Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рушдӣ дар бораи фатвои Хумайнӣ ба қатли ин адиб


Салмон Рушдӣ, як адиби покистониюласл, ки дар солҳои 80-ум бо китоби “Оёти шайтонӣ”-аш ном баровард, мегӯяд, фатвои раҳбари вақти Эрон оятуллоҳ Рӯҳуллоҳ Хумайнӣ ба қатли ӯ дигар ба зиндагии рӯзмаррааш таъсире надорад, вале ин ҳукм то ҳол лағв нашудааст. Рушдӣ ахиран ҳамроҳ бо барандаи ҷоизаи адабии Нобел Элӣ Вейзел дар як баҳси масоили озодии баён ва ҳуқуқи башар зоҳир шуд. Хумайнӣ ба қатли Рушдӣ дар соли 1989 фатво дод ва “Оёти шайтонӣ”-и ӯро тавҳин ба Ислом номид. Салмон Рушдӣ дар пайи ин фатво инак 21 сол боз дар Инглистон ба таври хуфия ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG