Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳои чашми аз дастрафтаи Сулаймонро кӣ хоҳад дод? ВИДЕО


Сулаймон Саидов аз чашми росташ маҳрум шуд

Додгоҳи шаҳри Маскав – пойтахти Русия – рӯзи 26 декабр баррасии шикояти Сулаймон Саидов, шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар моҳи апрели имсол аз тири Олег Тсарёв аз чашми росташ маҳрум шуд, ба моҳи январи соли оянда гузошт. Сулаймон аз додгоҳ хоста буд, ки Тсарёвро аз бемористони касалиҳои рӯҳӣ берун оварда, ба ҷазои сангин маҳкум кунад.

Олег Тсарёв чанд дафъа барои гирифтани аслиҳа аз ниҳодҳои Вазорати корҳои дохилӣ иҷозат дарёфт кардааст.

Дар оғози моҳи декабр омили ҳамла ба ин шаҳрванди Тоҷикистон бо баҳонаи инки вазъи равонияш хуб нест, ба бемористон фиристода шуд ва додгоҳ гуфт, то замони ба худ омаданаш Олег Тсарёв дар онҷо мемонад. Дилшоди Абдураҳмон, яке аз наздикони Сулаймон Саидов, қаблан дар саҳифаи Фейсбукаш бо нигаронӣ аз ин қарор навишт, "ба ин тартиб, мумкин аст, парвандаи ҷиноӣ алайҳи Олег Тсарёв ҳам баъди чанде баста шавад."

Навор аз бойгонии Радиои Озодӣ:

Вазъи саломатии Сулаймон Саидов муътадил аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:13 0:00

Қарор буд, баррасии шикояти Сулаймон Саидов рӯзи душанбе баргузор шавад, вале ба далели ҳозир нашудани муттаҳам ин ҷаласа сурат нагирифт. Филипп Шишов, вакили дифои Сулаймон Саидов, рӯзи 26 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, додгоҳ баррасии шикояти онҳоро ба ибтидои соли оянда гузошт. Вай дар идома интиқоли Олег Тсарёвро ба бемористони касалиҳои рӯҳӣ бепояву ғайриқонунӣ донист ва гуфт, то замони пирӯзии ҳақиқат талоши худро хоҳанд кард.

Сулаймон Саидов пеш аз ҳамла
Сулаймон Саидов пеш аз ҳамла

Олег Тсарёв аз моҳи апрел дар боздоштгоҳ нигаҳдорӣ мешуд, вале ба қавли додгоҳ, аз 7 декабри имсол дар бемористони касалиҳои рӯҳӣ қарор дорад. Вакили дифои "Мемориал" Филипп Шишов, ки аз ҳаққи Сулаймон Саидов дар додгоҳ ҳимоят мекунад, вазъи нохуби равонии Тсарёвро таҳти суол бурд. Вай гуфт, "амалкарди Вазорати умури дохилӣ ҳолати хуби равонии Тсарёвро тасдиқ кардааст".

Ба қавли ӯ, "Тсарёв чанд дафъа барои гирифтани аслиҳа аз ниҳодҳои Вазорати корҳои дохилӣ иҷозат дарёфт кардааст. Албатта, пеш аз он ӯ аз ташхис гузаштааст, ки бемори равонӣ ҳаст, ё не. Он вақт дар ӯ ягон нишонаи бемориро пайдо накарданд. Барои ҳамин, интиқоли ӯ барои табобат ба бемористони касалиҳои рӯҳӣ кӯшиши сабук кардани ҳукмаш ҳаст."

Сулаймон Саидов, сокини ноҳияи Восеъ, рӯзи 8 апрели имсол дар метрои Калужскаяи Маскав ҳадафи ҳамлаи як марди 59-солаи мусаллаҳ бо туфангчаи травматикӣ қарор гирифт. Олег Тсарёв дар пайи муноқиша бо Сулаймон ва додарзодааш туфангчаи худро берун кашида, бо нидои инки “Ин ҷо ҷои ту нест!” ба сари муҳоҷири тоҷик чанд тир холӣ кард. Саидов дар сӯҳбати қаблияш бо Радиои Озодӣ гуфта буд, фарди ҳамлакунанда маст буд ва ба маҳзи ворид шудан ба вагон, бо ҷияни ӯ Муҳаммадҷон Ҳакимов вориди моҷаро шуда, ҳатто таҳдид кардааст, ки "баъд аз се дақиқа ба ҳалокат мерасед".

Алайҳи Тсарёв бар асоси қисми аввали моддаи 105-уми Кодекси ҷиноии Русия (қасди куштор) парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Мақомоти интизомии Русия гуфтанд, Олег Тсарёв дар метрои Калужская аз туфангчаи травматикии "Оса" тир холӣ карда, ҳангоми фирор аз дасташ афтондааст.

Сулаймон дар акси қабл аз ҳамла
Сулаймон дар акси қабл аз ҳамла

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав 11 апрел бо ирсоли ёддошт аз Вазорати корҳои хориҷии Русия хост, ки қазияи тирпаронӣ ба сӯи муҳоҷири тоҷик Сулаймон Саидов мунсифона баррасӣ шавад. Ҳоло зоҳиран Сулаймон Саидов дар муборизаи додгоҳӣ танҳо мондааст ва наздиконаш ҳам мегӯянд, ӯ ба хотири идомаи баҳс дар Маскав қарор дорад ва пас аз анҷомаш ба Тоҷикистон хоҳад омад.

Бино ба ҳисобҳо дар Русия аз 1 то 1,5 миллион муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Ҳар сол дар ин кишвар беш аз 1000 шаҳрванди Тоҷикистон ба иллатҳои мухталиф аз олам чашм пӯшида ва даҳҳо тани дигар бо ҷароҳату бемориҳои мухталиф ба ватан бармегарданд. Маризӣ, садамаҳои нақлиётӣ, фалокатҳои фаннӣ дар ҷои кор, ҳамлаҳои гурӯҳҳои қавмгаро, ихтилофи байни худи тоҷикҳо ва ҳодисаҳои ногаҳоние, чун ғарқ шудан дар кӯлу дарёҳо аз иллатҳои умдаи марг ва захмӣ шудани мардикорони тоҷик шумурда мешаванд.

Шарҳҳоро бинед (5)

XS
SM
MD
LG