Охири моҳи сентябр Вазорати нақлиёти ИМА эълон кард, ки додани санади ронандагӣ барои мошинҳои тиҷоратии боркаш маҳдуд мешавад.
Бар ин асос, танҳо онҳое, ки шаҳрвандии Амрико, “Green Card” ё раводиди корӣ доранд, ҳаққи рондани ин навъи нақлиётро хоҳанд дошт.
То ин вақт муҳоҷироне, ки ғайриқонунӣ вориди Амрико шуда буданд ва танҳо ҳуҷҷати ронандагӣ доштанд, имкони кор дар ширкатҳои боркашониро доштанд.
Садҳо муҳоҷири тоҷик танҳо бо доштани “CDL” дар ширкатҳои боркашонӣ кор мекарданд ва аз онҳо иҷозатномаи корӣ ё “Green Card” талаб намешуд.
Бархе аз муҳоҷирони тоҷики муқими Амрико дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки аллакай ҳаққи корро аз даст додаанд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое чарх мезананд, ки дар он дида мешавад, ронандагони мошинҳои боркашро нигаҳ дошта, санадҳояшонро тафтиш мекунанд ва ба боздоштгоҳҳо мебаранд.
Ба иттилои расмӣ, дар Амрико тақрибан 4 миллион ронандагони касбии мошинҳои боркаш фаъолият мекунанд, ки дар миёни онҳо ҳазорҳо муҳоҷир аз Африқову Осиёи Марказӣ ҳастанд.
Омори расмие дар бораи шумори ронандагони мошинҳои боркаш аз Тоҷикистон вуҷуд надорад, вале фаъолони тоҷик мегӯянд, солҳои ахир онҳо зиёд шуда буданд.
Доналд Трамп пас аз президент шуданаш сиёсати муҳоҷиратро тағйир дод ва маҳдудиятҳои зиёде ҷорӣ кард.
Дар даҳҳо шаҳру аёлати ИМА ҳоло зидди муҳоҷирони ғайриқонунӣ амалиёт анҷом медиҳанд.