Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Права"-и Тоҷикистон дар Русия ба кор намеояд? САДО


Даҳҳо муҳоҷири тоҷик, ки дар минтақаҳои гуногуни Русия ба мусофиркашонӣ машғуланд, аз эҳтимоли бекор шудани санад ё парвонаи ронандагии худ нигаронанд. Расонаҳои Русия бо такя ба мақомоти он кишвар гуфтанд, ки шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла тоҷикҳову узбакҳо аз 1 июли имсол аз ҳаққи ронандагӣ бо санадҳои Бозрасии Давлатии Автомобилии кишвари худ маҳрум мешаванд ва бояд ҳуҷҷати Русияро бигиранд. Ин ислоҳот ҳанӯз соли 2013 ба қонун “Дар бораи бехатарии ҳаракат дар роҳ” ворид шуда, қарор аст, тобистони имсол ба иҷро дарояд.

Ҳуҷҷати ронандагии Тоҷикистон дар Русия беэътибор мешавад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:05 0:00
Линки мустақим

Ин тасмим ба муҳоҷирон, хусусан, онҳое, ки нақлиёти ҷамъиятӣ доранд ва дар корхонаҳо кор мекунанд, зарари зиёд мерасонад.

Мақомоти Русия гуфтаанд, кордеҳоне, ки ронандагони бе шаҳодатномаи Русияро ба кор мегиранд, ба маблағи 50 ҳазор рубл ҷарима хоҳанд шуд. Ярослав Шербин, раиси иттифоқи касабаи “Таксист”, гуфтааст, қисми аъзами таксиронҳои шаҳри Маскав санадҳои ронандагии Тоҷикистон ва Узбакистонро доранд, ки ба гуфтаи вай на ба таври расмӣ, балки мошинҳоро ба иҷора гирифта, кор мекунанд.

"Ҳоло хабари расмӣ нагирифтем"

Ба қавли ин мақоми рус, 20 дарсади таксиронҳои танҳо пойтахти Русия бо санадҳои худ мушкил доранд ва бояд то 1 июли соли равон аз имтиҳони қоидаи ҳаракат дар роҳ гузаранд ва санади русӣ бигиранд.

Сарвар Бахтӣ
Сарвар Бахтӣ

Масъулони сафорати Тоҷикистон дар Маскав гуфтанд, ки дар ин замина хабар ё огоҳии расмӣ дарёфт накардаанд. Сарвар Бахтӣ – сухангӯи сафорати Тоҷикистон – ба Радиои Озодӣ гуфт, “ҳоло ин хабарҳоро таҳқиқ мекунем, ки то куҷо ҳақиқат доранд ва чи тағйироте дар ин замина шудааст. Агар ҳақиқат дошта бошад, ба кори муҳоҷироне, ки ҳуҷҷати ронандагии Тоҷикистонро доранд ва аз ҳисоби ронандагӣ зиндагии худро пеш мебаранд, зарба хоҳад зад.”

Бозор ба танзим хоҳад даромад?

Каримҷон Ёров, як фаъоли ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик, гуфт, аз амалӣ шудани ин қонун ба он хотир ҳимоят мекунад, ки ба қавли ӯ ин бозори кор то ҳадде ба танзим хоҳад даромад. Аз тарафи дигар, ба қавли ӯ, “дар Русия категорияҳо ё зеркатегорияҳои нав пайдо шудаанд, ки дар ҳуҷҷатҳои мо нест. Яъне, мутобиқ нестанд. Инҳо зеркатегорияҳое ба мисли D1 ва ғайра мебошанд.”

Намунаи ҳуҷҷати ронандагии Тоҷикистон
Намунаи ҳуҷҷати ронандагии Тоҷикистон

Вай афзуд, “ин тасмим ба муҳоҷирон, хусусан, онҳое, ки нақлиёти ҷамъиятӣ доранд ва дар корхонаҳо кор мекунанд зарари зиёд ворид мекунад. Лекин қонун инро ҳам пешбинӣ кардааст, ки онҳо бо супоридани имтиҳон метавонанд ҳуҷҷати худро иваз кунанд.”

"Вақт надорам..."

Дар ҳамин ҳол, Ҳоҷишаҳоб Мирзоалиев, як таксирони 50-солаи тоҷик, дар Санкт-Петербург мегӯяд, шаҳодатномаи даврони Шӯравӣ дорад ва то ҳанӯз ҳеҷ мушкил барояш пеш наомадааст. Аммо, ба гуфтаи вай, агар чунин қонун дар амал иҷро шавад ва шаҳодатномаҳои Тоҷикистонро беэътибор бидонанд, омода аст ба кори дигар гузарад.

Саид Гулаёзов, таксирони дигари тоҷик, гуфт, ба далели набуди вақт намехоҳад, барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагии Русия иқдом кунад. “Зану фарзанд дорам. Агар каме маблағ ба даст биёяд, онро ба хона мефиристам. Барои хондан ва супоридани имтиҳони ронандагӣ фурсат надорам”, - гуфт ӯ. Аммо афзуд, ҳар боре, ки ба дасти нозирони роҳ меафтад, 5 ҳазор рубл ҷарима мешавад.

Тоҷикистон соли 2014 парвонаи ронандагиро иваз кард

Ҳанӯз моҳи ноябри соли 2013 мақомоти Русия ба манъи парвонаҳои тоҷикӣ дар қаламрави ин кишвар амр дода буданд. Як садамаи роҳ дар шаҳри Самара гӯё сабаби ин тасмим шуд, дар ҳоле ки фалокатҳои роҳ бо иштироки шаҳрвандони дигари хориҷӣ низ ба амал меоянд.

Дар ин байн Тоҷикистон аввали соли 2014 парвонаҳои ронандагии худро иваз кард ва ба онҳо мақоми байналмилалӣ дод. Бо вуҷуди онки харҷи табдили шаҳодатномаҳои кӯҳна бо парвонаҳои нав гарон буд, садҳо нафар аз муҳоҷирон ба ватан баргашта ва бо иваз кардани шаҳодатномаи ронандагии худ бовар доштанд, дар Русия бе мушкил мошинронӣ хоҳанд кард. Аммо чанд моҷарои пурсарусадо нишон дод, парвонаҳои тоҷикӣ, ки ба забонҳои тоҷикӣ ва англисиянд, аз тарафи пулиси роҳи Русия нодида гирифта мешаванд.

Қазияи Саид Саидҷонов

Саид Саидҷонов
Саид Саидҷонов

Дар яке аз чунин воқеаҳо дар моҳи феврали соли равон муҳоҷири тоҷик Саид Саидҷонови 30-сола мавриди латукӯби сахти ду корманди полиси Русия қарор ёфт. Онҳо парвонаи Саидҷоновро бо баҳонаи “нофаҳмо” буданаш мусодира карданд ва ҳангоме ки барои гирифтани ин ҳуҷҷаташ ба шӯъбаи полис омад, латту кӯб шуд.

Ҳар сол то 1 миллион аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои кору зиндагӣ ба Русия мераванд. Бархеи онҳо дар кори сохтмону тиҷорат ва баъзеи онҳо аз мусофиркашонӣ маблағ ба даст меоранд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аммо ба далели буҳрони ду соли ахир дар Русия, сафари муҳоҷирони тоҷик ба он кишвар камтар шудааст.

XS
SM
MD
LG