Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Игор Шувалов ба Тоҷикистон меояд


Игор Шувалов
Игор Шувалов
Игор Шувалов, муовини аввали нахуствазири Русия, моҳи феврал вориди Душанбе мешавад ва дар нишасти навбатии комиссиюни байниҳукуматии Тоҷкиистону Русия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ширкат мекунад.

Як манбаи дипломатӣ ба хабаргузории “Авесто” гуфтааст, ки дар ин нишаст мавзӯъи имзои ҳарчӣ зудтари созишҳои дар ҷараёни сафари раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон ҳосилшуда, аз ҷумла, созиш дар бораи бидуни боҷи гумрукӣ ба кишвар ворид шудани маводи сӯхти Русия ва имтиёзҳо барои муҳоҷирони корӣ дар Русия, баррасӣ хоҳад шуд.

Қарор аст, ки баъд аз анҷоми кори комиссиюни байниҳукуматӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Игор Шуваловро ба ҳузур пазирад.
XS
SM
MD
LG