Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чоркӯҳ - минтақае дар "Секунҷаи исломӣ"


Ҷамоати Чоркӯҳи Исфара, пас аз амалиёти ахири мақомоти интизомӣ алайҳи гурӯҳи мусаллаҳ ором ба назар мерасад. Вале сокинони ин мавзеъ аз такрори чунин ҳодиса нигаронанд, зеро, мегӯянд теъдоде аз афроди мусаллаҳ дар кӯҳсори ҳамшафати Қирғизистон паноҳ бурдаанд.

Амалиёти вижаи мақомоти интизомӣ дар Чоркӯҳ, ки бар асари он як мусаллаҳ ба ҳалокат расид, рӯзи 28-уми октябр сурат гирифт. Ба гуфтаи мақомоти расмӣ, чаҳор нафари дигари ин гурӯҳ пас аз даргирии шашсоатӣ аз маҳалли ҳодиса фирор кардаанд.

Даргирии Чоркӯҳ дуввумин задухӯрди нерӯҳои интизомӣ бо ҷангиён дар ду ҳафтаи ахир буд. 21 октяб дар минтақаи Чилдухтарони ин ноҳия 2 гумонбарӣ ҳамкорӣ бо Ҳаракати исломии Узбакистон, аз ҷумла як зан кушта шуданд.

Аммо суол ин аст, ки чаро гурӯҳҳои тундгаро маҳз минтақаи Чоркӯҳ ва деҳоти атрофи онро паноҳгоҳ интихоб кардаанд ва кадом омил ҷангиёнро ба ин минтақа ҷалб мекунад? Гузориши видеоии хабарнигори Радиои Озодӣ аз Чоркӯҳ.

XS
SM
MD
LG