Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақзкунандагони ҳуқуқи башарро ба ИМА роҳ нест


Барак Обама, эълом кард, ИМА афродеро, ки дар нақзи ҷиддии ҳуқуқи инсон даст доранд, ба қаламраваш роҳ нахоҳад дод.

Ҳамзамон бо ин, ҳукумати Барак Обама гуфт, тадобири тозаеро барои ҷилавгирӣ аз наслкушӣ ва анвоъи зулм амалӣ хоҳад кард.

"ИМА ПАНОҲГОҲИ АМН БАРОИ НАҚЗКУНАНДАГОНИ ҲУҚУҚИ БАШАР НЕСТ"

Дар эъломияи раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида дар ин замина гуфта мешавад, “ба хотири тазмини он, ки Амрико ба паноҳгоҳи амн барои поймолкунандагони ҳуқуқи инсон табдил нашавад”, афроде, ки дар хушунатҳои пайваста, ҷиноятҳои ҷангӣ ва дигар нақзи ҷиддии ҳуқуқ даст доранд, ба Амрико роҳ дода нахоҳанд шуд.“

Қарори мазкур билофосила ҳукми иҷро мегирад ва афроде ҳаққи вуруд ба Амрикоро нахоҳанд дошт, ки вазорати умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳида, онҳоро дар нақзи ҷиддии ҳуқуқи инсон ва ё мусоидат ба он муттаҳам медонад.

Марк Тонер, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико
Марк Тонер, сухангӯи вазорат гуфт, иқдоми мазкур, тақвияти муқаррароти пешин дар ҳамин замина аст: “Ба андешаи ман, ин талоше барои расидагии муназзам ба аъмоли чунин афрод аст ва талоше барои таҳияи механзими роҳ надодани ин афрод ба Амрикост. Мо дар бораи ин барнома аз ҷумла дар робита ба Русия ҳафтае пеш сӯҳбат кардем, ки феҳрасти афроде вуҷуд дорад, ки ба эътиқоди мо дар нақзи ҳуқуқи инсон гунаҳкоранд ва ба онҳо раводиди сафар дода нахоҳад шуд.”

Давлати Амрико рӯзи 26-уми июл эълом кард, ки чанде аз мақомоти Русияро, ки дар марги Сергей Магнитский, як вакили дифоъ дар зиндон нақш доранд, ба Амрико роҳ нахоҳад дод.

ЭРОНУ БЕЛОРУС ДАР РӮЙХАТИ "СИЁҲ"

Дар гузашта ҳукумати Барак Обама, баъзе аз мақомоти Эронро барои саркӯбии тазоҳуротҳои пас аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 2009 аз ҳаққи гирифтани раводиди сафар ба Иёлоти Муттаҳида маҳрум карда буд. Дар моҳи июни гузашта чанд тан аз мақомоти нерӯҳои амниятии Эрон ба ҳамон феҳраст изофа шуданд.

Баъзе аз мақомоти ҳукумати Белорус низ барои вокунини

бераҳмона ба тазоҳуротҳои баъди интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар он кишвар аз ҳаққи сафар ба Амрико маҳрум шудаанд. Кохи Сафед ҳамзамон гуфт, барои ҷилавгирӣ аз наслкушӣ ва зулму истибдод дар саросари ҷаҳон барномаи наверо амалӣ хоҳад кард. Бар асоси барнома гурӯҳи махсусе таҳти унвони Шӯрои ҷилавгирӣ аз зулму истибдод, таъсис меёбад, ки шеваҳои расидагии Иёлоти Муттаҳида ба поймоли густурдаи нақзи ҳуқуқ дар кишварҳо муйаян мекунад.

ГОМИ НАХУСТИНИ ТАЪРИХӢ...

Тайи ҳафтаҳои гузашта ҳукумати Барак Обамаро интиқод карданд, ки гӯё ба нақзи густурдаи ҳуқуқи инсон дар Сурия вокуниши нарме доштааст, агарчӣ ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, қатли тазоҳургарони зиддидавлатӣ дар он кишвар баробар ба ҷиноят алайҳи башарият аст. Гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи инсон аз иқдоми ҳукумати Амрико барои таъсиси гурӯҳи махсус барои ҷилавгирӣ аз наслкушӣ ва истибдод истиқбол карданд.

Аз ҷумла Ребекка Ҳамилтон, муаллифи китобе дар бораи сиёсати Амрико нисбати минтақаи Дорфури Судон, таъсиси
Тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар Сурия

Шӯрои ҷилавгирӣ аз зулму истибдод гоми нахустини таърихӣ номид: “Нахустин бор аст, ки Иёлоти Муттаҳида эътироф мекунад то кунун расидагиаш ба масъалаи ҷилавгирӣ аз золимӣ номуносиб будааст ва ҳоло нахустин қадамро барои ислоҳи ин мушкил мебардорад. “

Кохи Сафед мегӯяд, Шӯрои нав талош хоҳад кард, то шарикони дигари Иёлоти Муттаҳида ҳам дар ҷилавгирӣ аз нақзи густурдаи ҳуқуқи инсон ва зулму истибдод нақши муносиберо низ ифо кунанд.
XS
SM
MD
LG