Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мушкили Тоҷикистону Эрон коҳиши эътимод аст" ВИДЕО


Ҳасан Рӯҳонӣ
Ҳасан Рӯҳонӣ

Ҳасан Рӯҳонии 68-сола дубора раиси ҷумҳури Эрон интихоб шуд ва то чаҳор соли дигар зимоми қудрат дар Ҷумҳурии Исломиро дар даст хоҳад дошт. Абдулризо Раҳмонии Фазлӣ, вазири умури дохилии Эрон, рӯзи 20-уми май тавассути телевизиони давлатӣ гуфт, ки ба тарафдорӣ аз ин номзади ислоҳталабон 57 дар сад (23 миллиону 949 ҳазору 616 нафар) раъй додаанд.

Сокинони Теҳрон аз пирӯзии Ҳасан Рӯҳонӣ дар интихоботи Эрон хушҳоланд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:10 0:00

Иброҳим Раисӣ, номзади усулгароён ва рақиби асосии оқои Рӯҳонӣ, 38,3 дар сади раъйи сокинонро соҳиб шуда, ба дунболи ӯ Мустафо Мирсалим ва Ҳошимӣ Табо ҷой гирифтаанд. Барои иштирок дар интихоботи президентии Эрон, дар маҷмуъ, шаш нафар сабтином шуда, аммо ду тани онҳо аз идомаи рақобат даст кашиданд.

Дар пушти ҳамин шом, яъне муносиботи сарде, ки шумо таъкид кардед, албатта, саҳаре аст. Ҳамкориҳои хеле зиёдеро дар нақша дорем ва амалӣ хоҳем кард.
Сайфулло Сафаров

Мақомоти Эрон мегӯянд, ки дар интихоботи рӯзи ҷумъа беш аз 41 миллион нафари қобили раъй иштирок карданд. Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ, дар паёме ҳузури шаҳрвандон дар интихоботи рӯзи ҷумъаро "пуршӯру густарда" номид ва аз онҳо сипосугзорӣ кард. Абдулризо Раҳмонии Фазлӣ, вазири умури дохилии Эрон низ дар суханони худ аз "амнияти хуб дар баргузории интихобот" хабар дод.

Бархе аз сокинони Эрон аз интихоби дубораи Ҳасан Рӯҳонӣ, ки дар чаҳор соли гузаштаи раёсаташ созиши ҳастаиро имзо ва баъзе таҳримҳоро аз сари кишвараш дур карда буд, истиқбол намуданд. Вале онҳое низ ҳастанд, ки аз ҳукумати ӯ чандон ризо нестанд.

Дар Тоҷикистон низ бархе афрод ҷараёни интихоботи Эронро пурра назорат доштанд ва ҳоло ин суол матраҳ аст, ки бо интихоби дубораи Ҳасан Рӯҳонӣ равобити ояндаи Душанбеву Теҳрон дар чӣ сатҳе хоҳад буд? Онҳо мегӯянд, Эрон дар гузашта дар баробари Чину Русия яке аз сармоягузорони аслӣ дар иқтисоди Тоҷикистон буд ва танҳо ҳамкории хуб метавонад, ки ба нафъи ду тараф бошад.

Қосимшоҳи Бемуҳаммад, таҳлилгари тоҷик, рӯзи 20-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, зоҳиран ҳукумати Рӯҳонӣ чаҳор соли дигар барои ҳалли мушкилаш бо Ғарб банд шуда, ба муттаҳидони пешини Ҷумҳурии Исломӣ дар аҳди Маҳмуди Аҳмадинажод, аз ҷумла Тоҷикистон, таваҷҷуҳи чандоне нахоҳад кард.

Қосимшоҳи Бекмуҳаммад
Қосимшоҳи Бекмуҳаммад

Вай дар масъалаи равобити ояндаи Тоҷикистону Эрон, ки тайи ду соли ахир ба мушкил печидааст, низ изҳори назар кард. Қосимшоҳи Бекмуҳаммад гуфт, "идомаи ин вазъ ба нафъи ҳеч як аз ду тараф нахоҳад буд. Зеро бо сипарӣ шудани замон ва фаъол шудани бозигарони минтақаӣ ва фароминтақаӣ дар Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон, бозгашти равобит ба сатҳи пешин сахттару сахттар хоҳад шуд. Як нукта рӯшан аст, ки беэътмодии миёни Тоҷикистону Эрон бар нигоҳи кишварҳои дигари минтақа нисбат ба Эрон бетаъсир намебошад. Бахусус, вақте ки масъала бо масоили сиёсӣ-динӣ иртибот дода мешавад. Бинобар ин, бо таваҷҷуҳ ба собиқаи чандқарнии дипломатияи Эрон хелеҳо ин интизорро доранд, ки дар давраи нави раёсати ҷумҳурии оқои Рӯҳонӣ гомҳои ҷиддитаре барои тармими равобити миёни ду кишвари бародар бардошта хоҳад шуд."

Даврони гармтарини равобити Тоҷикистону Эрон ба аҳди президентии Маҳмуди Аҳмадинажод (2005-2013) рост меояд.

Сайфулло Сафаров, муовини аввали Маркази тадқиқоти стратегӣ низ мегӯяд, ки Тоҷикистон ба беҳбуди равобит дар даври дувуми президентии Ҳасан Рӯҳонӣ умедвор аст. "Дар пушти ҳамин шом, яъне муносиботи сарде, ки шумо таъкид кардед, албатта, саҳаре аст. Ҳамкориҳои хеле зиёдеро дар нақша дорем ва иншоаллоҳ амалӣ хоҳем кард."

Сафаров гуфт, ки Тоҷикистон бо Эрон бародар аст ва дар ҳеч маврид нисбат ба бародари худ беэҳтиромӣ нахоҳад кард. "Муҳаббате, ки Тоҷикистон ба мардуми Эрон дорад, бо ҳеч вазн ва қимате онро баркашидан имкон надорад", - таъкид кард ӯ.

Сайфулло Сафаров
Сайфулло Сафаров

Эрон то ду соли пеш яке аз шарикону муттафиқони наздики Тоҷикистон буд ва ин қаробат танҳо бо ҳамкориҳои фарҳангӣ маҳдуд нашудааст. Вале баъд аз саркӯби ошӯби соли 2015-и Ҳоҷӣ Ҳалим ва ранҷиши Тоҷикистон аз меҳмондории Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби баъди ин ҳодисаҳо мамнӯъшудаи наҳзати исломӣ дар Теҳрон, тадриҷан равобити ду кишвар хеле маҳдуд шуд.

Аз ҷумла, дафтари Кумитаи Имдоди Хумайнӣ ва дигар созмонҳои марбут ба Ҷумҳурии Исломӣ дар Душанбе баста шуда, содир шудани виза барои шаҳрвандони Эрон дар фурудгоҳ бекор гардид. Барои вуруди бархе аз анвои ғизо аз Эрон ба Тоҷикистон низ таҳрим ҷорӣ ва вуруди моли эронӣ ба кишвар ҳам хеле маҳдуд шуд.

Муҳиддин Кабирӣ бо Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ
Муҳиддин Кабирӣ бо Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ

Аз дидгоҳи соли 2017, зоҳиран даврони гармтарини равобити миёни ду кишвар ба аҳди президентии Маҳмуди Аҳмадинажод (2005-2013) рост меояд. Аҳмадинажоду президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама робитаҳои хуби дӯстона дошта, ҳамроҳ бо раҳбари вақти Афғонистон Ҳомиди Карзай дар фикри таъсиси телевизиони муштараки форсизабон буданд ва ба таҷлили Наврӯзҳои байналмилалии якдигар мерафтанд. Дар замони раҳбарии Аҳмадинажод чанд тарҳи бузург, аз ҷумла нақби “Истиқлол” дар ағбаи Анзоб ва нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” бунёд шуд.

XS
SM
MD
LG