Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯйхати "сиёҳ"-и филмҳо таҳия мешавад


Мақомоти Тоҷикистон ба таҳияи феҳрасти филмҳои ба истилоҳ, «ғайри қобили қабул» машғул буда, ояндаи наздик нашри филмҳое, ки ба ин рӯйхати «сиёҳ» ворид мегарданд, аз тариқи шабакаҳои телевизионии кишвар ва фурӯши он дар дӯконҳо расман манъ хоҳад шуд.

Қурбони Зоҳир, раиси корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои вилояти Хатлон, мегӯяд, ба таҳияи феҳрасти филмҳои мамнӯъ, ширкати «Тоҷиккино» дар якҷоягӣ бо коршиносони Кумитаи амнияти миллӣ, вазорати корҳои дохилӣ ва кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон сарукор дошта, интизор меравад, ин рӯйхат ояндаи наздик омода шавад.

Қурбони Зоҳир, раиси корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои вилояти Хатлон,
Филмҳои "ғайри қобили қабул" мамнӯъ мешаванд

Ҷаноби Зоҳир афзуд, ба феҳрасти мазкур ғолибан филмҳои хусусияти порнографӣ, моҷароҷӯёна, ваҳшатафзо ва таблиғгари ифротгароию тундгароии мазҳабӣ шомил хоҳанд шуд.

Тасмими ширкати «Тоҷиккино» дар ҳоле гирифта шудааст, ки раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон аз ҳукумат хостааст, ба зудтарин фурсат номгӯи филму наворҳои ба гуфтаи мақомот, «хатарзо ба амнияти идеоложӣ»-ро таҳия кунанд.

Маҳмадалӣ Салимов, корманди масъули раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон, дар сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ гуфт, ахиран аз бозору дӯконҳои дискфурӯшии қаламрави Хатлон беш аз 4 ҳазор адад диски филмҳои порнографию моҷароҷӯёна барчида шудааст.

Маҳмадалӣ Салимов, корманди масъули раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон
Ба гуфтаи ӯ, то ҳанӯз бозори филмҳои ворида ба Тоҷикистон ва мазмуну мӯҳтавои ин филмҳо аз сӯйи ҳеҷ ниҳоди расмӣ мавриди пажӯҳиши амиқу доманадор қарор нагирифта, шабакаҳои телевизионӣ ва тоҷирони дӯконҳои фитафурӯшӣ дастуре надоранд, ки тавонанд бар асоси он, ба пахшу фурӯши филмҳо сарукор бигиранд:

«Мо масалан, мефаҳмем, ки филмҳои таблиғкунандаи терроризму фаҳшо набояд фурӯхта шаванд, аммо як дастури аниқ надорем, ки мушаххасан кадом филмҳо бояд фурӯшашон ё тамошояшон манъ карда шавад. Агар як чунин номгӯи филмҳои мамнӯъ тартиб дода шавад, кори ҳам мақомот осон мешавад ва ҳам падару модар, хуллас, ҳамаи шаҳрвандон мефаҳманд, ки масалан, фалон филмро тамошо кардан манъ аст. Тамошои филмҳои бахусус «боевик»-у террористӣ барои ҷавонону наврасон бисёр таъсири манфӣ дорад. Бисёре аз ин филмҳо аз Русия ба таври қочоқӣ вориди бозори мо мешаванд ё ба воситаи шабакаи интернет сабт ва ба фурӯш гузошта мешаванд. Бояд ҳамин бозор танзим карда шавад…»

Аҳзоби сиёсӣ ҳамкорӣ мекунанд...

Бо ин пешниҳоди мақомоти интизомӣ, намояндагони иддае аз ҳизбҳои сиёсӣ, минҷумла Ҳизби наҳзати исломӣ, мувофиқ будаанд. Азимҷон Ваҳҳобов, муовини раиси созмони хатлонии ин ҳизб, бо такя ба таҳқиқотҳои анҷомшуда мегӯяд, идеяи содир кардани ҷиноят аз сӯйи бахши аъзами ҷавонон ва ноболиғон, маҳз баъди тамошо филмҳо тавлид мешудааст.

Вай гуфт, Ҳизби наҳзати исломӣ ҳам омода аст, дар сурати зарурат, номгӯи чанд филмеро ба мақомот пешниҳод кунад, то дар оянда тамошо ва фурӯши онҳо мамнӯъ эълом шавад:

Азимҷон Ваҳҳобов, муовини раиси ҲНИТ дар Хатлон
«Масалан, дар чанд соли ахир ҳамин филми бисёрсериягии «Prison break» ё «Фирор аз зиндон» дар Тоҷикистон бисёр маъруф асту ҳатто кӯдакон ҳам онро бо шавқ тамошо мекунанд. Аммо ин филм ҷанбаи таълимию тарбиявӣ надорад ва барои бахусус ҷавонон чизе намедиҳад. Лекин, мутаасифона, баъд аз фирори 25 маҳбус аз зиндони Кумитаи амнияти миллӣ дар соли ҷорӣ, ҳатто ҳамин ҳодисаро «фирори аср» номида, бо сужаи ҳамин филм муқоиса мекарданд. Ин ҳам дар ҳоле, ки филми мазкур ҳарчанд аз тариқи шабакаи телевизиони давлатии «Сафина» намоиш дода шуд, ба ҷавонону наврасони мо намехӯрад…»

"Боевик", "ужас" ,"фантастик" --пурфурӯштарин филмҳо

Ин ҳама дар ҳолест, ки ба гуфтаи тоҷирони дӯконҳои фитафурӯшӣ, бештар аз ҳама филмҳои жанри «боевик», «ужас» ва «фантастика» ба фурӯш мерафтаанд. Сокинони маҳаллӣ дар Қӯрғонтеппа ҳам мегӯянд, сужаи диққатҷалбкунанда, саҳнаҳои ҳарбу зарб ва эффектҳои телевизионӣ, сабаби аслии рӯ оварданашон ба ба чунин навъи филмҳои хориҷӣ будааст:

«- Бори охир филми «Миссия - Кашмир»-ро тамошо кардам. Дар бораи як гурӯҳи террористӣ, ки мехоҳанд идоракунии давлатии Кашмирро ба дасти худ бигирад. Азбаски дар бораи ҳодисаҳои пурсарусадои террористӣ дар ҷаҳон маълумот кам аст ва ман ба воситаи тамошои ҳамин хел филмҳои террористӣ, ки дар асоси ҳодисаҳои воқеъӣ ба навор гирифта мешаванд, ҷӯёи ҳақиқат мешавам…

- Ба ман фантастика маъқул аст. Дар бораи ҷанги миёни сайёраҳо. Ин филмҳо ҷолибанд, ҳарчанд дурӯғанд. Дигар филмҳои тоҷикиро намешавад дид, сужаи хароб доранд ва диқатҷалбкунанда нестанд охир…

- Бештар филмҳои Арнолд Шватсенегер ва Брюс Лиро тамошо мекунам. Аз онҳо маҳорати ҷангиро омӯхтан мумкин, худро муҳофизат карданро меомӯзам.

- Ба ман филмҳои интеллектуалӣ маъқул, детективӣ. Чӣ тавр ҷиноятҳо содир мешаванд ва ҷиноятҳоро мекушоянд. Ин филмҳо зарар надоранд, балки одамро ҳушёртар мекунанд, огоҳ мекунанд, ки подоши ҳар бадӣ, некӣ аст…

- Жанри ужас маъқул аст, махсусан агар шабона тамошо кунӣ, одамро як ҳисси аҷоиб фаро мегирад…»

Ва аммо масъулони риштаи омӯзишу парвариш дар вилояти Хатлон мегӯянд, ҳарчанд манъи расмии тамошо ва фурӯши баъзе аз филмҳо идеяи хуб аст, аммо ин тасмими мақомот бояд аз роҳе амалӣ шавад, ки ҳуқуқи ҷавонону наврасон ба интихоби озодона поймол нагардад.

Сензура ва ё маҳдудияти ҳуқуқ ?

Нуралӣ Азизов, муовини сардори идораи маорифи вилояти Хатлон
Нуралӣ Азизов, муовини сардори идораи маорифи вилояти Хатлон, мегӯяд, ҳамчунин механизми иҷрои ин барномаи мақомот номуваффақ ба чашм мерасад:

«Ин тасмим бояд тавре роҳандозӣ шавад, ки одамон фикр накунанд, ки филмҳоро сензура мекунанд ва ҳуқуқашонро маҳдуд. Ҳарчанд як банди лоиҳаи қонуни нав «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» тамошои филмҳои фаҳшо ва зӯрорвариро барои фарзандон манъ мекунад, аммо тамоман намоиши чунин филмҳоро манъ кардан кори сахт мушкил аст…»

Тасмими мақомот барои манъи тамошо ва фурӯши иддае аз филмҳо нигаронии доираи ҳунармандони театру синамои тоҷикро ба бор овардааст.

Меҳриннисо Ҳоҷибоева, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, мегӯяд, мақомот дар интихоби филмҳо барои манъи тамошо ва фурӯши он бояд аз эҳтиёти тамом кор бигиранд ва ба ин кор бояд як Шӯрои бадеии иборат аз беҳтарин санъатшиносон машғул шавад:

«Албатта, банда ҳамчун ҳунарманд намехоҳам, ки замоне филм ё намоишномаи театриеро, ки нақш офаридаам, тамошояшро манъ кунанд. Фикр мекунам, мо аз чунин ҳақ бархӯрдор нестем, ки тамошои филмҳоро барои мардум комилан манъ намоем. Бояд худи шаҳрвандон барои тамошо филмҳои хубу шоистаро интихоб кунанд ва ба фарзандонашон ҳам тавсия диҳанд, то аз тамошои филмҳои фаҳшо ва ваҳшатафкан худдорӣ варзанд. Интихоби филм бояд аз рӯйи ақли солими ҳар шахс сурат гирад, на онро расман манъ намоем…»

Меҳриннисо Ҳоҷибоева, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон
Оё зарурате ба ин кор ҳаст?

Дар ҳамин ҳол, Умар Камолов, раиси ширкати телевизионии мустақили Қӯрғонтеппа, низ зарурат дар таҳияи феҳрасти филмҳои мамнӯъро намебинад. Вай мегӯяд, Тоҷикистон набояд, ба гуфтаи худаш, «хато»-и ширкати «Узбеккино»-ро такрор кунад. Ожонсии миллии «Узбеккино»-и Узбакистон танҳо дар соли ҷорӣ тамошои қариб 200 филм ва дар 5 соли ахир дар маҷмӯъ, наздики 750 филмро барои мардуми кишвараш расман манъ кардааст.

Умар Камолов дар ин замина афзуд: «Намоиши филмҳои порнографӣ ва хусусияти экстремистию бадахлоқонаро қонунҳои ҷории кишвар, аз ҷумла қонуни телевизион ва радиошунавонӣ худаш манъ кардааст, зарурат ба таҳияи боз як санади расмии манъкунанда нест. Баъзан аз телевизиони мо эрод мегиранд, ки мо гоҳе филмҳоеро, ки саҳнаҳои терроризму ифротгароиро ба намоиш мегузоранд, ба эфир роҳ медиҳем. Аммо ин филмҳо асосан мазмуни патриотизмро доранд ва ҳамеша бо пирӯзии нерӯҳои давлатӣ бар террористон анҷом меёбанд. Он ҷо қаҳрамонии одамони ватандӯстро нишон медиҳанд. Ҳеҷ бадӣ надоранд ин филмҳо. Ҳароси аслии мо аз он аст, ки бо баҳонаи манъи филмҳо имкон дорад, даҳҳо ва шояд садҳо филми шоиставу сатҳи ҷаҳониро аз даст бидиҳем…»

Ин ҳама дар ҳолест, ки ба гуфтаи Қурбони Зоҳир, раиси корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои вилояти Хатлон, дар оянда сабти филмҳо танҳо бо мувофиқа бо Шӯрои бадеӣ роҳандозӣ шуда, филмҳое, ки саҳнаҳои фаҳшо ва ифтротгароию ваҳшатафканӣ доранд, манъ хоҳанд шуд:

«Чанде пеш ба мо ҳуҷҷате расида буд, ки аз фурӯши баъзе филмҳо, ки ваҳшонияту ифротгароиро ба намоиш гузоштааст, ҷилавгирӣ кунем. Масалан, филмҳои «Пила», «Спартак» «Техасская резня», «Кровь и песок», ки инҳо идеологияи бегонаро таблиғ мекунанд. Ҳамчунин барномаи гӯё ҳаҷвии «Наша Раша», ки моли телевизиони русии «ТНТ» мебошад. Ин барномаро мо ба унвони таҳқир ба миллату фарҳанги тоҷик арзёбӣ мекунем ва чунин дискҳоро аз фурӯш барчидаем…»

Ба гуфтаи Қурбони Зоҳир, то имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон ҳудудан 10 филм ва намоишҳои телевизионӣ ба «рӯйхати сиёҳ» шомил гардида, пахш ва фурӯши онҳо расман мамнӯъ эълон шудааст.
XS
SM
MD
LG