Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cуолҳои бепосухи мардуми Тоҷикистон


«Аск ҷивиз»--як созмони ҷаҳонии назарсанҷӣ бо таҳлили беш аз миллиард суол, 10 суоли бепосухи даҳ соли ахирро муайян кардааст, ки сокинони сайёра ба он пурсишҳо посухи мушаххас надоштаанд.

Бар асоси таҳқиқоти ин созмон, ҳанӯз ҳам одамон ба суолҳое чун маънии зиндагӣ чист, асрори хушбатӣ кадом аст, ишқ чист, ман чи қадар умр мебинам, маъруфтарин шахс дар ҷаҳон кист, роҳи беҳтарини мубориза бо фарбеҳӣ ва монанд ба инҳо посухи дақиқ надоштаанд.

Албатта дар ҳар ҷомеа вобаста ба шароити зиндагӣ, фарҳанг, тамаддун ва эътиқод суолҳои бепосух мухталифанд.

Ҷомеашиносон бар инанд, ки суолҳои бепосухи мардуми Тоҷикистон дар бештарин ҳолат марбут ба масоили иҷтимоӣ, иқтисодӣ, беҳдоштӣ ва амниятӣ аст.

Зеро ба қавли онҳо мушкилоти аслии ҷомеа низ марбут ба вуҷуди норушанӣ дар ин бахшҳо аст.

Маҷаллаи «Як рӯз бо шумо» аз сокинони Душанбе суол карда, ки суоли беҷавоби онҳо кадом аст ва барои пайдо кардани посух ба ин суолҳо ба куҷо ва ба кӣ муроҷиат мекунанд:

Даҳ суоли беҷавоб
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:25 0:00
XS
SM
MD
LG