Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар интихоботи Восеъ ҳукумат майл ба Ҳизби аграрӣ дорад?


Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори тоҷик, аз ҷумлаи номзадҳо дар интихоботи миёндаврии Восеъ-39 ба шумор меравад.
Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори тоҷик, аз ҷумлаи номзадҳо дар интихоботи миёндаврии Восеъ-39 ба шумор меравад.

Таваҷҷӯҳи хос ба номзади Ҳизби аграрӣ дар ҳавзаи Восеъ-39 тахмину гумонҳоро сари масъалаи «банд» будани курсии парлумон барои номзади ин ҳизб бештар мекунад.

Дар ин ҳавза, ки ноҳияи Восеъ, Темурмалик ва Балҷувонро дар бар мегирад, чаҳор номзад миёни ҳам рақобат мекунанд, аммо Раҷаби Мирзо (Мараимов Раҷаб), як тан аз номзадҳо дар ин ҳавза мегӯяд, дар сатҳи ҳукуматҳои маҳал таваҷҷӯҳ ба як номзад эҳсос мешавад.

Раҷаби Мирзо мегӯяд, ба назар мерасад, ки бархе мансабдорон дар талоши ба истилоҳи маъмул «гузаронидани номзади худӣ» ҳастанд, аммо ӯ дар вохӯрии навбатиаш бо хитоб ба мардум гуфтааст, ба амри касе гӯш накунанд ва танҳо бандаи қонун бошанд: «Аз тамоми мардум даъват кардам, ки дар робита ба ҳамин амри касеро иҷро накунанд, ба ҷуз амри виҷдон, қонун ва имон. Ин амр танҳо хостаи гурӯҳи манфиатдор аст. Ба мардум бояд имконият дода шавад, ки худ интихоб кунанд, на ин ки интихоби касеро бо роҳи ғайриқонунӣ болои онҳо таҳмил кард.»

Ҳарфҳои ин номзад дар ҳоле садо медиҳанд, ки Зайниддин Сафаров, номзади ҳизби аграриро дар рӯзҳои кории Маҷлиси намояндагон, Амир Қароқулов, раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон ва ҳамзамон вакили парлумони кишвар бо мошини хизматӣ ҳамроҳӣ мекунад. Ҳамроҳии ин вакили парлумон ҳам дар ҳолест, ки ахиран овозае паҳн шуд, ки Ғайбулло Афзалов, раиси вилоят ҳангоми сафари кории худ дар рӯзи 15-уми апрел ба Балҷувон, бо номзади ин ҳизб сӯҳбати алоҳида доштааст.

Аммо масъулини дастгоҳи раиси вилоят мегӯянд, дар ноҳияи Балҷувон сохтмони 25 иншоот дар нақша гирифта шудааст ва сафари Ғайбулло Авзалов, раиси вилоят ба интихобот ҳеҷ рабт надошт ва танҳо раиси вилоят бо рафти корҳои сохтмонӣ шинос шудааст.

Зайниддин Сафаров, номзади Ҳизби аграрӣ аз ҳавзаи Восеъ-39 дар як тамоси телефонӣ гуфт, бо раиси вилоят ҳеҷ сӯҳбате надоштааст ва танҳо ин як овозаи бардурӯғ аст. Аммо гуфт, ҳамроҳии Амир Қароқулов ҳамчун раиси ҳизб бо ӯ қонунӣ ва мантиқист. Ӯ гуфт, ҳоло вохӯриҳои гурӯҳии номзадҳо анҷом шудааст ва ӯ ба танҳоӣ бо интихобкунандагон дар ноҳияи Балҷувон вохӯрию сӯҳбат дорад.

Зайниддин Сафаров инчунин гуфт, дар доираи қонун намояндагони ҳукумат бо ӯву ҳамроҳонаш муносибати яксон доранд ва ӯ ҳеҷ таваҷҷӯҳи хосро дар нисбат ба худ эҳсос намекунад: «Рости гап, дар қонуни интихобот омадааст, ки ҳукуматҳои маҳал барои таъмини ҷои вохӯрӣ мусоидат мекунанд. Ҳақиқатан, ин чиз хуб ба роҳ монда шудааст. Худашон мудохила намекунанд, лекин шароитро муҳайё мекунанд. Дар Восеъ, Темурмалик ва Балҷувон толорҳои хуб ҷудо мекунанд ва қабулу муносибатҳо хубанд.»

Ду номзади дигар Ҷӯрабек Қурбонов ва Ибодулло Неъматов, ки аъзоёни Ҳизби халқӣ-демократӣ ҳастанд, мегӯянд, дар самти ташвиқу тарғиб ҳеҷ мушкиле надоранд.

Дар интихоботи парлумонии соли 2010 аз ҳавзаи Восеъ-39 Рустам Латипов, номзади ҳизби аграрӣ пирӯз шуда, сафи вакилони парлумон аз ин ҳизбро ба ду нафар расонида буд. Ҳоло Рустам Латипов иҷрокунандаи раиси ноҳияи Восеъ таъин шудааст ва маҳз ба хотири ишғоли курсии холишудаи ӯ дар парлумон чор номзад бо ҳам рақобат доранд.

Бо дарназардошти ин, ки Ҳизби аграрӣ дар парлумон акнун як намоянда дорад, бархе коршиносон мегӯянд, ин Ҳизб бо истифода аз нуфузи хеш миёни доираҳои мансабдори маҳаллӣ талоши “гузаронидан”-и номзади худро дорад. Ҳарфе, ки мансабдорон ва намояндагони ин ҳизб рад мекунанд, вале ин ҳама гуфтугузорҳо то 5-уми май, яъне анҷоми интихоботи миёндаврӣ дар ҳавзаи Восеъ-39 танҳо гумону тахмин боқӣ мемонанд.
XS
SM
MD
LG