Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев аз мошинҳои барқӣ ситоиш кард


Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон мегӯяд, орзу дорад, ки сокинони кишвараш дар паси чамбари мошиҳои барқӣ нишинанд.

Президенти Қазоқистон 6 декабр зимни конфронси телефонии умумимиллӣ гуфтааст, "соҳаи мошинсозӣ дар кишвар рушд мекунад ва ҳоло дар Костанай мошинҳои барқӣ истеҳсол мешаванд. Ман орзу дорам, ки ҳамаи қазоқистониён ба мошинҳои барқӣ савор шаванд".

"Нархи онҳо дастрас хоҳад буд", - афзудааст президенти Қазоқистон. Ба гуфтаи вай, мошинҳои барқӣ бахусус барои шаҳрҳои ифлос, монанди Алмаато ва Уст-Каменогорск зарӯранд.

"Агар пурра ба мошинҳои барқӣ гузарем, пас мо чанд баробар сарфа хоҳем кард", - гуфтааст Назарбоев.

XS
SM
MD
LG