Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷашни Наврӯз дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон


Донишҷӯён ва устодони Донишкадаи исломии Тоҷикистон Наврӯзро ҷашн гирифтанд, аммо бе мусиқӣ ва рақсу суруд. Иди бостонӣ дар ин ҷо бо тиловати оёте аз Қуръони Маҷид оғоз шуд.

Наврӯз дар таълимгоҳи динӣ бештар натиҷагирӣ ва ҷамъбасти солро мемонд. Ва устодону донишҷӯён ва кормандоне, ки дар давоми сол корҳои хубу назаррас кардаанд, дар ин рӯз соҳиби ифтихорнома ва тӯҳфаҳо гардиданд.

Холиддин Матинов, раиси созмони ҷавонони Донишкадаи исломии Тоҷикистон доир ба вижагиҳои Наврӯзи ин таълимгоҳ гуфт, «Донишкадаи исломии Тоҷикистон пас аз мақоми давлатиро гирифтан, чунин идҳои давлативу расмиро ҷашн мегирад. Ҷашне, ки дар Донишкадаи исломӣ баргузор мегардад, аз дигарон фарқ мекунад. Дар инҷо сурудхонӣ нест, рақсу бозӣ нест, боз дар баъзе ҷойҳо оташ меафрӯзанд, дар гирди он сурудхонӣ мекунанд, аз болои оташ мепаранд ин сӯву он сӯ. Дар донишкадаи мо ин чизҳо сурат намегирад ва бояд қайд намуд, ки Донишкадаи исломӣ хусусиятҳои худро дорад, ки мо бояд ин меъёрҳоро риоя намоед.»

Мусобиқаҳои варзишӣ аз қабили бандкашӣ, гурзбардорӣ, дастхобонак, гӯштин, аз ҷумлаи оинҳои наврузӣ буд, ки дар ин Донишкадаи исломӣ баргузор шуд. Ҷавонони донишкада сабқат ва духтарони сатрпӯш мухлисӣ менамуданд.

Аммо бо он ки устодону донишҷӯёни ин таълимгоҳ ба ҷашни Наврӯз омодагии ҳамаҷониба дида буданд, як муҳассили ин донишкада, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт аксарияти устодону толибилмони донишкадаи онҳо зидди таҷлили ҷашни Наврӯз ҳастанд. Зеро ба гуфтаи ӯ, Наврӯз оини Зардуштӣ аст ва Ислом онро қабул надорад. Ӯ гуфт, «бо сабабе ки донишкадаи моро маҳкам накунанд ва бо сабабе ки ректорамон гап нашунавад, бо ана ҳамин сабабҳо мо Наврӯзро ҷашн гирифтем.»

Аммо Маъруф Назаров, ноиби декани факултаи улуми исломии Донишкадаи исломии Тоҷикистон дар суҳбат бо РО гуфт, ислом ҷашни Наврӯзро рад накардааст, вале баъзе оинҳоеро, ки хилофи шариати Исломӣ аст, намепазирад.

Ӯ афзуд, «як ҳадиси паёмабар (дуруд бар ӯ) ҳаст, ки мегӯяд, ҳар урфу одатҳои мардумие, ки ба ислом зарар намеоварад, онро аз байн набаред, зеро ихлоси мардум кам мешавад. Наврӯз ҳам як ҷашни миллии мо аст, ки ягон зараре надорад. Фақат баъзе одатҳое, ки аз давраи зардуштиҳо омада буд, мисол оташ парастидан, болои оташ паридан, ин амалҳоро манъ мекунад. Наврӯз аслан оини зардуштӣ нест, то ба имрӯз исбот накарданд, ки он оини зардуштӣ аст.»

Бо ин ҳам мухолифони таҷлили иди Наврӯз дар Тоҷикистон, аз ҷумлаи мардуми мазҳабӣ кам нестанд. Аммо ба қавли Маъруф Назаров ин мухолифат аксар маврид андешаи афроде аст, ки ақидаҳои тундгароӣ доранд.

Ин соли дуввум буд, ки дар Донишкадаи исломӣ бо қарори ҳукумати Тоҷикистон Наврӯз ҷашн гирифта шуд. Дар гузашта чунин расм дар ин ҷо вуҷуд надошт.

Наврӯз дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:34 0:00
XS
SM
MD
LG