Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди манъи ришу рӯсарӣ ба варзишгарони тоҷик


Парвиз Турсунов дар ҳайати дастаи "Хайр"-и Ваҳдат бозӣ мекард. Акс аз соли 2011
Парвиз Турсунов дар ҳайати дастаи "Хайр"-и Ваҳдат бозӣ мекард. Акс аз соли 2011

Варзишгарони тоҷик аз ҳаққи доштани риши баланд ва пӯшидани либоси мазҳабӣ, аз ҷумла рӯсарӣ, маҳрум хоҳанд шуд. Бар асоси тарҳи Кодекси одоби варзишгарони тоҷик, ки бори аввал аз тарафи Кумитаи ҷавонон омода ва барои баррасӣ пешниҳод шудааст, "варзишгарон, инчунин, набояд мӯйи сари баланд ва нохунҳои дароз дошта бошанд".

Ба хотири нагузаштани бемориҳои сироятӣ баъзе аз чизҳо, ба монанди нагузоштани ришу мӯйи сари баландро таъкид кардем. Сатр дар чанд намуди варзиш дар вақти сабқат халал мерасонад.
Намояндаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон

То кунун ҳузури баъзе аз варзишгарони тоҷик дар майдони футбол ё гуштӣ бо риши нисбатан баланд мушоҳида шудааст. Чанд сол қабл Парвиз Турсунов, бозигари тими "Хайр"-и Ваҳдат, низ ба далели риши дарозаш ба бозӣ роҳ дода нашуд ва ин баҳси зиёдеро ба по кард. Аммо мутахассисон мегӯянд, ки миёни бонувони варзишгари тоҷик пӯшидани либоси мазҳабӣ, ба мисли ҳиҷобу рӯсарӣ маъмул нест ва маълум нест, чаро ин масъала дар Кодекси одоб матраҳ шудааст.

Мақомоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон рӯзи 6 май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки барои таъини ин меъёр далелҳои худро доранд. Аз ҷумла, ба қавли Сӯҳроби Акбаршо, як масъули Кумита, “ин кор бо ҳадафи риояи тозагӣ аст. Ба хотири нагузаштани бемориҳои сироятӣ баъзе аз чизҳо, ба монанди нагузоштани ришу мӯйи сари баландро таъкид кардем. Сатр дар чанд намуди варзиш дар вақти сабқат халал мерасонад.”

Комроншоҳи Устопириён. Акс аз бойгонӣ
Комроншоҳи Устопириён. Акс аз бойгонӣ

Сӯҳроби Акбаршо гуфт, ин тарҳ ҳанӯз ниҳоӣ нест ва барои баррасӣ, аз ҷумла гирифтани фикру назари мутахассисон пешниҳод шудааст. “Баъд аз гирифтани таклифу пешниҳод шакли комили Кодекс аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ қабул карда мешавад. Риояи кодекс барои ҳамаи варзишгарон ва мураббиён ҳатмӣ мешавад. Ба хотири онки дар чанд маъракаи калон дар дохили ҷумҳурӣ баъзе аз варзишгарон ба бетартибӣ роҳ доданд”, - афзуд мусоҳиби мо.

Дар ҳоле ки баъзе аз варзишгарон аз вуҷуди Кодекси одоб тарафдорӣ карданд, аммо бархе аз онҳо мегӯянд, мавзӯи ришу рӯсарӣ дар ин маврид мисли тарошаи аз бом афтодааст. Бо ин ҳол бисёре аз онҳо нахостанд, ки ному насабашон бурда шавад. Фатҳулло Фатҳуллоев, нимҳимоятгари дастаи “Истиқлол”-и Душанбе гуфт, риши онҳо ҷойе барои нигаронӣ надорад. "Вақти зиёди мо дар тамрину бозӣ ва сафар мегузарад ва барои нигоҳубини худ фурсати кам дар ихтиёр дорем. Барои ҳамин, бисёр вақт варзишгарон риш мемонанд. Аммо агар аз тарафи давлат муқаррар шавад, онро риоя мекунем."

Фатҳулло Фатҳуллоев
Фатҳулло Фатҳуллоев

Дар Тоҷикистон барои нахустин бор тарҳи Кодекси одоби варзишгарон омода шудааст. Масъалаи таҳияи ин кодекс охири моҳи марти имсол, баъд аз қазияи баҳсбарангези паҳлавони шинохтаи тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар Наврӯзи имсол дар Душанбе ба миён омад. Мақомот гуфтанд, Устопириён дар мусобиқаи рӯзи 23 март дар “Наврӯзгоҳи пойтахт” бо ишораи даст дашном додааст ва то моҳи апрели соли 2019 аз иштирок дар ҳамагуна мусобиқаҳои гуштии миллӣ дар кишвар маҳрум аст.

Дар тарҳи Кодекси одоби варзишгарон ҳам гуфта шудааст, ки “варзишгар бояд дар майдон ё ҷараёни баргузории мусобиқа ба ҳар гуна ишораҳои иғвоангез (провокатсия) роҳ надиҳад” ва “ҳар варзишгаре, ки дар як намуд қоидаҳои рафторро вайрон менамояд, аз иштирок дар ҳама гуна намудҳои варзиш маҳрум карда хоҳанд шуд.”

Қаблан мақомот гуфта буданд, ки ба тамоми мактабҳои варзишии Тоҷикистон дастур додаанд, то миёни дастпарварони худ дар мавзӯи одобу ахлоқ “корҳои фаҳмондадиҳӣ” гузаронанд. Ба қавли мутахассисони соҳаи варзиш, варзишгар, ки чеҳра ва муаррифгари як миллат дар сабқатҳои ҷаҳонӣ аст, бояд бо рафтору одоби худ ва ҳатто сару либос худ фарқ кунад ва намунаи олӣ бошад.

Аммо бархе аз варзишгарон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ахлоқи онҳо ба ҳадди ташвиш нарасидааст ва набояд мояи нигаронӣ бошад. Онҳо гуфтанд, ҳама гуна кӯшиши ба чаҳорчӯбаи танг ворид кардани фаъолияти онҳо метавонад бисёриҳоро ё аз майдони сабқат берун кунад ё маҷбур кунад, берун аз ватан ба кору зиндагӣ машғул шаванд. ​

XS
SM
MD
LG