Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cаргузашти талхи Аҳмади нонпаз, гуреза ва хонавайрон


Аҳмад Ҳайбатов
Аҳмад Ҳайбатов

Аҳмад Ҳайбатов аз ҷумлаи садҳо сокини ҷамоати Тоҷикобод (собиқ совхози «Туркманистон»)-и ноҳияи Вахш аст, ки азоби хонасӯзию ғарибию гуруснагиро дар замони ҷанги шаҳрвандӣ пушти сар кардааст.

Мегӯянд "сухан аз даҳони Луқмон хуш аст" . Беҳтар аст саргузашти ин марди сахтиҳои рӯзгордидаро аз забони худи ӯ бишнавем.

Ҷанги шаҳрвандӣ аз камчинии нон сар шуд?

Ман, Аҳмад Ҳайбатов, омӯзгори мактаби таҳсилоти ҳамагонии № 39-и ноҳияи Вахш ҳастам. Дар солҳои оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҷонишини аввали сарвари корхонаи нонпазии шаҳри Қӯрғонтеппа шуда кор мекардам.

Вақте, ки даргириҳо шиддат гирифтанд, аксари коргарони завод ҷойи корашонро тарк карда, ба маҳалҳои гуногуни Тоҷикистон ва ҳатто хориҷи он, ба Афғонистону Қирғизистон ва дигар кишварҳо гуреза шуда рафтанд. Фирориҳо асосан мардони ҷавону миёнасол буданд. Дар завод коргар намонд. Мо хона ба хона, кӯча ба кӯча ва шаҳр ба шаҳр рафта, кӯҳансолону собиқадороне, ки дар гузашта дар завод кор мекарданд, асосан тотору русу молдаван ва дигар майдамиллатҳоро дубора ба кор ҷалб кардем. Барои беморхонаҳо, ҳабсхонаҳо, сарбозони қисмҳои ҳарбӣ, барои пиронсолоне, ки дар шаҳр монда буданд, аз рӯйи имкон нон тайёр кардем. То он рӯзе, ки имкони барқ гирифтан доштем…

Қатори нимкилометраи мардум барои нон

…Ҳатто ҳама мағозаву дӯконҳои нонфурӯшӣ баста шуда буданд, валангор гардиданд, дар миёни мардум ба қавле паника бархоста буд. Мо маҷбур шудем, ки дар назди завод дӯкони фурӯши нон кушоем. Аз субҳи содиқ то ними шаб он ҷо нон савдо мекардем. Мардум аз ҳар гӯшаву канори шаҳри Қӯрғонтеппа ва ноҳияҳои атроф, аз Сарбанду Бохтару Вахш ҳам барои нон меомаданд. Гоҳо қатори навбатистодаҳо то ним километр тӯл мекашид. Ҳама пиронсолон, маъюбон, занон ва кӯдакон дар навбати нон меистоданд, аммо мард дар миёнашон набуд.

Мардҳо асосан ё дар хонаҳояшон панаҳ мебурданд ё фирорӣ шуда буданд. Азбаски ҳаракати нақлиёт дар миёни шаҳру ноҳияҳо манъ ё маҳдуд шуда буд, одамон пиёда меомаданд барои нон. Мо ба ҳама миқдори кофии нон дода наметавонистем, чунки истеҳсолаш коҳиш ёфта буд. Дастгоҳҳои завод вайрон шуда буд, барқ намерасид. Мо 10-12 тонна нони хушкшуда доштем дар захираи завод, ҳамонро ҳам ноилоҷ бароварда тақсим кардем ба мардум. Чизе, ки дар завод буд, ҳамаашро ба мардум додем, баъди 2-3 моҳ ҳама захираҳо тамом шуданд…

Тарки завод, фирори иҷборӣ ва «аз кадом маҳал ҳастӣ?»

…Вақте ҳама захираҳо тамом шуданд, имкони кор кардан дар завод набуд. Интиқоли барқ ба заводро ҳам қатъ карданд. Мо ҳамроҳ бо сарвари онвақтаи завод Абдулворис Қаюмов чун дигар гурезаҳо якҷоя аз завод баромада рафтем. Қаюмов, ки зодаи Истаравшан буд, ҳамроҳ бо пайвандонаш ба шимоли кишвар ҳиҷрат кард. Ман худам танҳо дар ноҳияи Ҷилликӯл, ки дар сарҳади Узбакистон аст, ҳамчун як гуреза сукунат кардам. Рафти ҷанги шаҳрвандиро дар он ҷо ва аз он ҷо ба чашми худ медидам. Беадолатиро медидам, кушторҳои бераҳмонаро медидам, сӯхторро медидаму хун мегиристам.

Он вақт касе касеро намепурсид, ки ту гуноҳ дорӣ, бегуноҳ ҳастӣ? Танҳо муҳим ин буд, ки «аз кадом маҳал ҳастӣ?» Як ҳисси бадбинӣ нисбати қавмҳо ва маҳалҳо пайдо шуда буд. Дар он замон ҳар хел инсонро вохӯрдан мумкин буд, ҳатто як тири дайду ҳам метавонист одамро бикушад. Ва ҳамин хел тирҳои дайду ҳам ҷони чандин нафарро даррабуд. Барои ҳамин ҳам, мо беҳтар донистем, ки замоне фирор кунем аз маҳалли зистамон…

Совхози «Туркманистон» - маҳаллаи мӯйсафедон

…Ҷанги шаҳрвандӣ қариб ба тамомшавӣ наздик буд. Лекин ҳамоно касе дар қишлоқ дар хонаи худаш намезист. Танҳо як гурӯҳи хурди мӯйсафедону кампирон баргашта буданд ба совхози мо ( он замон совхози «Туркманистон»). Аммо онҳо дар масҷид якҷоя зиндагӣ мекарданд. Аз як тараф, метарсиданд ва аз сӯйи дигар, хонаҳояшон хароб шуда буд. Мардҳо хеле ангуштшумор буданд, қисмати асосии сокинон фирорӣ шуда буданд ва дар дилашон тарсу ҳарос буду баргаштан намехостанд ё ғайрати ба хонаҳои худ омадан намекарданд.

Маҳаллаи мо мисли он, ки маҳаллаи мӯйсафедон шуда буд. Аммо дар маҳаллаҳои мо мардум аз дигар минтақаҳо, аз ҷумла аз навоҳии Кӯлобу Восеъ, Ҳамадонӣ, омада, хонаҳои гурезаҳои совхози «Туркманистон»-ро ишғол карда буданд, ҳамин ҷо муқимӣ шуда буданд. То 10-12 нафари яроқдор мегаштанд дар маҳалла, бо силоҳашон ба қавле «алови чашм»-и одамонро гирифта буданд…

Бозгашти таваккалӣ ба деҳаи валангор

…Ман ҳам таваккал карда, баъд аз чанд сол баргашта омадам ба зодгоҳам. Азбаски мардони қобили кору меҳнат ҳанӯз дар деҳа хеле кам буданд, то тавонистам хонаҳои сӯхтаи мардумро ҳамроҳи кӯдакон, занҳои соҳибони хона обод кардем, то ақаллан болои сарашон бом дошта бошанд, аз сардиҳо эмин монанд. Совхоз дар он замон 17,5 ҳазор аҳолӣ дошт. Хонаҳои асосан мардуме, ки аз минтақаи Комсомолободу Ғарму Вахё дар совхоз зиндагӣ мекарданд, дар замони ҷанги шаҳрвандӣ аз тарафи силоҳбадастон барқасдона оташ зада шуданд.

Дар 12 деҳае, ки раштиҳо зиндагӣ мекарданд, то 90 дарсади хонаҳо валангор шуда буданд. Бештар аз 7 ҳазор аҳолӣ бехонаву дар монда буд. Хонаҳои худи мо ҳам пурра сӯхтагӣ буданд. Баъд аз баргашт аз гурезагӣ, ҳамроҳ бо зану фарзандонам аввал як хонаро обод карда, барои зиндагӣ ворид шудем. Баъд батадриҷ дигар хонаҳоро ба қадри имкон таъмиру бозсозӣ намудем. Хуллас, зиндагиамонро дубора аз сифр шурӯъ кардем…

Худдорӣ аз кор дар заводи фалаҷшудаи нон

…Баъд аз бозгашт, рости гап, чандин дафъа ба хонаам омаданд ва таклифи кор кардан дар заводи нонпазӣ намуданд. Вақте ба завод рафта, бо чашми худ ҳолати корхонаро дидам, ки ҳама талаву тороҷ шудааст, дастгоҳҳо ва захираҳояш рабуда шудаанд, як қисми ночизи завод коршоям боқӣ мондаасту халос ва одамони яроқдору ба қавле «боевик»-ҳо ҳоло ҳам заводро идора мекунанду бо ҳамдигар бомаслиҳат нестанд, ҳамонро ба худ раво надидам. Аз идомаи кор дар завод даст кашидам.

Ҳоло ҳам завод, ки бароям азиз буд, кор мекунад, аммо ба иқтидори хеле кам. Ин завод танҳо барои маҳбасхона ва қисми ҳарбӣ нон мепазаду халос. Дар як шабонарӯз на бештар аз 20-400 кило ордро коркард мекунанду маҳсулоти нонӣ истеҳсол мешавад дар завод. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар гузашта мо то 27-30 тонна ордро дар як шабонарӯз нон мекардем…

Шукри осоиштагӣ...

…Ҳоло шукри замони осоиштагӣ мекунем. Кам ҳам бошад, нон дорем. Нарху наво дар бозор гарон ҳам бошад, бисёр одамон камбағал ҳам бошанд, аммо қаҳтӣ нест. Шукр, ки ваҳдат барпо шуд. Дигар хунрезӣ нест. Ин сулҳ бо рехтани хуни бисёри тоҷикбачаҳо ба даст омад. Ба қарибӣ як пиразани 94-сола дар деҳаи мо вафот кард. Вай то дами охири умраш бовар дошт, ки 5 писараш, ки дар замони ҷанг бенишон шуда буданд, ба хонааш бармегарданд. То дами марг интизори роҳи фарзандонаш буд. Аммо ҳама аҳли деҳа медонистанд, ки писарони ӯро солҳои ҷанг дар як вақту замон ба қатл расонида буданд. Бераҳмона кушта буданд. Ҳама инро медонистанд, аммо касе ҷуръат намекард, ки воқеияти ҳолро ба ин модар ошкор бигӯяд.

Дар ҳар сӯҳбаташ бо одамон аз писаронаш суроғ мекард, аз ҳар муҳоҷири корие, ки аз Русия бармегашт, мепурсид, ки оё писаронашро надидааст. Духтаронаш баъзан мегуфтанд, ки «модар, бародаронамон дар ҷанг нопадид шуданд, набояд чашминтизорашон бошед», аммо мегуфт, ки дилаш гувоҳӣ медиҳад, онҳо зиндаанд ва замоне ба дидори писаронаш хоҳад расид. Ҳоло фикр мекунам, шояд ба дидори писарони марҳумаш расида бошад он модар.

Ҳамин хел қиссаҳо қадри Сулҳ ва Ваҳдатро бебаркаш мекунанд. Дар ҳақиқат Ваҳдати миллӣ дар ҳаёти мардуми тоҷик марҳилаи нави зиндагиро кушод, марҳилаеро, ки давраи нави зиндагӣ оғоз ёфт. Ҳарчанд он ҷангҳои мудҳиши шаҳрвандӣ то ҳол дар дили ҳазорон нафар шояд осори худро боқӣ гузоштааст…
XS
SM
MD
LG