Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Жанаозен. Домоди Назарбоев ҳам "қурбон" шуд


Як овеза бо акси Назарбоев дар шаҳри ошӯбзадаи Жанаозен
Як овеза бо акси Назарбоев дар шаҳри ошӯбзадаи Жанаозен

Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз минтақаи ошӯбҳои охир дидан ва чанд мансабдорро дар робита ба ин бӯҳрон аз мақомашон барканор кард.

Вай домодаш Темур Қулибоевро, ки раиси ширкати давлатии “Самрук-Казина” ва ягона молики “Казмунайгаз” – тавлидкунандаи миллии нафт, буд, аз вазифа озод намуд.

Дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Қазоқистон мегӯяд, Назарбоев ҳамчунин раҳбари “Казмунайгаз” ва бахши он дар Лондон ва ҳокими вилояти Мангиставро барканор кард. Дар ошӯби Жанаозен ба камияш 15 нафар кушта ва даҳҳо тан захмӣ шудаанд. Коргарони ширкати нафт аз моҳи май ба ин сӯ бо талаби музд ва шароити беҳтари кор тазоҳурот мекарданд ва эътирозҳои онҳо дар иди истиқлолият ба даргирӣ печид.

Ин сафари ҷаноби Назарбоев дар ҳолест, ки як навори видеоии тирандозӣ ба тазоҳуркунандагони дар ҳоли фирор дар Жанаозен мақомоти Қазоқистонро “такон” додааст.

Бӯҳроншиносону таҳлилгарон низ аз чунин наҳваи бархӯрд бо эътирозгарон ба шиддат интиқод кардаанд. Ин навор пас аз панҷ рӯзи тазоҳурот дар Жанаозен дар шабакаи Ютюб пахш гардид, ки фирори тазоҳуркунандагон дар пайи тирандозии пулис ба онҳоро нишон медиҳад.

Раҳматулло Абдуллоев, аз раҳбарони Маркази мутолеоти минтақа ва Афғонистон дар Душанбе, зимни маҳкум кардани чунин шеваи бархӯрд бо эътирозгарон гуфт, “мутаассифона, ин усул боқимонда аз даврони Шӯравист, ки агар ҳар кас эътироз мекард, ӯ душмани ҳукумат дониста мешуд ва аз ин усул ба таври васеъ истифода мекарданд. Ин роҳи ҳалли мушкилот нест. Чун ҳар қадар аз қувваи зиёди низомӣ ва силоҳ истифода шавад, ҳамон қадар барои ҳукуматҳо зарар дорад. То замоне беадолатӣ "решакан" нашавад, сар задани низоъ ҳамчунон боқӣ хоҳад монд.”

Ҷаноби Абдуллоев мегӯяд, маҳз бархӯрди хашини мақомоти қазоқ дар Жанаозен боиси он шуд, ки мардум дар манотиқи дигари Қазоқистон, аз ҷумла дар шаҳрҳои Алматӣ ва Оқтоу эътироз карданд.

Парвиз Муллоҷонов
Парвиз Муллоҷонов
Парвиз Муллоҷонов, коршиноси масоили сиёсӣ, чунин шеваи бархӯрди ҳукуматҳои Осиёи Марказиро натиҷаи воқеаҳои соли 2005-и Қирғизистон, замоне ки Аскар Акаев дар пайи эътирози мардум раёсати ҷумҳурии Қирғизистонро тарк ва ба Маскав фирор намуд, медонад. Ӯ мегӯяд, раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ин натиҷа расиданд, ки бояд ҳатман эътирозҳо пахш карда шаванд. Дар ҳоле ки ин коршиноси тоҷик мӯътақид аст, истифода аз зӯр ва тирандозӣ алайҳи эътирозу эътирозгарон нишонаи заъфи ҳукуматҳост.

“Агар ҳукумат зӯр, тирандозиро истифода кард, ин баёнгари он аст, ки ҳукумат роҳи беҳтар аз онро надорад ва воқеаҳои Қазоқистон инро собит мекунад. Як моделе сохтанд, ки аллакай хеле реша гирифтааст ва ба ҷойи он ки онро иваз кунанд ва ё ислоҳ созанд, аз зӯр ва бархӯрди хашин истифода мекунанд”,-мегӯяд Парвиз Муллоҷонов.

Ҳамин тавр, бештари бӯҳроншиносон аз он изҳори таассуф мекунанд, ки раҳбарони кишварҳои пасошӯравӣ, бахусус ҳукуматдорони Осиёи Марказӣ воқеиятҳои имрӯзро сарфи назар мекунанд ва аз шевае кор мегиранд, ки дар ниҳоят бар зарари худи ҳукумат поён меёбад. Онҳо аз ҳодисаҳои моҳи майи соли 2005 дар Андиҷон ёдоварӣ мекунанд, ки бештар аз 500 кушта ба ҷой гузошт ва ҳанӯз аз хотирҳо зудуда нашудааст. Ё даргириҳои як соли пеш дар ҷануби Қирғизистон на танҳо нооромиро дар кишвар ба вуҷуд овард, балки боиси низои қавмӣ миёни қирғизҳо ва узбакҳо ҳам шуд.

Жанаозен
Жанаозен
Парвиз Муллоҷонов, коршиноси тоҷик мегӯяд, “ягона роҳе, ки вуҷуд дорад дар арсаи сиёсат ин гуфтугӯи сиёсӣ бо тарафи мухолиф ва ё мардуми оддӣ аст. Албатта, агар гуфтугӯ накунӣ, онҳо бо ҳаракатҳои ифротгаро мепайванданд. Агар бо онҳо гуфтугӯ шавад, албатта, мешавад онҳоро аз ҳаракатҳо ва идеологияи ифротгаро ҷудо кард.”

Дар робита ба муколамаи сиёсӣ таҳлилгарон ба музокироти сулҳи миёни тоҷикон, яъне ҳукумат ва Иттиҳоди мухолифони пешини тоҷик дар 14 соли пеш ишора мекунанд ва онро намунае беҳтар аз истифодаи зӯр медонанд. Аммо пас аз соли 1997 ҳукумати Тоҷикистон бо мухолифону фармондеҳон ва гурӯҳҳои ифротгаро дар қаламрави худ мушкил дошт ва натавонист бо онҳо забон ёбад.

Ҳаводиси соли гузаштаи шарқи Тоҷикистон, манзур даргирӣ бо гурӯҳи Алии Бедакӣ ва Мулло Абдулло аз ин шаҳодат медиҳад. Ҳарчанд ин гуна иқдомот дар чорчуби мубориза алайҳи терроризм унвон мешавад.

Бо таваҷҷӯҳ ба вазъи пешомада дар Қазоқистон таҳлилгарон бар ин боваранд, ки дар сурати тағйир нахӯрдани шеваи бархӯрди ҳукуматдорони Осиёи Марказӣ дар нисбати хостаҳои эътирозгарону мухолифон, паёмади чунин муносибат метавонад фазои феълиро вахимтар ва мушкилоти фаровонеро барои ҳукуматдорон ба бор орад.
XS
SM
MD
LG