Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пире 250-сола. Мақомот дарахтони кӯҳансолро номнавис карданд


Кӯҳансолтарин дарахтҳо дар вилояти Хатлон, ки аз 100 сол бештар умр доштаанд, ҳамчун мероси табиӣ таҳти ҳифозати вижаи ҷангалбонҳо қарор мегиранд.

Идораи ҷангали вилояти Хатлон мегӯяд, ки дарахтони кӯҳансол таърихи зиндаи кишвар буда, бояд дастнохӯрда боқӣ бимонанд ва ба наслҳои дигар бирасанд. Мираҳмад Давлатов, як масъули Идораи ҷангали Хатлон, ба Озодӣ гуфт, ҳоло онҳо сад дарахти аз садсола болоро дар ноҳияи Ховалингу Балҷувон шумурдаанд, ки ба қавли ӯ то 250 сол умр доштаанд.

"Барои шумурдани ҳамаи дарахтони ҷангалзорҳои вилоят камаш як сол даркор мешавад. Ҳоло сад дарахти кӯҳансолро номнавис кардем, то таҳти муҳофизат бошанд," -- гуфт Мираҳмат Давлатов.

Идораи ҷангали вилояти Хатлон дар пояи дарахтони кӯҳнсол таблоеро бо санаи шинондани ин дарахтон насб мекунад.

"Дар вилояти Хатлон дар зимистони соли 2014 ва 2015 сокинон беш аз 100 дарахту буттаҳо бурида ба сифати ҳезум истифода кардаанд ва барои онҳо аслан муҳим набуд, ки дарахтҳо чанд сол умр доштанд," -- мегӯяд ин масъули хоҷагии ҷангал.

Гуфта мешавад, ки дарахтони кӯҳансолтарин бештар дар навоҳие пойбарҷо мондаанд, ки тобистонаш салқин аст. Олим Асоев, як корманди хоҷагии ҳифзи ҷангали ноҳияи Балҷувон, ки ҳангоми шумурдани ҷангалҳо дар ин ноҳия иштирок кардааст, мегӯяд, мушаххас кардани синни дарахт кори осон нест ва на ҳар ҷангалбон метавонад ин амалро анҷом диҳад.

Ҷаноби Асоев афзуд, синни дархатҳоеро, ки ҳоло реша дар хок доранд, аз теъдоди буғумҳо, доираҳои қабати пӯсти онҳо ва чуқурии решаҳояшон метавон мушаххас кард.

Ҷангалбонҳо мегӯянд, дар баъзе деҳкадаҳои кӯҳистон дарахтҳое вуҷуд доранд, ки бо гузашти даҳсолаҳо решаҳояшон ба дуриҳо рафта дар дохилашон халоҳои бузург эҷод шудааст. Ин гуна холигоҳҳо маъмулан ҷойи бозии кӯдакон аст. Дар кӯҳистон беҳтар медонанд, ки наздик ба дархатҳои бузурги соядиҳанда хона бунёд кунанд.

Давлат Файзалиеви 75-сола мегӯяд, кӯдак буд, ки модараш ӯро аз ноҳияи Восеъ ба ба деҳаи Шаҳидони ноҳияи Сари Хосор бурд. Хонаи онҳо чанори бузурге дошт, ки сояи он тамоми ҳавлиро мепӯшонд. Ӯ мегӯяд, дарахти чанор ҳамон вақт ҷавон набуд. Ҳоло Файзалиев 75 сол дорад, вале чинор ҳанӯз ҳам пойбарҷост. Ӯ намедонад, ки ин дарахт чанд сол дорад, аммо аз падараш шунидааст, ки ин дарахт хеле қадима аст.

"Касе агар дар деҳа хонаи моро пурсанд, ҳамдеҳагонамон мегӯянд, ки таги ҳамон чанори калон равед. Ин чанорро аз соле, ки худамро ёд дорам, ҳамин қадар бузург мебинам, вале намедонам, ки мушаххасан чанд сол дорад. Мардум дар бораи ин чанор зиёд мепурсанд," -- мегӯяд Давлат Файзалиев.

Чанорҳои бузурги мисли чанори Давлат Файзалиевро дар деҳоти дигар ҳам метавон дид. Ин дарахтон то андозае солманд мешаванд, ки мардуми ин минтақа дар атрофи онҳо ривоят месозанд ва онҳоро “вижа” мешуморанд.

Дар вилояти Хатлон 511 ҷангалзори хурду бузург вуҷуд дорад, ки теъдоди дарахтони кӯҳансол дар байни онҳо кам нестанд. Аммо дар даҳсолаҳои ахир бинобар камбуди нерӯи барқ ва набуди газ бошандагони кишвар ба дарахтзорҳо осеби ҷиддӣ расонданд.

XS
SM
MD
LG