Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷире, ки шаш забон медонад


Сӯҳробро дар Алмаато баъзе ҳамдиёронаш, ки бо вай аз наздик ошно нестанд, чун ронандаи таксӣ мешиносанд. Вале ӯ мактаби миёна ва баъдан Донишгоҳи политехникии Алмааторо бо баҳои аъло хатм кардааст.

Сӯҳроб муҳандиси маъдани ранга аст. Ӯ аз ҷумлаи мутахассисони ангуштшуморест, ки коркарди тиллоро дар сатҳи аъло медонад ва чанд муддат дар кони тиллои Зарафшон низ кор кардааст.

Маоши ночиз дар кони тилло

Сӯҳроб Султоновро соли 1995 баъди хатми Донишгоҳи политехникии Алмаато ба Тоҷикистон фиристоданд. Ӯ бо сад орзуву умед дар ватанаш ба кор оғоз кард, то дар он солҳои душвор қадри имкон барои боло бурдани иқтисоди кишвар саҳм бигирад. Вале аз рӯзҳои аввал дучори мушкилот ва ноадолатиҳо гардид.

Дар корхонаи тилои Зарафшон ҳамроҳи тоҷикон мутахассисони англис кор мекарданд. Ҳарчанд Сӯҳроб барин муҳандисони тоҷик бо мутахассисони англис тақрибан як корро анҷом медоданд, вале тафовути маоши онҳо аз замин то осмон , яъне беш аз 100 маротиба буд.

Сӯҳроб мегӯяд, «умуман коркарди тилло дар корхонаи металлургӣ мушкил ва барои саломатӣ хатарнок аст. Барои ҳамин музди корӣ ҳадди ақал дар ин ҷо бояд 1000 --1500 доллар бошад. Вале ба ман ҳамагӣ 50 доллар ва як халта орд медоданд. Мутахассисони англис ҳудуди 5000 доллар ва болотар аз он маош мегирифтанд. Ин, албатта, аз рӯи адолат нест, зеро мо як корро анҷом медодем, вале англисҳо зиёд пул мегирифтанду мо хеле кам…»

Чунин бархурди сарварони кони тилоро Сӯҳроб на танҳо бедадолатӣ дар ҳаққи хеш, балки умуман мардуми тоҷик медонад. Зеро ба андешаи вай, маоши коргарон ва мутахассисони тоҷик набояд аз ҳамкорони хориҷиашон чунин фарқи осмонӣ дошта бошад.

Аз сӯи дигар, ин маош на танҳо барои таъмини рӯзгори аҳли хонаводааш, балки ҳатто барои ғизои ниммоҳаи худаш кифоят намекард. Аз ин хотир вай баъди ним соли кор дар кони тилло дубора роҳи Алмаато - шаҳри даврони донишҷӯиашро пеш гирифт. Ин дафъа ӯ барои шаҳри дӯстдоштааш муҳоҷири корӣ буд.

Мушкилиҳо дар Алмаато

Дар Қазоқистон низ пайдо кардани кор бо маоши хуб барои як шаҳрванди кишвари дигар чандон осон набуд.

Ӯ аввал дар корхонаи мошинҳои вазнин кор кард. Ҳарчанд кор дар ин ҷо хеле сангин буд, ҳамагӣ ба вай 300 доллар маош медоданд ва онро ҳам аксар бо таъхири тӯлонӣ баъди се чор моҳ.

Ӯ дар муҳоҷират на танҳо дар ғами хеш, балки дар андешаи падару модар низ бояд бошад ва ҳар моҳ рӯзгори онҳоро таъмин кунад. Аз ин хотир, ӯ маҷбур шуд, аз паи кори дигар шавад. Баъдан таи ду- се сол вай дар ширкати бародарони эронӣ мутахассис ва ҳам тарҷумон буд.

Вале тавре Сӯҳроб мегӯяд, вай аз даврони донишҷӯӣ машғулияти вижа – забономӯзиро ихтиёр карда буд ва мехост, ки барои идомаи ин машғулият вақти холии бештар дошта бошад

Аз забони англисӣ то чинӣ

Сӯҳроб: «Бештар ман ба домани кӯҳ мерафтам ва он ҷо китоб мехондам. Аслан ман пеш забонҳои англисӣ ва фаронсавиро медонистам. Аммо пас аз ба ронандагӣ гузаштанам, вақтам барои забономӯзӣ зиёд шуд ва ман ин забонҳоро амиқ омӯхтам. Ба замми инҳо забони арабиро низ фаро гирифтам. Ман ҳоло 6 забони дунёро медонам. Инҳо- англисӣ, фаронсавӣ, арабӣ, русӣ, қазоқӣ ва форсӣ, ки забони модариам аст. Ҳоло ман дар кӯшиши азхуд кардани забони чинӣ ҳастам ва дар ду сол ин забонро хоҳам омӯхт».

Донистани ин забонҳо махсусан дар шаҳрҳои бузург чун Алмаато ҳар рӯз ба кор меоянд. Сӯҳроб изҳор мекунад, «боре ман мошинсавор меомадам, ки дар истгоҳ фаронсавиҳоро мардуми маҳаллӣ-қазоқҳо иҳота карда буданд ва ба мошинашон мехонданд. Азбаски ба ҷузъ ман забони фаронсавиро каси дигар намедонист, ман онҳоро ба мошин гирифтам. Онҳо фаронсавӣ сӯҳбат кардани маро диданд, хеле шод гардиданд ва ҳангоми ҳисобӣ кардан барои забондониам ба ман каме бештар пул доданд».

Яке аз дӯстони даврони донишҷӯии Сӯҳроб Дониёр Тунгишбоев низ ӯро чун шахси ғайриоддӣ тавсиф мекунад ва мегӯяд, ки ба ҷузъ ин ки Сӯҳроб шахси ба истилоҳ қавлу амал асту чунин ашхос алъон хеле каманд,ӯ шахси хеле заҳматкаш низ ҳаст ва ба бовари Дониёр чунин ашхос, ки 6 забон донад хеле кам аст.

Дониёр изҳор мекунад, «ҳар вақт ӯро дучор оям, мебинам, ки ӯ гоҳ вожаву ҳарфҳои забони чинӣ ва гоҳи дигар арабӣ меомӯзад ва на ҳар шахси калонсол ба чунин корҳо даст мезанад».

Фарзандони Сӯҳроб низ бо роҳи падар мераванд. Сӯҳроб бо ҳамсараш, ки қазоқ аст, ба Ситораи 8- сола забонҳои форсиву қазоқӣ ва русиву англисиро омӯзониданд. Рустам, ки имсол ба мактаб меравад, низ забонҳои форсиву қазоқӣ ва русиро медонад. Вале ба таъкиди Сӯҳроб, бисёр муҳоҷирон ба масъалаи забономӯзӣ, ки барои онон дар кишвари бегона басо муҳим аст, таваҷҷӯҳ намекунанд ва дар натиҷа дучори мушкилот мегарданд. Ӯ изҳор кард, ки муҳоҷирон ҳатман бояд забони он кишвареро , ки дар он кору зиндагӣ мекунанд, донанд.

Аз сӯи дигар Сӯҳроб изҳор мекунад, ки маҳз дониш қадри муҳоҷирро дар кишвари бегона боло мебардорад, баръакс бедонишиву бефарҳангӣ дар ағлаби маврид боиси даст ба одамкушӣ, қочоқи маводи мухаддир, қаллобӣ ва дигар амалҳои зишт задани муҷоҷирон мегардад, ки дар натиҷа чунин ҳодисаҳо қадру манзалати муҳоҷирон ва миллатро дар хориҷа поин мебаранд.

Варзишу шеър низ бо ӯст

Варзишу мутолиаи асарҳои бадеӣ машғулияти дигари Сӯҳроб аст. Вай дар овони ҷавонӣ дар ҳайъати дастаи «Ғайрат»- и Алмаато машқи футбол карда буд, вале се маротиба ҳангоми бозӣ пояш шикасту маҷбур аз футбол ба варзиши сабук гузашт. Дар ин риштаи варзиш низ натиҷаи вай қобили таваҷҷӯҳ буд. Ӯ дар ибтидо масофаи 10 километрро дар 31 дақиқа тай мекард, вале чун ба кори ронандагӣ гузашту ҷиддӣ ба забономӯзӣ машғул шуд, алъон ба машқи варзиши сабук кам вақт меёбад.

Сӯҳроб мегӯяд, ӯ баъди каме сабук кардани корҳояш боз машқи варзишро аз сар мегирад ва акнун ба масофаи марафонӣ давиданист. Сӯҳроб ҳамчунин мехоҳад, ки муҳоҷирон низ ба таври ҷиддӣ ба варзиш машғул шаванд. Ин аз як сӯ ба саломатиашон фоида дошта бошад, аз сӯи дигар имкон дорад дар байни онҳо низ беҳтарин варзишгарони номдор пайдо шаванд.

Бар илова Сӯҳроб тавре мегӯяд, дар лаҳзаҳои холигӣ ба мутолиаи осори манзуму мансури бузургонамон аз Одамушшуаро Рӯдакӣ сар карда то устод Лоиқ машғул мешавад.

Меҳри Ватан

Ҳарчанд Сӯҳроб беш аз 20 сол боз дар Қазоқистон ба сар мебарад, вале ҳамеша бо ёди Ватан аст ва ояндаи хешро бидуни Тоҷикистон тасаввур карда наметавонад. Дар ин муддат ба вай борҳо имкон даст дода буд, ки шаҳрвандии Қазоқистонро соҳиб шавад, Аз сӯи дигар, чун ҳамсараш қазоқ аст, гирифтани шаҳрвандӣ барояш ҳеч мушкиле надошт.

Вале ӯ аз паи ин кор нашуд ва танҳо бо ба даст овардани корти иқомат қаноъат кард. Сӯҳроб мегӯяд, дер ё зуд, албатта, ба Ватан бармегардад ва бовар дорад, ки фардо дар Тоҷикистон ба қадри ӯ барин мутахассисон мерасанд ва ба онҳо такия мекунанд. Зеро барои рушди кишвар, ба андешаи ӯ, нақши мутахассисони варзида хеле бузург аст.

Ба гуфтаи Сӯҳроб Султонов, ҳама талоши вай барои забономӯзиву такмили шахсияташ аз сӯи дигар баҳри ин аст, ки фардо ба Ватан чун мутахассиси ҳамаҷониба омода баргардад ва умед дорад, ки Тоҷикистон низ ба қадри заҳмат ва талоши чунин мутахассисони маҳаллӣ мерасад.
XS
SM
MD
LG