Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар талоши ёфтани роҳи раҳоӣ


Эҷоди монеъа дар роҳи воридоти молу коло аз сӯи Узбакистон Тоҷикистонро водор кардааст, ки роҳҳои алтернативии иртибот ба хориҷ аз кишварро ҷустуҷӯ кунад.

Ихтилофоти ахири Тоҷикистон ва Ӯзбакистон, дар баробари тарҳҳои бузурги энержии Тоҷикистон рӯшантар мешавад ва Ӯзбакистон дар ин рӯёрӯӣ қартаҳои кӯҳна ва аслии худро истифода мебарад.

Бастани роҳи қаторҳои Тоҷикистон дар қаламрави Ӯзбакистон, ки махсуси маҳсулот барои бунёди тарҳҳои энержӣ аст, баҳси ду кишвари ҳамсояро доғтар кардааст.

Ва ин иқдоми Ӯзбакистон Тоҷикистонро водор ба пайдо кардани роҳҳои алтеранативии иртиботӣ кардааст. Дар ин иртибот масъулин ва ҷомеа аз роҳҳои мухталифи раҳоӣ аз бунбасти коммунгикатсионӣ сӯҳбат мекунанд ва ҳадаф бениёз кардани Тоҷикистон аз роҳу қалдамрави Ӯзбакистон аст.

Дурбини радиои «Озодӣ» ин бор дар рӯ ба рӯи чанде аз вакилони мардумӣ ва коршиносони Маркази тадқиқоти стротегии Тоҷикистон буд.

Суоли мо ин буд: «Роҳи раҳоии Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ кадом аст?»


Nazarkhohi
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:27 0:00
XS
SM
MD
LG