Дар чанд ҷумла
Сулаймон Саидов аз як чашмаш маҳрум шуд
Нашрияи “Новая газета”-и чопи Маскав хабар дод, ки шаҳрванди Тоҷикистон Сулаймон Саидов аз чашми росташ маҳрум шудааст. Чашми ӯро табибон тавассути ҷарроҳӣ дар Пажӯҳишгоҳи амрози чашми ба номи Гелмголтс гирифтаанд. Қаблан низ тавассути ҷарроҳӣ устухонҳои порашудаи косахонаи сари Сулаймон Саидовро берун оварда буданд.
Сулаймон Саидов рӯзи 8 апрел дар метрои Маскав ҳадафи ҳамлаи як марди 59-солаи мусаллаҳ бо туфангчаи травматикӣ қарор гирифт. Олег Тсарёв дар пайи муноқиша бо Сулаймон ва додарзодааш туфангчаи худро берун кашида, бо ин нидо ки “Ин ҷо ҷои ту нест!” ба сари муҳоҷири тоҷик тир холӣ кард. Олег Тсарёв феълан дар боздошт қарор дорад ва алайҳи ӯ бар асоси қисми аввали моддаи 105-уми Кодекси ҷиноии Русия (қасди куштор) парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Барои ҷарроҳии чашми Сулаймон Саидов ҷамъиятҳои тоҷикон ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи Русия, аз ҷумла “Гражданское содействие” пул ҷамъ карданд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Қонуни ҷанҷолӣ дар бораи фарзандони муҳоҷирони корӣ дар Русия ҳукми иҷро мегирад
Мактабҳои Русия аз ҳафтаи оянда иттилоот дар бораи қабул ва ё ихроҷи фарзандони муҳоҷирони корӣ ва ҳам натиҷаҳои имтиҳони онҳо аз забони русиро ба вазорати умури дохилӣ месупоранд.
Мактабҳои Русия аз ҳафтаи оянда иттилоот дар бораи қабул ва ё ихроҷи фарзандони муҳоҷирони корӣ ва ҳам натиҷаҳои имтиҳони онҳо аз забони русиро ба вазорати умури дохилӣ месупоранд.
Дар ин бора Думаи давлатии Русия рӯзи 23-уми январ хабар дода гуфтааст, қонуне, ки вакилони мардумӣ дар ин бора тасвиб карданд, аз рӯзи 28-уми январ ҳукми иҷро мегирад.
Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатӣ гуфтааст: “Системаи табодули ҳамзамони иттилоот дар бораи фарзандони муҳоҷир ва хонаводаҳои муҳоҷирон байни муассисаҳо ва идораҳои маориф ва вазорати умури дохилӣ, назорату сабти хориҷиёнеро, ки дар кишвари мо зиндагӣ мекунанд, босамар ва шаффофтар месозад.”
Ба гуфтаи ӯ, шеваи нави назорат, имкон медиҳад, ҳузури қонунии кӯдакону волидонашон дар Русия назорат ва риояти қонунҳо дар бораи муҳоҷират таъмин шавад.
Ҳангоми қабули ин қонун дар тобистони соли гузашта Михаил Матвеев, яке аз вакилони муҳоҷирситези Думаи давлатӣ аз ҷумла бо ишора ба бачаҳои муҳоҷирон гуфта буд: "Шашсад ҳазор дар марказҳои тиҷоратӣ ва кӯчаҳои мо дайдугӣ мекунанд, галла-галла мегарданд, ба кӯдакону калонсолон ҳамла мекунанд, майдончаҳои бозии кӯдаконро террор мекунанд.”
Қонуну қоидаҳои наву маҳдудкунандаи кору иқомати муҳоҷирон дар Русия сабаб шудааст, ки ҳазорон хонаводаи тоҷик фарзандони худро барои идомаи таҳсил ба Тоҷикистон фиристанд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд аз миёни беш аз 5 ҳазор кӯдаке, ки дар 9 моҳи соли 2025 аз мактабҳои кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон оварда шудаанд, 70 дар садашон наврасоне ҳастанд, ки қаблан дар Русия таҳсил мекарданд.
"Танҳо як масъала мондааст". Дидори намояндаи Трамп бо Путин
Бегоҳи 22-юми январ дар шаҳри Маскав вохӯрии президенти Русия Владимир Путин бо Стив Виткоф, фиристодаи вижаи раиси ҷумҳури Амрико ва Ҷеред Кушнер, домоди Доналд Трамп баргузор шуд.
Ба гуфтаи Юрий Ушаков, ёвари раиси ҷумҳури Русия, натиҷаи асосии ин дидор тавофуқ дар бораи вохӯрии намояндагони Русия, ИМА ва Украина аст. Қарор аст ин мулоқот 23-юми январ дар шаҳри Абу Дабии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор шавад.
Ба гузориши хабаргузории Ройтерс, Ушаков таъкид кардааст, ки сулҳи пойдор бидуни ҳалли масъалаҳои марзӣ ба даст намеояд.
Стив Виткоф рӯзи 22-юми январ дар ҳошияи дидори солонаи иқтисодии Давос дар Швейтсария гуфт, тарафҳо барои созиши оташбас дар Украина хеле наздик шудаанд.
Ба гуфтаи фиристодаи вижаи Трамп, танҳо як масъалаи ҳалношуда боқӣ мондааст. Ба эҳтимоли зиёд ин масъалаи сарзамин аст.
Бунгоҳи Boomberg ҳафтаи гузашта навишт, ки Виткоф ва Кушнер ба Путин нақшаи сулҳи ИМА-ро барои Украина пешниҳод мекунанд.
Додгоҳи Маскав як зодаи Тоҷикистонро ҳабс кард
Додгоҳе дар вилояти Маскави Русия як зодаи Тоҷикистонро, ки ба куштани навраси рус муттаҳам аст, барои ду моҳ ба ҳабс гирифт. Дар ин бора додситонии вилояти Маскав хабар додааст.
Имомалӣ Турдиев, зодаи Тоҷикистон, ки шаҳрвандии Русияро дорад ба он муттаҳам мешавад, ки 18-уми январ баъди як муноқиша навраси 18-соларо русро бо корд ба ҳалокат расонд. Ҳодиса дар шаҳри Электростали вилояти Маскав рух дод.
Дар навор дида мешавад, ки миёни ду тараф дар дохили автобус баҳсҳои лафзӣ сар мешавад ва онҳо дар истгоҳи наздиктарин аз автобус пиёда шуда, занозанӣ мекунанд. Наврасон ба сӯи Имомалӣ аз туфанги шуълагиранда оташ кушодаанд. Ба гуфтаи мақомоти Русия, баъди ин зодаи Тоҷикистон бо корд се маротиба ба бадани навраси рус задааст.
Наздикони Имомалӣ ба расонаҳои русӣ гуфтаанд, ӯ танҳо аз занони дар дохили автобус буда ҳимоят кард.
Оғози ҷаласаи солонаи ҳукумат
Субҳи 23-юми январ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон оғоз шуд.
Дафтари матбуоти президент гуфт, дар ҷаласа аъзои ҳукумат, раисони шаҳру ноҳияҳо, ширкатҳои давлатӣ, бонкҳо ва дигар мақомдорон ширкат доранд.
Хабарнигорони расонаҳои мустақил ба маҷлиси солона даъват нашудаанд.
Дар назар аст, ки дар ин ҷаласа аз кори ҳукумат дар соли 2025 натиҷагирӣ шуда, нақшаву барномаҳо барои соли 2026 баррасӣ шаванд.
Дар гузашта дар ҷараёни маҷлиси солонаи ҳукумат баъзе тағйироти кадрӣ сурат гирифта буд.
Назарзода кордкашии наврасонро як мушкили ҷиддӣ дар Кӯлоб хондааст
Шариф Назарзода, сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар Хатлон дар ҳамоише дар шаҳри Кӯлоб аз сокинон хостааст, ки барои пешгирӣ аз кордкашии наврасон бо мақомоти интизомӣ ҳамкорӣ кунанд.
Даъвати генерал Назарзода аз сокинони Кӯлоб пас аз он аст, ки дар занозании гурӯҳии шаби 11-уми январ дар ин шаҳр Маҳмадалӣ Исуфов, размикори 19-сола кушта ва се ҳамсоли дигараш захмӣ шуданд. Мақомот Сулаймон Одинаев, сокини 19-солаи шаҳрро ба ин ҷиноят муттаҳам ва боздошт кардаанд.
Шариф Назарзода рӯзи 22-юми январ дар ҳамоиш акси размикор, боздоштшудаҳо ва афроди захмиро ба ҷавонони Кӯлоб намоиш дода, гуфтааст, кордзанӣ миёни наврасон, ифротгароӣ ва истеъмоли ҳабҳои мадҳушкунанда миёни ҷавонон аз мушкили аслӣ дар Кӯлоб аст.
Назарзода аз варзишгарон, мураббиёнашон ва дигар ҷавонони шаҳр хостааст, ки барои “пешгирии ҳамагуна зуҳуроту падидаҳои халалдоркунандаи тартиботу оромӣ саҳмгузор бошанд.”
Ба иттилои раёсати умури дохилии Хатлон, соли гузашта дар шаҳри Кӯлоб 719 ҷиноят сабт шудааст, ки нисбат ба солҳои гузашта бештар аст. Кӯлоб бо аҳолии беш аз 200 ҳазор нафар сеюмин шаҳри бузурги Тоҷикистон аст. Бархе сокинон сабаби аслии рӯ овардани ҷавонони шаҳр ба занозанӣ ва ифротгароиро бекорӣ медонанд.
Додгоҳ муҳокимаи парвандаи занозанӣ дар "Парламент"-ро оғоз кардааст
Додгоҳи шаҳри Хуҷанд баррасии парвандаи занозании пурсарусадо дар тарабхонаи “Парламент”-и ин шаҳрро оғоз кардааст. Манобеи Радиои Озодӣ рӯзи 22-юми январ гуфтаанд, ки чаҳор нафар дар додгоҳ муҳокима мешаванд.
Ду нафар дар боздошт, ду тани дигар дар озодӣ будаанд. Парвандаи онҳо бар асоси кадом банди Кодекси ҷиноӣ муҳоқима мешавад, ҳанӯз маълум нест. Дар муноқиша дар ин ресторан дар рӯзи 20-уми декабри соли гузашта, наздикони сарвазири Тоҷикистон ва додситони шаҳри Бустон, ки писари мақомдори наздик ба президент аст, ширкат доштаанд.
Парвиз Ашӯров, домоди собиқи сарвазири Тоҷикистон бо писараш ва Абдуқаҳҳор Азизов, додситони шаҳри Бӯстон, писари Абдуҷаббор Азизӣ, ёвари собиқи Эмомалӣ Раҳмон, ду тарафи моҷаро ҳастанд. Наздикони ду тараф ҳамдигарро дар сар задани моҷаро гунаҳкор медонанд. Мақомот расман дар ин бора хабаре нашр накардаанд.
Пас аз чанд рӯзи нашри гузориш дар бораи ин муноқиша мақомот хабар доданд, ки Абдуқаҳҳор Азизов, додситони шаҳри Бӯстон аз мақомаш барканор шудааст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои зиёде аз ин занозанӣ нашр шудааст, ки дар ҳар кадоми он ҷонибҳо тарафи дигареро сабаби сар задани муноқиша меноманд.
Маҳмурод Одинаевро дар зиндони Ваҳдат танбеҳи сахт додаанд
Фарзандони Маҳмурод Одинаев муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ иддао доранд, ки мақомоти зиндони Ваҳдат, падари маъюбашонро бесабаб ва як моҳ дар ҳуҷраи танбеҳӣ (ШИЗО) нигаҳ доштаанд.
Писараш Ҳабибулло Ризоев рӯзи 22-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки падарашро чаҳор рӯз пештар аз ҳуҷраи танбеҳӣ ба утоқи маъмулии зиндон овардаанд. Ӯ афзуд, падараш дар сӯҳбати телефонӣ аз онҳо хостааст, ки ба сардори Раёсати маҳбасҳо дар вазорати адлия нома навишта пурсанд, ки сабаби ба ҳуҷраи танбеҳ бурдани ӯ чист. Ҳабибулло Ризоев афзуд:
«Мо дарак надоштем, ки падарам дар ҳуҷраи танбеҳ аст. Мунтазири мулоқоти навбатӣ будем. Падарам ҳафтаи гузашта занг зада, гуфт, як моҳ дар онҷо бо тани бемору мӯҳтоҷ ба табобат нигаҳ дошта шудааст. Як асобағал дошт, ҳоло ду асо гирифтааст ва бемориҳои дигараш хуруҷ кардаанд.»
Писари Маҳмурод Одинаев иддао кард, ки бо вуҷуди бемории падараш ва эҳтиёҷи сахт ба муолиҷа, мақомоти зиндон ба табобати ӯ дуруст аҳамият намедиҳанд ва муолиҷаи муносиб ҳам сурат намегирад.
Вале моҳи августи соли гузашта Музаффар Ашӯриён вазири адлия дар робита ба вазъи саломатии чеҳраҳои шинохтаи зиндонӣ гуфт, беморхонае, ки дар сохтори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ аст, ба ҳама маҳкумшудагон ёрии тиббӣ мерасонад. Ӯ афзуд: “Тамоми чораҳоро барои беҳтар кардан, даво бахшидани беморӣ меандешанд.”
Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ буд ва ҳукуматро бо лаҳни тунде танқид мекард, рӯзи 28-уми январи соли 2021 ба 14 сол зиндон маҳкум карданд. Маҳмурод Одинаевро ба "авбошӣ" ва "даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон" гунаҳкор донистанд, агарӣ худаш гуфтааст, ки ин иттиҳомот асосе надоранд.
Шикояти соҳибкорони узбек аз кори гумруки Тоҷикистон
Баъзе соҳибкорони узбекистонӣ аз монеагузории мақомоти Тоҷикистон барои воридоти маҳсулоти сохтмонӣ шикоят кардаанд.
Намояндаи ширкати "Knauf" 17-уми январ дар нишасте бо ҳузури муовини нахуствазири Узбекистон аз он шикоят кард, ки сарфи назар аз пешниҳоди бастаи ҳуҷҷатҳо, гумруки Тоҷикистон маҳсулотро бо таъхир ҳуҷҷатгузорӣ мекунанд ва ин боис мешавад, ки арзиши молу коло 15 дарсад зиёд шавад.
Мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла Хадамоти гумрук дар ин бора изҳори назар накардаанд.
Ҷамшед Хоҷаев, муовини нахуствазири Узбекистон аз ин вазъ нигаронӣ карда гуфтааст, ки кишвараш чораҳои монандро барои воридоти молу маҳсулоти Тоҷикистон ҷорӣ хоҳад кард.
Тобистони соли 2025 Тоҷикистон барои нуриҳои минералии Узбекистон ва Узбекистон барои сементи Тоҷикистон боҷи гумрукӣ ҷорӣ кард.
Додугирифти Тоҷикистон ва Узбекистон баъди соли 2018 ва боз шудани марзҳо бамаротиб зиёд шуд.
Дар Самара чанд корро барои муҳоҷирон манъ карданд
Дар вилояти Самараи Русия кор кардани муҳоҷирон дар соҳаҳои боррасонӣ (курер), фурӯшанда, ронанда ва омӯзгориро манъ кардаанд.
Ба гузориши хабаргузории ТАСС, маҳдудияти нав аз моҳи апрели имсол иҷроӣ мешавад.
Бар асоси ин қарор, муҳоҷирон дар вилояти Самара дигар ҳақ надоранд, ки ҳамчун ронанда дар ҳама гуна нақлиёти ҷамъият кор кунанд. Бахши боррасонӣ ё курер, ки аз касбҳои даромаднок барои муҳоҷирон ба шумор меравад ҳам дар Самара барои муҳоҷирон манъ мешавад.
Волии вилоят ҳадаф аз манъи кори муҳоҷиронро дар чанд бахш "таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи бозори меҳнати Самара" унвон кардааст.
Мақомоти Русия дар солҳои ахир маҳдудиятҳо барои муҳоҷирони кориро бештар карда, кор кардани шаҳрвандони хориҷиро дар чандин соҳаҳо манъ кардаанд.
Роҳи Душанбе-Чаноқ баъди як рӯз боз шуд
Роҳи Душанбе-Чаноқ, ягона масир миёни вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе баъди як рӯзи баста будан, барои равуои нақлиёт боз шуд. Дар ин бора ширкати IRS масъули нигоҳбини роҳ 22-юми январ хабар додааст.
Ин роҳ 21-уми январ дар пайи боридани барфи зиёд баста шуда, як мошини сабукрав ҳам зери тарма монда буд. Ба иттилои дафтари матбуоти ширкати IRS, давоми ду рӯзи ахир дар роҳи Душанбе-Чаноқ, бахусус минтақаи Варзоб 29 тарма фаромад.
Шоми 21-уми январ як мошини тамғаи “Опел” дар километри 66-уми роҳ ва дар ҳудуди ноҳияи Варзоб зери тарма мондааст. Ба гуфтаи дафтари матбуоти ширкати IRS, ронанда ва мусофиронро аз дохили мошин бароварданд ва касе захмӣ ё ҳалок нашудааст.
Ширкати IRS, ки моликаш маълум нест, масъули нигоҳбини роҳи Душанбе-Чаноқ буда, барои ин аз ронандагон маблағ мегирад.
Дар ҳамин ҳол Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ҳам хабар додааст, ки наҷотдиҳандагон барои бартараф кардани оқибатҳои тарма ва назорати ҳаракати нақлиёт ба роҳи Душанбе-Чаноқ фиристода шудааст. Ин ниҳод аз ронандагон дархост кардааст, ки “пеш аз сафар вазъи роҳҳоро омӯзанд”.
Муҳиддин Кабирӣ дар мақоми раиси ПМТ мондааст
Шӯрои Паймони Миллии Тоҷикистон, як созмони мухолифи давлат ва мамнӯъ дар кишвар, Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили собиқи порлумонро дигарбора раиси паймон интихоб кардааст.
Паймони миллӣ рӯзи 21-уми январ дар як баёнияи расмӣ гуфтааст, як гурӯҳи корӣ, ки аз соли гузашта бояд роҳкору роҳҳои ояндаи паймонро маълум мекард, тавсия додааст, ки имсол интихоби раҳбари нав баррасӣ нашавад. Дар баёния омадааст: «Гурӯҳи корӣ ба Шӯрои ПМТ тавсия дод, то дар вазъияти кунунӣ масъалаи интихоби роҳбари ҷадиди Паймони Миллии Тоҷикистон баррасӣ нашавад ва Муҳиддин Кабирӣ масъулияти худро давом диҳад. Шӯрои ПМТ бо тариқи райдиҳӣ тавсияи Гурӯҳи кориро қабул кард ва ба уҳдаи Муҳиддин Кабирӣ масъулияти Роҳбари ПМТ вогузор карда шуд.»
Паймони Миллии Тоҷикистон, ки моҳи сентябри соли 2018 дар хориҷ таъсис ёфт, аз Анҷумани озодандешони тоҷик, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Ассосиатсияи муҳоҷирини Осиёи Марказӣ ва Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ташкил ёфт. Соле баъд Додгоҳи олии Тоҷикистон паймонро ифротгаро ва террористӣ эълон кард, агарчӣ аъзои эътилоф иттиҳомро беасос меноманд.
Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, қароргоҳаш дар Амстердам, моҳи августи соли 2024 аз ҳайати ин паймон берун шуд. Раҳбари созмон, Шарофиддин Гадоев, тасмимро ба "нақзи усули демократия" ва "мусоидат ба ташкили диктатура" дар дохили паймон номид.
Интихоби дигарбораи Муҳиддин Кабирӣ ба мақоми раиси Паймони Миллии Тоҷикистон замоне сурат мегирад, ки чандин нафар, аз узвияти ҳизби зери назари ӯ даст кашиданд. Худаш гуфтааст, аъзои Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ таҳти фишори мақомоти амнияти Тоҷикистон, ки хонаводаҳои онҳоро дар дохил озору азият мекунанд, хориҷ мешаванд, на ба нишони эътироз аз сиёсату амалкардҳои раҳбарияти ҳизб. Фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ, ягона ҳизби мухолифи давлат буд, аз соли 2015 дар Тоҷикистон мамнуъ аст.
Парванда ба зидди шавҳар барои то ба ҳадди худкушӣ расондани ҳамсар
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти марде хабар додааст, ки ба гуфтаи вазорат, бо бадрафториву зулму ситам ба занаш, ӯро то ба ҳадди қасди худкушӣ расонидааст.
Вазорат рӯзи 21-уми январ гуфт, як сокини 28-солаи ноҳияи Айнӣ, “аз соли 2018 то ин ҷониб мунтазам бо роҳи таҳдид шаъну шарафи ҳамсараш ҷавонзани 26-солаи сокини ҳамон ҷоро паст зада, бо баҳонаи бо шахсони бегона муносибати маҳрамона дошта ва гӯё фоҳиша мебошад, дашномҳои кабеҳ намудааст.”
Дар баёния ҳамчунин омадааст, ки шавҳари зан ҳамчунин рӯзи 29-уми ноябри соли гузашта аз бадрашкӣ ҳамсарашро дар хона латукӯб ва захмӣ кардааст. Бо идомаи ҳамин аҳвол то моҳи январи имсол ба гуфтаи вазорат ҳамсар дигар ба таҳқиру бадрафториҳои шавҳар тоб наёварда, рӯзи 17-уми январ “бо мақсади худкушӣ бо корди хоҷагӣ як маротиба ба шикамаш зарба зада, қасди худкушӣ карда, ҷароҳат бардоштааст.”
Назари гумонбар дар ҷиноят маълум нест ва вазорат ҳам нагуфтааст, ки ӯро боздошт кардаанд, ё на. Дар баёнияи вазорати корҳои дохилӣ омадааст, ба зидди ҷавони 27-сола бо иттиҳоми то ба ҳадди худкушӣ расондани каси дигар парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд, ки ҷазо барои ин ҷиноят дар Тоҷикистон аз панҷ то ҳашт соли дар зиндон аст.
Зӯроварӣ ба зан дар Тоҷикистон ба қавли ҳомиёни ҳуқуқ як кори маъмулист, вале занон ҳам ба ҷое шикоят намекунанд ва мақомоти интизомӣ ҳам онро ҷанҷоли хонаводагӣ меноманду эътино намекунанд.
Як миллион нафар аз аҳолии Киев бе нерӯи барқ мондаанд
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, шоми сешанбе гуфт, ки дар пайи ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподҳои Русия то шоми 20-уми январ беш аз як миллион нафар дар Киев бе нерӯи барқ мондаанд.
Ӯ афзуд, ки дар пойтахти Украина беш аз 4 ҳазор бинои баландошёна аз гармӣ маҳрум шудаанд. Субҳи рӯзи 20-уми январ ҳудуди 5600 хона бе гармӣ монд, вале мақомот андак баъд тавонистанд, бахше аз онҳоро дигарбора ба шабакаҳои гармӣ васл кунанд.
Владимир Зеленский ҳамчунин аз фаъолияти нерӯҳои ҳавоии Украина дар амри маҳви дрон ва ё паҳподҳои Русия изҳори норизоятӣ кард ва гуфт, ин мавзуъро бо Михаил Фёдоров вазири нави дифоъ баррасӣ кардааст.
Ба иттилои Нерӯҳои мусаллаҳи Украина, дар ҷараёни ҳамлаи густурдаи шаби 20-уми январ артиши Русия аз 372 паҳпод ва мушак истифода кардааст, ки 342-тои онҳо сарнагун ё маҳв карда шуданд. Ҳадафҳои асосӣ иншооти энергетикӣ, аз ҷумла дар шаҳри Киев буданд. Дар бораи қатъи барқ на танҳо дар пойтахт, балки дар минтақаҳои дигари Украина низ гузоришҳо мерасанд.
Вазорати дифои Русия эълон кард, ки шаби сешанбе ба ҳадафҳои низомӣ дар Украина, аз ҷумла ба зербунёдҳои энергетикӣ ва нақлиётӣ, ки ба гуфтаи онҳо "барои эҳтиёҷоти артиши Украина истифода мешаванд", ҳамлаи густурда анҷом додааст.
Дар ҳамин ҳол, Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ дар шабакаи иҷтимоии X хабар дод, ки субҳи сешанбе чанд зеристгоҳи барқии Украина, ки барои амнияти ҳастаӣ аҳамияти ҳаётӣ доранд, дар амалиётҳои низомӣ осеб диданд. Дар гузориш омадааст, ки аз ҷумла нерӯгоҳи атомии Чернобил, ки фаъолият намекунад, пурра аз манобеи берунаи нерӯи барқ маҳрум шудааст. Ҳамчунин хатҳои интиқоли барқ, ки ба дигар нерӯгоҳҳои атомии Украина васл ҳастанд, зарар дидаанд.
Боздошти зодаи Тоҷикистон бо иттиҳоми қатли навраси рус
Расонаҳои Русия дар бораи зодаи Тоҷикистон, ки бо иттиҳоми куштори навраси рус боздошт шуд, маълумоти бештар нашр карданд.
Ба гузориши расонаҳои русӣ, Имомалӣ Турдиев солҳо пеш ҳамроҳи оилааш аз Тоҷикистон нахуст ба вилояти Кемерово ва баъдан ба вилояти Маскав омадаанд. Имомалӣ шаҳрвандии Русияро доштааст. Бародараш гуфтааст, Имомалӣ Турдиев дар Русия бузург шудааст.
Ин зодаи Тоҷикистон рӯзи 18-уми январ бо иттиҳоми куштани навраси рус боздошт шуд. Ҳодиса дар шаҳри Электростали вилояти Маскав рух додааст.
Ба гузориши расонаҳои русӣ, муноқиша пас аз он сар шуд, ки як гуруҳ аз наврасон ба автобус ворид шуда, ба сӯи мусофирон ишораҳои таҳқиромез кардаанд. Имомалӣ Турдиев, зодаи Тоҷикистон ба ҳимояи он мусофир хеста, ба назди ин ҷавонон меояд ва онҳоро огоҳӣ медиҳад.
Дар навор дида мешавад, ки миёни ду тараф баҳсҳои лафзӣ сар мешавад ва онҳо дар истгоҳи наздиктарин аз автобус пиёда мешаванд. Баҳсу занозанӣ дар истгоҳ идома мекунад ва наврасон ба сӯи Имомалӣ аз туфанги шуълагиранда оташ кушодаанд. Ба гуфтаи мақомоти Русия, баъди ин зодаи Тоҷикистон бо корд се маротиба ба бадани навраси рус задааст.
Кумитаи тафтишотии Русия мегӯяд, бо вуҷуди расондани кумаки тиббӣ навраси 18-сола ба ҳалокат расид. Алайҳи Имомалӣ Турдиев бо иттиҳоми куштор парванда боз шуда, ба ӯ то 15 сол зиндон таҳдид мекунад.
Мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла Сафорати кишвар дар Русия дар ин бора изҳори назар накардаанд.
Дархости Сафорати Чин: ба марзи Тоҷикистон ва Афғонистон наравед
Сафоратхонаҳои Чин дар Душанбе ва Кобул аз шаҳрвандони чинӣ хостанд, ки ба минтақаҳои марзии Тоҷикистон ва Афғонистон сафар накунанд.
Намояндагони Сафорати Чин дар Душанбе ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтаанд, "вақтҳои охир вазъият дар минтақаи марзии Тоҷикистону Афғонистон мураккабу ҳассос шудааст" ва барои ҳамин "сафоратхонаҳои Чин дар Тоҷикистону Афғонистон аз шаҳрвандони Чин даъват карданд, ки аз сафар ба минтақаҳои марзӣ худдорӣ кунанд".
Дар Сафорати Чин умедворӣ кардаанд, ки вазъият дар марз "дар ниҳоят ба эътидол меояд".
Коргарони чинӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ва ҳамчунин шаҳрвандон Чин дар дохили хоки Афғонистон моҳҳои ахир ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд. Аз ҷумла рӯзи 19-уми январ дар ҳамла ба тарабхонаи чинӣ дар шаҳри Кобул ҳафт нафар кушта ва чандин каси дигар маҷруҳ шуданд. Шохаи "Хуросон"-и гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ва ё ДОИШ масъулияти ин ҳодисаро ба уҳда гирифт.
Дар моҳҳои ноябр ва декабри соли гузашта дар пайи ҳамла аз хоки Афғонистон панҷ коргари чинӣ дар ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин ва Дарвози Тоҷикистон кушта шуданд. Дар пайи ин ҳамлаҳо коргарони чинӣ аз минтақаҳои марзии Тоҷикистону Афғонистон хориҷ шуданд.