Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Орзуҳои солинавии паҳлавони тоҷик (ВИДЕО)


Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, паҳлавони маъруфи тоҷик, ба рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини соли 2014 дохил шудааст.

Анҷумани хабарнигорони риштаи варзиши Тоҷикистон Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, паҳлавони маъруфи тоҷикро бар асоси назархоҳии шореҳони варзиш ба рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини кишвар дар соли 2014 дохил кардааст.

Муҳаммадмурод Абдураҳмонов зимни суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “соли 2014 барои ман ҳамчун варзишгар соли бобарор гардид. Ман дар мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон, ки моҳи октябри соли равон дар шаҳри Душанбе барпо гардид, ғолиб шудам. Баъдан дар Бозиҳои IV соҳилии Осиё, ки моҳи ноябр дар шаҳри Фукети Тайланд доир шуд, дар сабқати гуштии кураш дар вазни беш аз 90 кило ҷойи аввалро гирифтам ва бо медали тилло сарфароз гаштам.”

Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар бораи нақшаҳои худ дар Соли нави 2015 чунин гуфт:

- Соли 2015 мо барои ба даст овардани имтиёзҳои олимпӣ ва роҳхат ба Олимпиадаи Рио-2016 талош хоҳем кард. Мо дар тамринҳои дастаҷамъӣ, ки дар Аврупо барпо мегардад, ширкат мекунем. Инчунин дар Гран-при ва давраҳои Ҷоми ҷаҳонии дзюдо ширкат меварзем. Баъдан дар чемпионати Осиё оид ба дзюдо, ки дар Кувайт баргузор мешавад, иштирок мекунем. Албатта мекӯшам, ки дар ин мусобиқот медал ба даст оварда, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Бразилия шавам. Сӯҳбати мо, ки дар арафаи Соли нав баргузор шудааст, мехоҳам шунавандагонро бо фарорасии Соли нави мелодии 2015 муборакбод намоям. Бигузор ҳамеша тансиҳату сарбаланд бошанд. Барояшон сулҳу осоиш ва хушбахтӣ орзу менамоям.

Гуфтугӯ бо Муҳаммадмурод Абдураҳмонов
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:55 0:00

XS
SM
MD
LG