Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хуни шумо ҷонеро наҷот медиҳад"


Сокинони Суғд барои хун супоридан назар ба солҳои қаблӣ майли бештар нишон медиҳанд.

Бино ба иттилои намояндагии муассисаи илмии ҷумҳуриявии “Хун” дар шаҳри Хуҷанд, дар 11 моҳи соли равон наздики 5 ҳазор нафар ва 300 кас бештар аз ҳамин давраи соли гузашта хун супурдаанд. Анзурат Раҷабова, муовини мудири ин муассиса дар сwҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин нафарон ихтиёран барои хун додан ҳозир шуданд ва ин хушҳолкунанда аст. Вай афзуд: “Одамон худашон назди мо барои хунсупорӣ мебиёянд ва мегӯянд, ки бигзор, хуни онҳо барои сиҳат шудани касе истифода шавад. Сол то сол шумораи хундиҳандагон зиёд мешавад. Ин нишонаи он, ки фаҳмиши одамон аз фоидаи хун супоридан барои саломатӣ ва маърифати тиббии онҳо бештар мегардад.”

Майли бештар ба супурдани хун дар Суғд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:31 0:00
Линки мустақим

Хонум Раҷабова афзуд, муассисаи “Хун” беш аз 200 нафар донори доимӣ дорад, ки онҳо дорои хунҳои гурӯҳашон камёб аст. Ба онҳо каме маблағ барои хариди ғизо ва барқарор доштани сиҳатӣ баъд аз хунсупорӣ, дода мешавад: “Барои худи хун мо маблағ намедиҳем. Чунки хун як чизи бебаҳо аст, онро бо пул харидаву фурӯхта намешавад. Мо сокинонро доимо даъват мекунем, ки аз рӯйи эҳсоси инсондӯстӣ ва ватанпарастӣ барои бо хуни худ наҷот додани ҳаёти инсоне ёрии беғараз расонанд.”

Ба гуфтаи хонум Раҷабова, намояндагии муассисаи “Хун” дар Хуҷанд миқдори минималии хуни донории барои бемористонҳои минтақа заруриро дар дастрас дорад. Ва дар ҳолатҳои изтирорӣ норасоии хуни донорӣ вуҷуд дорад. Шавкат Абдуғафуров, як сокини 45 солаи шаҳраки Ғафуров аст, ки мегӯяд, шунидани маслиҳати табибон аз телевизиони маҳаллӣ вайро водор кард ба маркази хундиҳӣ рафта барои бори аввал 200 миллиграмм хун супорад. Вай меафзояд: “Баъди хундиҳӣ ман саломатии худамро нағзтар ҳис мекунам. Пештар фишори хунам баландтар мешуд, сарам каме чарх мезад, ҳозир муътадил, гӯё сабуктар шудам.”

Мусоҳибам афзуд, тасмим гирифтааст соле 3 - 4 бор хун супорад, аммо ба ҳамон табибе, ки бори аввал аз вай хун гирифт. Шавкат мегӯяд, чунки эҳтимоли аз сӯзани нопок ба беморие мубтало шудан вайро каме бим медиҳад, аз ин рӯ мехоҳад, табиби шинохтааш аз вай хун гирад. Зимнан, бино ба иттилои манобеъи расмӣ, мавридҳои аз истифодаи сӯзани нопок ба беморӣ гирифтор шудани одамон дар вилояти Суғд расман ба қайд гирифта нашудааст.

Табибони намояндагии муассисаи давлатии “Хун” дар Хуҷанд мегӯянд, қаблан одамонро умдатан бо сӯзанҳои истифодаашон бисёркарата хун гирифтан тарс медод. Онҳо ба ҷӯшонида тамиз кардани сӯзан шубҳа мекарданд. Аммо ҳамакнун корбарӣ аз сӯзанҳои истифодаашон якдафъа барои хунгирӣ ин бимро аз дили онорҳо берун карда, сафи донорҳоро афзунтар мекунад.
XS
SM
MD
LG