Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қиссаҳои дардолуди водии Вахш


Бо гузашти 13 сол аз хатми ҷанги шаҳрвандӣ, захмҳои он дар қалби мардум ва симои ин сарзамин ҳанӯз боқист. Қиссаҳои талх ва қурбониҳоро мардум бо гаронии қалб ёд меоранд, аммо бо сахти ҳам бошад, аз гуфтанаш худдорӣ намекунанд. Зеро ин як пораи сиёҳи китоби таърихи тоҷикон аст.

Ҳарчанд имрӯз ҷустуҷӯи авомили он ҷанги нангини шаҳрвандӣ хеле дер шудааст, аммо ҳифз кардан ва огаҳ будан, дарси таърих хоҳад буд.

Водии Вахш аз хунолудатарин минтақаҳои Тоҷикистон дар он ҷанг буд, ки майдони набарди Рустаму Сӯҳробро мемонд. Майдоне, ки ҳазорон нафар дар он солҳо он майдони хунолударо тарк гуфта ва барои солҳо паноҳанда шуданд. Майдоне, ки дар он набардҳо ҷони ҳазорону кӯчаку бузург қурбон шуд. Майдоне, ки аз манзилҳо тудаи хокистару чаҳор девор, аз киштзору боғҳо анбӯҳи ваҳимро боқӣ гузошт.





Дар ҷашни солрӯзи Ваҳдат нигоҳи дубора арзиши он сулҳи ба дастовардаи мардуми Тоҷикистонро қиматтар хоҳад кард.

Маҷаллаи «Як рӯз бо шумо» дар ин шумора меҳмони водии Вахш шуд ва гӯш ба қиссаҳои хунолудаи замони ҷанги шаҳрвандӣ дод:

Қиссаҳои дардолуди ҷанги бародаркуш дар водии Вахш
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:22 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG