои пойгоҳи низомиаш дар минтақа рӯи даст мегирад?

Баъд аз тасмими бастани пойгоҳи низомии ИМА дар Қирғизистон ва ба сардӣ гароидани муносибати Маскаву Душанбе дар паи баҳси истифодаи захоири оби минтақа бо Ӯзбакистон, Тоҷикистон эълом дошт, ки ҳарими ҳавоии худро ба нирӯҳои эътилофи Атлантикии шимолӣ ва ИМА ҷиҳати интиқоли молу колои ғайринизомӣ ба афғонистон боз кардааст.

Ахиран раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дирӯз дар зимни сафарарш ба кишварҳои наздибалтик дар Рига боз ҳам ёдовар шуд, ки Тоҷикистон сар аз соли 2001 ҳарими ҳавоии худро ба нирӯҳои НАТО ҷиҳати интиқоли борҳо ба Афғонистон боз кард ва дар мубориза ба террор ба Амрико кӯмак мекунад. Ва ахиран Қазоқистон низ чунин шароитро ба нирӯҳои эътилофи зиддитерор ва ИМА қоил шуд. Ӯзбакистон, ки қаблан ранҷида аз ИМА ҳасту пойгоҳи низомии ин кишварро дар Хонобод баст, боз ҳам гуфтугӯ бо ИМА бар сари истифода аз қаламраваш дар мубориза бо терор дар Афғонистон идома дорад. Вале тавре ба назар мерасад, имконоти ИМА барои истифодаи низомиёнаш дар Осиёи Марказӣ тангтар мешавад.

Ба қавли таҳлилгарон суол ҳам ин аст, ки муносибати ҳукумати нави Барак Обама бо кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ гуна хоҳад буд ва пардохти сармоя барои истифода аз қаламрави кишварҳои қашшоқи Осиёи Марказӣ бештар аз гузашта ва боиси дилгармии ин кишварҳо хоҳад шуд ва ё хайр. Онҳо бар инананд, ки иллати аслии ихроҷи пойгоҳи низомии ИМА аз Манас маҳз ба муносиботи молӣ иртибот дорад, ки солона ба ивази он Қирғизситон 17 миллиону 500 ҳазор доллар дарёфт мекард.

Бар изофа Русия ба Қирғистон ваъдаи 2 миллирад доллар сармоягузорӣ кардааст. Ба қавли Раҳматулло Абдуллоев, таҳлилагри тоҷик ва корманди маркази мутолиъоти Афғонистон ва минтақа имконоти истифоданашудаи ИМА барои пайдо кардани пойгоҳи низомӣ дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ зиёд аст ва дар ҳоли ҳозир кишварҳои минтақа, ки бо Афғонистон марзи муштарак доранд, омод ҳастанд, ки пойгоҳи низомии Амрикоро дар қаламрави худҷо диҳанд:

Абдуллоев ҳамзамон ба зарурати пойгоҳи низомии ИМА дар Осиёи Марказӣ таъкид мекунад ва бар ин аст, ки чунин тасмимро Амрико ҳатман рӯи даст хоҳад гирифт. Вале дар ҳамин ҳол ба назари Александ Князев, таҳлилгари масоили сиёсии минтақа дар шаҳри Бишкек зарурати ИМА ба пойгоҳи низомӣ дар Оисёи Марказиро рад мекунад ва мегӯяд:

Ман комилан мутмаинам, ки пойгоҳи низомии Манас ба Амрико барои пуштибонии нирӯҳои зиддитеррор дар Афғонистон зарур набуд. Ин пойгоҳи низомӣ қабл аз ҳама аҳдоф ва хусусияти геополитикӣ дошт, ба мисли пуштибонии ин кишвар ҷиҳати назорат бар минтақа. Зеро ба назари ман мушкили Афғонистон бо роҳи низомӣ ҳал нахоҳад шуд. Аз ин рӯ зарурати пойгоҳи низомии Амрико дар Осиёи Марказӣ вуҷуд надорад. Вале ба ҳар сурат агар ИМА дар минтақа кишваре барои мустақар кардани пойгоҳи низомии худ меҷӯяд, номзади аввали Тоҷикистон хоҳад буд. Чунки дар ин авохир Тоҷикистон бо ИМА гуфтугӯҳои зиёд ва ҷиддиро рӯи даст гирифтааст. Ва ҳатто бар тибқи хабарҳои ғайрирасмӣ аллакай миёни ИМА ва Тоҷикистон дар мавриди бунёди пойгоҳи низомии Амрико дар Тоҷикистон тавофуқ ба даст омадааст.

Князев аммо номзадии Қазоқистон ва Ӯзбасиктон ҷиҳати бунёди пойгоҳи низомии ИМА дар ин кишварҳоро рад мекунад ва далел меорад, ки ҳукумати Назарбоев аз иқдоми бештаре аз боз кардани фазои худ ҷиҳати интиқоли мавод ба нирӯҳои зиддитерор дар Афғонистон нахоҳад кард. Ва дар мавриди муносиботи минбаъдаи Тошканду Вашингтон масалеро ёд овард, ки “кӯр асояшро як бор гум мекунад”.
XS
SM
MD
LG