Дар чанд ҷумла
Як тоҷик барои "шӯхӣ" боздошт шуд
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия қазияи шаҳрванди 20-солаи кишвар А. Хочақуловро, ки ахиран аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Москва боздошт шудааст, пайгирӣ дорад ва умедвор аст, ки ин корро муҳоҷирони дигар такрор накунанд.
Бино ба хабари сафорат, ин сокини ноҳияи Ҷиликул ҳангоми ворид шудан ба бинои фурудгоҳи Внуковои Маскав, ки барои гусели яке аз ҳамроҳонаш ба Тоҷикистон омадааст, ҳангоми гузаштан аз дастгоҳи назоратӣ дар ҷавоб ба суоли ҷавонзандухтарон- кормандони назоратии фурудгоҳ, ки "Дар ҷайбатон чӣ доред?", шӯхимомез гуфтааст, ки "Бомба дорам". Баъд аз ин суханон масъулини фурудгоҳ бар асосимуқаррарот дар ҷояш ин ҷавонро дастгир намудаанд.
Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, бар асоси моддаи 207 кисми 1 Кодекси ҷиноии Русия ҳоло парвандабоз шудааст ва номбурдаро дар боздоштгоҳ нигоҳ медоранд.
Тафтишот идома дорад. Бар асоси қонуни Русия шӯхӣ ва хабари бардурӯғ, ки амнияти ҷамъиятиро зери хатар мебарад, ҷавобгарӣ ё масъулияти ҷиноӣ дорад.
Сафорати Тоҷикистон аз шаҳрвандони худ дар Русия хостааст, ки аз ҳар гуна шӯхиҳои ноҷо худдорӣ кунанд ва ин ҳодиса барояшон дарси ибрат шавад.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Муроҷиати гурӯҳи фаъолони сиёсии тоҷик ба вазири Олмон дар бораи кори сафир
Гурӯҳе аз фаъолони сиёсӣ ва мухолифони ҳукумат дар як муроҷиатномаи боз Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Берлинро ба он муттаҳам кардаанд, ки ба фаъолиятҳои “берун аз ваколату ӯҳдадориҳои дипломатӣ” даст мезанад. Иддаое, ки ба гуфтаи як намояндаи сафорат “бедалел ва хандаовар аст. ”
Дар ин муроҷиатномаи боз ба номи вазири умури хориҷии Олмон, ки рӯзи 28-уми январ дар Фейсбук нашр шудааст, 13 нафар, аз ҷумла Муҳаммадиқболи Садриддин, яке аз мунтақидони тундлаҳни ҳукумати Тоҷикистон, Шарофиддин Гадоев раҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, Абдусаттор Бобоев, фаъоли сиёсӣ ва Меҳмоншо Шарифзода, аз ҷомеашиносони муқими хориҷ имзо гузоштаанд.
Дар муроҷиатнома иддао шудааст, ки яке аз вазифаҳои сафир “ҷамъоварии маълумот дар бораи шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла мухолифони сиёсӣ ва фаъолони озодихоҳ аст”, ки аксарият дар Олмону дигар кишварҳои Аврупо ба мисли Лаҳистон зиндагӣ мекунанд. Ба гуфтаи муаллифони муроҷиатнома, ингуна фаъолият метавонанд ба амнияти паноҳандагону шаҳрвандони Тоҷикистон дар Олмон таҳдид эҷод кунад.“
Дар ин нома далели мушаххасе роҷеъ ба фаъолиятҳои ғайридипломатии сафорати Тоҷикистон оварда нашудааст, вале Дилшод Шарипов, яке аз муаллифони муроҷиатнома гуфт, ки ингуна далелҳоро дар даст доранд.
Дар вокуниш ба ин муроҷиатнома намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Берлин иддаоҳои муаллифони муроҷиатномаро беасос номид ва гуфт: “Мо на вазорати корҳои дохилӣ ҳастем, на амният ҳастем, на дигар, мо дипломат ҳастем, коргарони вазорати корҳои хориҷӣ.”
Мусоҳиби Радиои Озодӣ гуфт, ки вазифаи дипломатҳои сафорат, кор бо ҳамватанон аст, ҳимояти ҳуқуқи ҳамватанон аст, ин вазифаи мо аст. Ӯ афзуд: “Мо бо ҳамватанон робитаи хуб дорем, ин чӣ бадӣ дорад.”
Омодагии футболбозони навраси тоҷик ба Ҷоми Осиё дар Ҳиндустон
Дастаи мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон, ки зери раҳбарии Далер Каёсов ба шаҳри Гоаи Ҳиндустон сафар кард, дар онҷо ҷиҳати омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 машқҳои дастаҷамъӣ мегузаронад.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар доираи ин ҷамъомад наврасони тоҷик бо ҳамтоёни ҳиндуи худ ду рақобати санҷишӣ анҷом медиҳанд. Ин бозиҳо 29-уми январ ва 1-уми феврал ба нақша гирифта шудаанд.
Рақибони мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 рӯзи 12-уми феврал бар асоси қуръакашии расмии мусобиқа муайян мешаванд.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар доираи омодагиҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 рӯзҳои 13-ум ва 16-уми январи имсол дар шаҳри Дубай ду бозии санҷишӣ анҷом дод.
Наврасони тоҷик нахуст бозии санҷиширо бо ҳамсолонашон аз Арабистони Саудӣ баргузор карданд. Вақти асосии дидор бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Голи мунтахаби Тоҷикистонро нимҳимоятгар Меҳрубон Одилзода зад. Ғолиби рақобат дар силсилаи пеналти муайян шуда, наврасони тоҷик бо ҳисоби 10:9 пирӯз гаштанд.
Футболбозони навраси тоҷик бозии дуюми санҷиширо дар Дубай бо дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ доир намуда, бо ҳисоби 1:0 ғалаба карданд. Голи ягонаро нимҳимоятгар Муҳаммадҷон Мираҳмадов ба самар расонд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) 23 футболбоз (2 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар) дохиланд, ки 18 нафар аз бошгоҳҳои футболи кишвар, 4 кас аз дастаҳои Русия ва як нафар аз ҳайати наврасони бошгоҳи “Ал-Наср”-и Имороти Муттаҳидаи Арабӣ мебошанд.
Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар бозиҳои санҷишӣ:
Дарвозабонҳо: Абубакр Раҳмонқулов, Алиҷони Баҳодурзода (ҳарду аз «Душанбе»);
Ҳимоятгарон: Исломҷон Ҳоҷиев (Академияи «Криля Советов», Русия), Мактум Алидодов («Ал-Наср», Имороти Муттаҳидаи Арабӣ), Мустафо Ҳасанбеков («Истиқлол», Душанбе), Шуҳрат Нурматов, Ҳикматулло Кабиров, Муҳаммадҷон Кароматуллозода (ҳарсе аз Академияи ФФТ), Ёқубҷон Муродов, Озодбек Танҷихолов (ҳарду аз «Душанбе»);
Нимҳимоятгарон: Назарбек Маҳатов, Мансурбек Раимбердиев (ҳарду аз СШОР №1 Белгород, Русия), Меҳрубон Одилзода, Парвиз Бобоназаров (ҳарду аз «Истиқлол»), Муҳаммадҷон Мираҳмадов («Барқчӣ», Ҳисор), Олимҷон Олимов (КМВА, Душанбе), Бахтовар Арабов («Душанбе»), Азизҷон Шодиев, Муҳаммадҷон Қудратов (ҳарду аз Академияи ФФТ), Усмон Ширинов (МҶМОВ, Душанбе);
Ҳамлагарон: Парвиз Сангинов (Академияи «Космос», Маскави Русия), Асадбек Махтумов («Эсхата», Хуҷанд), Аминҷон Асоев («Душанбе»).
Сармураббӣ – Далер Каёсов.
Як метри мураббаъ 877 доллар? Нархи хона дар Душанбе боло рафт
Нархи манзил дар Душанбе қариб 3 дар сад боло рафта, дар Хуҷанду Кӯлоб ва Бохтар баръакс поин рафтааст.
Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон мегӯяд, нархи як метри мураббаъ хона дар шаҳри Душанбе ба ҳисоби миёна 8207 сомонӣ (877 доллар) аст.
Низом Мирзозода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ 29-уми январ дар нишасти хабарӣ тасдиқ кард, ки 8207 сомонӣ нархи миёна аст ва дар баъзе қисматҳои пойтахт манзил метавонад гаронтар бошад.
Раиси Кумитаи сохтмон мегӯяд, соли гузашта нархи манзил дар пойтахт ба ҳисоби миёна 2,8 дарсад боло рафтааст. “Дар Хуҷанд 2,9 дарсад, Кӯлоб 8,5 дарсад ва Бохтар 12 дарсад паст шудааст”.
Тибқи омори Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, соли 2025 нархи ҳар метри мураббаъ хона дар Душанбе ба ҳисоби миёна 200-250 доллар зиёдтар шудааст.
Ба иттилои ин ниҳод арзиши ҳар метри мураббаъ хона дар шаҳри Хуҷанд 5350 сомонӣ (572 доллар) аст.
Дар ҳоле, ки шикоятҳо аз гаронии манзил дар кишвар, бахусус пойтахт зиёд садо медиҳад, Раиси Кумитаи сохтмон аз он тавсиф кард, ки дар миёни кишварҳои собиқ Шӯравӣ нархи хона дар Тоҷикистон аз ҳама арзон аст. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар миёни кишварҳои собиқ Шӯравӣ маошу нафақаи аз ҳама кам мегиранд.
Баъзе аз сокинон шикоят мекунанд, ки нархи манзил дар Тоҷикистон, хусусан дар пойтахти кишвар, гарон буда, қобилияти хариди онро надоранд.
Бонкҳо барои гирифтани хона ба мардум қарзи дарозмуддат ё ипотека пешниҳод мекунанд, вале бо шарту баҳрае, ки соҳиби хона шудан барои иддае фақат орзу мемонад.
Сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғдро боздошт кардaанд
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Фаррух Мақсудзода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғдро боздошт кардаанд. Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ рӯзи 28-уми декабр дастгир шудани Мақсудзодаро тасдиқ кард, аммо дақиқ нагуфт, ки аз сӯйи кадом ниҳод боздошт шудааст.
Ба иттилои вазир ҳабси сардори Раёсат ба фаъолияти кории ӯ рабт надорад. “Мақсудзода баъзе фаъолияти соҳибкорӣ дорад, шояд ба ин рабт дошта бошад” афзуд, Ҷамолиддин Абдуллозода.
Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси мансабдор ва хидматчии давлатӣ ҳақ надорад ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул бошад.
Фаррух Мақсудзода тобистони соли 2025 ба вазифаи Сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд таъин шуда буд. Вай як давраи гузашта ҳам дар ин симмат кор кард ва дар байн Сардухтури беморхонаи вилоятӣ гардид.
Дар ҳоле, ки дақиқан санаи боздошт ва ҷурми ӯ маълум нест, бархе аз ҳамкоронаш дар суҳбатҳои ҳузурӣ бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Мақсудзода беш аз як моҳ боз дар ҷои кораш нест. Сабаби набуданашро ба эҳтимолияти “бемориаш” рабт медоданд. Пайвандонаш ҳам гуфтанд, ӯ феълан пайи “табобат” аст. Аммо нагуфтанд, ки ӯ чӣ беморӣ дораду дар куҷо қарор дорад. Телефонҳои дастиаш ҳам аз нимаи моҳи декабр ба ин сӯ фаъол нестанд.
Манбаъҳои дигари Радиои Озодӣ мегӯянд, ки Мақсудзодаро мақомоти амниятии вилояти Суғд боздошт карда ва иттиҳоми алайҳи ӯро бо ҷурми “тамаъҷӯӣ” тафтиш доранд. То ин дам тасдиқи расмии ин маълумот дастрас нашуд.
Тамаъҷӯи ва гирифтани ришва дар ниҳоди тандурустии Тоҷикистон аз мушкили аслии соҳа ба ҳисоб рафта, сокинону корафтодагон ҳам зиёд оиди ин масъала шикоят доранд. Мақомоти Оҷонсии зидди фасод дар ҳисоботи соли гузаштааш гуфта буд, ки соҳаи тандурустӣ ва маориф аз фасодзадатаринҳои Тоҷикистон дониста мешавад.
Шумори кӯдакони муҳоҷир дар Русия 25% кам шудааст
Шумори кӯдакони муҳоҷир дар як соли ахир дар Русия 25 дарсад кам шудааст. Дар ин бора Ирина Волк, сухангӯйи Вазорати корҳои дохилии Русия хабар додааст.
Бо тағйири сиёсати муҳоҷират дар Русия тартиби қабули кӯдакони муҳоҷир ҳам ба мактабҳо душвортар шуд. Ҳоло онҳо бе супурдани имтиҳони забони русӣ ҳаққи таҳсил надоранд.
Ҳамчунин худи муҳоҷирон ҳам бояд қонунӣ будани будубоши худро дар ин кишвар исбот кунанд. Ин маҳдудиятҳо сабаб шуда, ки сентябри соли гузашта беш аз 87 дар сади фарзандони муҳоҷиро дар Русия аз мактаб берун монданд.
Дар зимн сар аз дирӯз 28 - уми январ дар Русия қонуне мавриди иҷро қарор гирифт, ки бар асоси он мактабҳои ин кишвар тамоми маълумот дар бораи қабул ва ё ихроҷи кӯдакони муҳоҷирон ва ҳам натиҷаҳои имтиҳон аз забони русиро ба Вазорати корҳои дохилӣ месупоранд.
Ҳадаф аз ин назорати ҳузури қонунии кӯдакону волидони муҳоҷирашон дар Русия ва риояи қонунҳо дар бораи муҳоҷират гуфта шудааст.
Ҳазорон довталаби кор дар идораҳои давлатӣ аз имтиҳон "нагузаштаанд"
Беш аз 2000 довталаби мансабҳои гуногун дар Тоҷикистон бо сабаби ба талабот ҷавобгӯ набудан ва ширкат накардан дар санҷиш ва диктант аз озмун нагузаштанд.
Мақомоти Оҷонсии хидмати Давлатӣ мегӯянд, дар соли 2025 барои соҳиб шудан ба мансабҳои холӣ беш аз 6 ҳазор хидматчии давлатӣ ҳуҷҷат супурданд ва аз ин теъдод 4102 нафар ба вазифаҳои гуногун интихоб ва ё таъйин шудаанд.
Нисфе аз ин мансабдорон ҷавонони то 35-сола будаанд. Раҳбарони ин ниҳод ҷузъиёти талабот ба мансабҳои холиро шарҳ надодаанд, танҳо таъкид намудаанд, ки озмунҳо дар доираи қонун шаффоф гузаштааст. Вале ба пурсиши хабарнигорон, ки чаро чунин озмунҳо тариқи расонаву шабакаҳои иҷтимоӣ нишон дода намешавад, посухи дақиқ дода нашуд ва ишора ба он шуд, ки ба ин зарурат нест.
Дар Тоҷикистон беш аз 18 ҳазор хидматчии давлатӣ фаъолият доранд, шаффофияти озмуни қабули онҳо аз мавзӯҳоест, ки борҳо мавриди интиқоди ҷомеа қарор гирифтааст.
Ширкати чинӣ дар Тоҷикистон нафту газ меҷӯяд
Яке аз бузургтарин ширкатҳои Чин ба ҷустуҷӯи нафту газ дар Тоҷикистон оғоз кардааст. Намояндагони Саридораи геологияи Тоҷикистон 27-уми январ дар нишасти хабарӣ гуфтанд, Ширкати миллии нафту гази Чин - CNPC дар ҷанубу ғарби кишвар нафту газ ҷустуҷӯ мекунад.
Қаблан талошҳои чанд ширкат, аз ҷумла “Газпромнефт” дар ин минтақа тақрибан бенатиҷа буд.
Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, сардори идораи геология 27-уми январ дар нишасти хабарӣ гуфт, алҳол сухан аз ҷустуҷӯ ва омӯзиши захираҳост.
“Ҳозир дар масъалаи истихроҷ гап нест. Масъалаи асосӣ парма кардани пармачоҳҳо мебошад. Мо кӯшиш мекунем, ки охири имсол ё аввали соли оянда ин кор анҷом шавад. Ин лоиҳаи муҳим аст ва мо онро таҳти назорати ҷиддӣ қарор додагӣ ҳастем”, - афзуд Сардори идораи геология.
Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, ба ширкати CNPC парвонаи кор то соли 2033 дода шудааст. Бар асоси ин санад, ин ширкати чинӣ ҳақ дорад дар 57 майдон дар ҷанубу ғарби Тоҷикистон нафту газ ҷустуҷӯ кунад. Ширкати CNPC соли 2011 вориди Тоҷикистон шуда буд ва бо ширкати “Кӯлоб Петролиум Лимитед” баҳси додгоҳӣ ҳам дошт. Dong Ying heli Investment– як зерширкати зертоеби CNPC 90 дарсади саҳмияҳои корхонаи коркарди нафти Данғараро дар ихтиёр дорад. Ин корхона тақрибан шаш сол пеш сохта шуда, вале то ҳол ба коркарди нафт сар накардааст.
Талошҳо барои пайдо ва истихроҷи нафту гази Тоҷикистон то ин дам натиҷаи дилхоҳ надодааст. Дар гузашта ширкатҳои “Газпромнефт”, Total ва Тетрис Петролиум талош карданд дар Тоҷикистон нафту газ истихроҷ кунанд, аммо баъдан аз кишвар рафтанд.
Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, сардори идораи геология 27-уми январ дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, "корҳо аз ҷониби ширкати «Газпром» ба таъхир гузошта шудааст. Мо ҳам мехостем соли 2023 бозбинӣ кунем лекин дар ин самт навгонӣ нест".
Бино бар омори иктишофии Саридораи геология, дар Тоҷикистон беш аз 2 миллион тонна захираи нафт ва 3,4 миллиард метри мукааб газ муайян шудааст. Баъзе коршиносон як сабаби муваффақ набудани истихроҷи нафтро дар Тоҷикистон дар чуқур будани нафт медонанд.
Каюмарси Маҳмадкарим, геологи тоҷик мегӯяд, мушкили асосӣ дар он аст, ки қабати нефту газ дар Тоҷикистон дар чуқурии 6-7 ҳазор метр ҷойгир шудааст. “Барои он қабатро парма карда гузаштан мо мушкили калон дорем, қабати намаку гаҷсангӣ аст. Вай бисёр қабати мулоим аст ва барои ҳаффорӣ ва расидан ба қабати нафту газдор халал мерасонад.»
Ба гуфтаи ин мутахассиси тоҷик, таҷрибаи ахири ширкатҳои амрикоӣ дар Халиҷи Мексика нишон дод, ки мешавад аз қабати намаку гаҷсангӣ гузашт ва ба нафт расид.
Тоҷикистон барои таъмини эҳтиёҷоти дохилиаш бо маводи сӯхт аз хориҷ миллионҳо тонна сӯзишворӣ ворид мекунад. Бензин ва сӯзишвории дизелӣ аз Русия ва гази моеъ аз Қазоқистон харидорӣ мешавад. Зоҳиран ба ин далел нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон дар қиёс ба кишварҳои ҳамсоя гаронтар аст.
Аз хориҷ ба Тоҷикистон дар соли гузашта беш аз 1600 тобут овардаанд
Мақомоти расмӣ мегӯянд, соли 2025 танҳо аз тариқи ду фурудгоҳи кишвар ба Тоҷикистон 1623 ҷасад овардаанд. Намояндагони Оҷонии ҳавонавардӣ рӯзи 28-уми январ зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфтанд, соли гузашта аз Фурудгоҳи Душанбе 1585 ҷасад овардаанд, ки назар ба як соли пеш 430 адад бештар аст. Ба Фурудгоҳи Кӯлоб 38 тобут овардаанд, ки дар муқоиса ба як сол пеш 24 адад камтар мебошад.
Дар Тоҷикистон чаҳор фурудгоҳи байнулмилалӣ аст ва маълум нест, ки аз тариқи фурудгоҳҳои Хуҷанд ва Бохтар чанд ҷасад оварда шудааст. Намояндагони Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон бо вуҷуди пурсишҳои батакрор омори интиқоли ҷасадҳо дар кулли кишварро нагуфтанд.
Интиқоли пайкари тоҷикистониҳо дар ҳоле зиёд мешавад, ки соли гузашта хабарҳо аз кушта шудани садҳо шаҳрванди кишвар дар ҷанги Украина расонаӣ шуд. Мақомоти Тоҷикистон дар ин мавзуъҳо эҳтиёткоранд ва зиёд суҳбат намекунанд.
Дар тақрибан чор сол, ба иттилои додситони кулли Тоҷикистон, дар мавриди ширкати тоҷикон дар ҷанги Украина ягон парванда боз нашудааст.
"Шоҳин Эйр". Тоҷикистон соҳиби ширкати нави ҳавопаймоӣ мешавад
Дар Тоҷикистон ширкати нави ҳавопаймоӣ бо номи "Шоҳин Эйр" сабти ном шудааст ва қарор аст имсол парвозҳояшро оғоз кунад. Дар ин бора Ҳабибулло Назарзода, роҳбари Оҷонсии ҳавонавардӣ 28-уми январ дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба гуфтаи Назарзода, ширкати "Шоҳин Эйр" хусусӣ буда, чор моҳ пеш сабти ном шудааст. Аммо мудири Оҷонсии ҳавонавардӣ номи моликони ин ширкатро фош накард ва гуфт онҳо дар сафари хизматӣ ҳастанд.
Роҳбари Оҷонсии ҳавонавардӣ афзуд, ширкати “Шоҳин Эйр” феълан 3 чархбол дорад ва қарор аст моҳи августи як ҳавопаймои "Эл-400" ворид кунад. Назарзода афзуд, “Шоҳин Эйр” барои хариди ҳавопаймои “Боинг” гуфтугӯ дорад.
Дар Тоҷикистон ду ширкати ватанӣ “Тоҷик Эйр” ва “Сомон Эйр” фаъолият доранд. Ширкати давлатии “Тоҷик Эйр” ба мушкили молӣ гирифтор аст ва аз соли 2019 ба ин тараф парвозҳои байнулмилалӣ анҷом намедиҳад. Ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон Эйр” ба чанд кишвар, аз ҷумла шаҳрҳои Русия парвоз мекунанд, аммо шикоят аз гаронии нархи билетҳои ин ширкат садо медиҳанд.
Оҷонсӣ: билет ба Русия 20 дарсад арзон шуд. Мусофирон мегӯянд, не
Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон мегӯяд, соли 2025 нархи билет ба хориҷи кишвар 25-30 дарсад поён рафтааст. Раиси ин ниҳод 28-уми январ дар нишасти хабарӣ эълон кард, ки соли гузашта билетҳо аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Русия 15-20 дарсад арзонтар шудаанд. Аммо мусофирон, бахусус муҳоҷирон мегӯянд, нархи билет ба Русия ҳоло ҳам гарон аст.
Ҳабибулло Назарзода, роҳбари Оҷонсии ҳавонавардӣ 28-уми январ дар нишасти хабарӣ гуфт, феълан нархи парвоз аз Тоҷикистон ба Русия 1400 ва билети бозгашт 2800-3000 сомонӣ аст.
Намояндагони Оҷонсии авиатсия гуфтанд, бо ҳадафи поён бурдани нархи билет чор фурудгоҳи байнулмилалии кишвар ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ 40 дарсад тахфиф ё сабукӣ доданд.
“Дар Оҷонсии авиатсия ва чор фурудгоҳи кишвар шуъбаи нави назорат ва сифат ташкил шудааст, ки самти билетфурӯшии ширкатҳои ҳавопаймоиро назорат мебаранд”, - афзуд роҳбари Оҷонсии ҳавонавардӣ.
Ҳабибулло Назарзода мегӯяд, Оҷонсии авиатсия нархи билетҳоро назорат мекунад ва дар сурати беасос боло бурдани нарх иҷозатномаи нуқтаи билетфурӯширо лағв мекунад.
Нархи билет: аз омор то воқеият
Ҷустуҷӯи хабарнигорони Радиои Озодӣ нишон дод, ки билети ҳавопаймо аз гуфтаи мақомот дида, гаронтар аст.
Барои намуна дар варақаи матбуотии Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандӣ омадааст, нархи билети ширкати “Сомон Эйр” дар хатсайри Душанбе-Маскав аз 2580 то 1345 сомонӣ кам шудааст. Аммо арзонтарин билети ин ширкат ба шаҳри Маскав барои 4-уми феврал 2453 сомонӣ аст.
Ҳабибулло Раҳимов, сокини Қубодиён, ки рӯзи 28-уми январ барои хариди билети Душанбе-Маскав омада буд мегӯяд, нархи билет дар ин масир барои ду рӯзи оянда аз 3000 сомонӣ боло аст.
Дар маълумотномаи Оҷонсии ҳавонавардӣ нархи билети ширкати “Сомон Эйр” аз Душанбе ба Санкт-Петербург 1700 сомонӣ нишон дода шудааст. Аммо нархи билет дар ин масир барои наздиктарин парвоз дар рӯзи 8-уми феврал 3783 сомонӣ муқаррар шудааст.
Пурсиши мо дар нуқтаҳои билетфурӯшии Душанбе нишон дод, ки нархи билетҳо ба самти шаҳрҳои Русия аз омори пешниҳодкардаи мақомот хеле гаронтар аст.
Намунаи дигар дар варақаи Оҷонсии ҳавонавардӣ нархи билети ширкати “Северний ветер” дар масири Душанбе-Қазон 1534 сомонӣ нишон дода шудааст. Аммо дар сомонаи ширкати “Северний ветер” нархи билети Душанбе-Қазон барои 3 феврал 4689 сомонӣ (39 088 рубл) арзиш дорад.
Муҳоҷирон мегӯянд, сарфи назар аз ваъдаҳои додаи мақомот нархи билет аз Тоҷикистон ба Русия ҳамоно гарон аст. “Се ҳазор сомонӣ барои мардум вазнин аст. Бисёр мардум шароит надоранд, ки бо ин нарх билет харида Русия раванд. Хуб мебуд нархи билет 1800-2000 сомонӣ мешуд”, - мегӯяд Ҳабибулло Раҳимов, сокини Қубодиён.
Нархи билет аз Тоҷикистон ба хориҷ, бахусус ба Русия аз шикоятҳои асосии мусофирон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ аст. Гарон будани нархи билети ҳавопаймо баъзе муҳоҷирони тоҷикро маҷбур кардааст, ки аз роҳҳои заминӣ аз ҷумла, тариқи автобус ба Тоҷикистон баргарданд.
Сафар бо нақлиёти заминӣ то 3-4 рӯз тӯл мекашад ва муҳоҷирон мегӯянд, дар роҳҳо, бахусус дар биёбонҳои Қазоқистон, азоб мекашанд.
Мақомот: cуръати интернет беҳтар шудааст
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, суръати интернети собит, дар соли 2025 беҳтар шуда, "аз 30 ба 40,42 Мбит/с расидааст". Ин ниҳод бо нашри хабарномае ваъда додааст, ки дар ду соли оянда суръати интернет ба 100 Мбит/с расонида хоҳад шуд.
Ба таъкиди хадамот, як сабаби суст будани интернети мобилӣ дар кишвар он аст, ки талабот ба интернет дар 5 соли ахир ду баробар бештар шудааст.
Шикояти истифобарандагон аз сифати алоқа ва интернет дар кишвар дар соли 2025 ҳам кам набуд. Норозигии корбарони интернет аз суръати он солҳост, ки садо медиҳад.
Ба иттилои Хадамоти алоқа ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 5 миллион нафар аз интернети мобилӣ истифода мебурдаанд. Дар радабандии Speedtest Global Index, соли гузаштаТоҷикистон аз рӯйи суръати интернети мобилӣ миёни 143 кишвар дар мақоми 139-ум қарор гирифта буд.
Масъулини Хадамоти алоқаи гуфтанд, барои суръату сифати пасти интернет ва мушкилоти дигар дар ин бахш, соли гузашта ширкатҳои мухобиротӣ 400 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд.
Манъи муваққатии ҳаракати мошинҳои боркаш дар роҳи Душанбе - Чаноқ
Дар пайи фаромадани тарма дар роҳи Душанбе - Чаноқ ҳаракати мошинҳои калони боркаш манъ шудааст.
Ширкати IRS, ки масъули нигоҳубини ягона роҳи пулакӣ дар кишвар аст, субҳи имрӯз эълон кард, ки "барои рафтуомади бемонеаи мошинҳои сабукрав", равуои мошинҳои боркаш аз ҷумла “Фура” дар роҳи Душанбе – Чаноқ муваққатан манъ шуд.
Ба иттилои ин ширкат субҳи 28-уми январ дар минтақаи Варзоб ҳашт тарма фаромадааст ва ҳоло "роҳ аз барф тоза шудааст".
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ҳушдор дода буд, ки бар асари бориши барфу борон хатари омадани тарма дар рӯзҳои 27 то 29-уми январ бештар хоҳад шуд.
Қирғизистон барои муҳоҷирон зидди Русия ба додгоҳ шикоят бурд
Қирғизистон Русияро барои саркашӣ аз додани суғуртаи тиббӣ ба хонаводаҳои муҳоҷирон, ба догоҳ кашидааст.
Бишкек Маскавро ба нақзи ҳуқуқи муҳоҷирон айбдор карда, ба Додгоҳи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕАЭС) шикоят бурдааст.
Дар ин бора рӯзи 27-уми январ дар ҷаласаи парлумони Қирғизистон хабар дода шудааст. Ба гуфтаи Азамат Муканов, раиси Хазинаи бимаи тиббии Қирғизистон, мувофиқи созишнома миёни панҷ кишвари узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё муҳоҷирони корӣ бояд аз шароити баробари таъмини иҷтимоӣ, аз ҷумла суғуртаи тиббӣ, бархӯрдор бошанд.
Аммо ба гуфтаи ин мақомдори қирғиз, ҷониби Русия ин бандҳои шартномаро вайрон кардааст. Ҳарчанд қонуни Русия "Дар бораи суғуртаи ҳатмии тиббӣ" ба коргарони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳаққи гирифтани суғуртаро додааст, аммо дар бораи аъзои хонаводаи онҳо чизе гуфта нашудааст. Дар амал агар пайвандони муҳоҷирон иҷозаи иқомати муваққатӣ ё санади иқомат (ВНЖ) надошта бошанд, ба онҳо бимаи тиббӣ дода намешавад.
Соли 2023 муовини нахуствазири Қирғизистон, аз мақомоти Русия хоста буд, ба аъзои оилаи муҳоҷирони корӣ суғуртаи тиббӣ пешниҳод кунад.
Аммо тирамоҳи соли гузашта, раиси Думаи давлатии Русия гуфт, барои дарёфти суғуртаи тиббӣ хориҷиён бояд “меҳнати ҳалолу кори қонунӣ доштани худро исбот кунанд”
Додгоҳи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕАЭС), ки аз ҳар як кишвари узви он додрас дорад, уҳдадор аст, ки риояи баробари созишномаҳоро назорат ва таъмин кунад.
Барф дар Тоҷикистон садамаҳои маргборро зиёд кардааст
Бориши барф дар чанд рӯзи ахир дар Тоҷикистон сабаби афзоиши садамаҳои маргбор шудааст. Дар ду садамаи нақлиётӣ дар як рӯз, ду нафар ҷон бохта, 4 каси дигар осеб дидаанд.
Дар баёнияи расмии Вазорати корҳои дохилӣ аз рӯзи 26-уми январ омадааст, ки субҳи рӯзи 25 уми январ як сокини ноҳияи Балҷувон бо сабаби бориши барфи зиёд ҳангоми ҳаракат дар ҳамин ноҳия аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ба чуқкрии 70 метр сарозер шудааст.
Ронанда бо ҳалокат расидааст, мусофирони дигар, аз ҷумла ҳамсару фарзандӣ ӯ дар бемористон ҳастанд. Ҳамин тавр рӯзи 25 - уми январ ронандаи дигаре дар Кӯлоб дар садама ҷон бохтааст. Мусофири ин мошин бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол ҳавосанҷон рӯзҳои 27 то 29 уми январ хатари омадани тармаро пешгӯи мекунанд. Ин хатар дар шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ минтақаҳои тармафарои Майхура ва Зиддеҳи ноҳияи Варзоб, ноҳияҳои кӯҳии бештар будааст. Ба ронандагон ҳушдор дода шудааст, ки бидуни зарурат ба минтақаҳои куҳӣ сафар накунанд.
Тавлиди нерӯи барқ дар Тоҷикистон зиёд шудааст
Соли 2025 дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ зиёд шуда, ба 24 млрд кВт соат расидааст. Ин омор рӯзи 23- юми январ дар ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон садо дод.
Дар шароите, ки шикояти сокинон, махсусан дар фасли сармо аз камбуди нерӯи барқ кам нест, мақомот гуфтанд, соли 2025 дар кишвар тавлиди барқ 7 дар сад зиёд шудааст.
Ҳамчунин таъкид шудааст, ки соли гузашта бо ҳадафи рушди соҳаи энергетика 13 лоиҳа ба маблағи беш аз 14 милиард сомонӣ мавриди иҷро қарор гирифт. Ин дар ҳолест, ки камбуди барқ дар кишвар баратараф нашуд ва баръакс сокинони махсусан дар минтақаҳо аз камбуди шадиди нерӯи барқ шикоят доштанд.
Масъулони Шабакаҳои тақсими барқ бо фиристодани паёмак ба мардум, аз ҷумла сокинони Душанбе, ҳушдор дод ки истифодаи барқро кам кунанд. Мақомот сабаби ин даъватро ба камшавии об дар дарёҳо рабт дода буданд, ки ба гуфтаи онҳо, ба ҳаҷми истеҳсоли он таъсир расондааст.
Гуфтугӯ