Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистону Русия. Табодули коло коҳиш ёфтааст


Яке аз гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистон
Яке аз гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистон

Вазорати рушди иқтисоди Русия гуфтааст, ҳаҷми табодули коло миёни ин кишвар ва Тоҷикистон дар соли 2011 нисбат ба соли қабл 8,6 дарсад кам шудааст.

Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, ҳаҷми содироти моли Тоҷикистон ба Русия 5 дарсад коҳиш ёфтааст. Рӯзномаи «Коммерсант» чопи Маскав ба нақл аз қавли Вазорати рушди иқтисоди Русия навиштааст, ки 90 дарсади моли содиротӣ аз Тоҷикистон ба Русияро маҳсулоти нассоҷӣ ва меваву сабзиҷотӣ тару хушк ташкил медиҳад.

Корхонаи «Текстил Сити»-и шаҳри Хуҷанд аз корхонаҳоест, ки ба Русия маҳсулоти нассоҷӣ содир мекунад. Каримҷон Насимов, директори ин корхона дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ далели аслии камтар содир шудани маҳсулоти нассоҷӣ ба Русияро қимат шудани нархи нахи пахта дар бозорҳои ҷаҳонӣ хонд: «Вақте, ки нархи нахи пахта баланд шуд, нархи маҳсулоти аз он омодашуда низ боло рафт ва харидор андеша мекунад, ки бихарад ё на. Маҳз ба ҳамин далел соли гузашта ҳаҷми фармоиши маҳсулоти мо аз сӯи Русия камтар шуд.»

Ба гуфтаи директори корхонаи нассоҷии "Текстил Сити", қариб ҳамаи корхонаҳои нассоҷии Тоҷикистон дар соли гузашта ба ҳамин мушкил рӯбарӯ буданд.

Аммо дар содироти меваи тару хушк ва сабзиҷот ба Русия мушкил дигар аст, ки ба гуфтаи мақомоти иттиҳодияи «Тоҷикматлубот» ба масъалаи мушкил эҷод кардани Узбакистон дар роҳи оҳан рабт дорад. Амриддини Назар, тоҷир аз водии Ҳисор гуфт, ки вай дар мавсим ба Русия мева аз ҷумла ангур содир мекард. Вале соли гузашта ба далели мушкил дар роҳи оҳан ба ин муваффақ нашуд.

Вай афзуд:«Бори мо ва дигар тоҷирон дар марзи Узбакистон дармонд. Мева пусид ва нобуд шуд. Бархе аз тоҷирон аз ин садҳо ҳазор сомонӣ нуқс диданд. Шояд ба ҳамин далел содирот низ кам шуд.»

Ба илова Иброҳим Гулов, муовини раиси иттиҳодияи «Тоҷикматлубот» далели кам содир шудани меваву сабзиҷот ба Русияро иддаоҳои идораи «Роспотребнадзор»-и ин кишвар хонд, ки гӯё меваи тару хушк аз Тоҷикистон аз лиҳози бастабандӣ ва меъёрҳои беҳдоштӣ ҷавобгӯ нест.

Ҷаноби Гулов гуфт, ки «Тоҷикматлубот» ҳар сол бо намояндаи тиҷоратии Русия масъалаи содиротро баррасӣ мекунад. Вале ширкатҳои Русия чандон алоқаманд нестанд ва дар аксар маворид тоҷирони тоҷикистонӣ ба мушкили дарёфти пул аз сӯи ширкатҳои русӣ рӯбарӯ мешаванд. Дар ҳоле, ки ҳеҷ як ширкати Русия бидуни пешпардохт ба мо мол намедиҳад.

Вай афзуд: «Як мушкил транзити коло дар роҳи оҳан бошад, мушкили дигар ин аст, ки дар Русия харидори аниқ надорем. Агар мо ба ихтиёри худ ба Русия мол содир кунем, ба мушкили зиёд рӯбарӯ мешавем ва баҳси ҳуқуқӣ бо ширкатҳои русӣ дар бораи пардохти пул тӯлонӣ буда, хароҷоти бештареро аз қимати мол сарф хоҳем кард.»

Иддаоҳои Русия дар мавзӯи бемории муҳоҷирони тоҷик ва ихроҷи онҳо аз сӯи Геннадий Онишенко, сарпизишки беҳдоштии Русия дар замоне матраҳ шуд, ки додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа халабонони як ширкати русиро дар убури ғайриқонунии марз ва қочоқ ба зиндон маҳкум кард. Ҳатто Геннадий Онишенко зираи тоҷикро, ки дар пухтани ғизо истифода мешавад, ба маводи мухаддир наздик дониста, воридоти он аз Тоҷикистонро манъ карда буд. Вале баъди озод шудани халабонони ширкати русӣ, ин иддаоҳо аз байн рафт. Вале вақт низ дар содирот аз даст рафта буд.

Ба эътиқоди коршиносон, далели кам шудани содироти коло аз Тоҷикистон ба Русия, сиёсати худи Русия аст, ки ҳаҷми воридотро кам кардааст. Вале вазорати рушди иқтисоди Русия гуфтааст, ки аз ин иқдом Русия зиён надидааст. Бо вуҷуди ин ҳама, ҳаҷми содироти коло аз Русия ба Тоҷикистон 7 дарсад афзоиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG