Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорат: "Ҳамагуна пулҷамъкунӣ аз волидон ғайриқонунист". ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҷамъоварии пул аз ҳисоби волидон барои таъмири мактабҳоро расман манъ карда, чунин амалро “ғайриқонунӣ ва нодуруст” хонд. Мақомоти ин ниҳоди давлатӣ гуфтанд, ки дар ин замина дастури расмӣ содир шуда, қарор натанҳо ба шаҳри Душанбе, балки ҳамаи минтақаҳои кишвар дахл дорад.

Ба мо чанд нафар муроҷиат кард. Як муаллимаи яке аз мактабҳои пойтахт гуфт, ки маблағҳоро ба мактаббачаҳо баргардонидем ва таъмирро ба дӯши худамон гузоштанд.

Моҳи гузашта шаҳрдории Душанбе ҷамъоварии маблағ аз ҳисоби волидонро барои таъмири мактабҳои пойтахт манъ кард ва гуфт, ин пул бояд аз буҷаи ҳукуматҳои маҳаллӣ ҷудо карда шавад. Икромиддин Донахонов, сардори раёсати иктисод ва банақшагирӣ дар Вазорати маориф ва илм рӯзи 15-уми июл гуфт, ки ин дастур аллакай содир шуда ва ҳамаи раҳбарони мактабҳо огоҳ карда шудаанд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Вазорати маориф: Пулҷамъкунӣ аз волидон ғайриқонунӣ аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:09 0:00

“Меъёр барои як мактаб 150 ҳазор сомонӣ аст, ки дар ҳамон маблағ таъмири муассиса низ пешбинӣ карда шудааст. Ҳоло дастур дода шудааст, ки ягон хел пулҷамъкунӣ нест ва ҳар он маблағе, ки ҷамъоварӣ карда мешавад, ғайриқонунӣ ва нодуруст аст”, - афзуд ӯ.

Икромиддин Донахонов
Икромиддин Донахонов

Ин иқдоми Вазорати маориф ва илм дар ҳоле эълон шуд, ки ба гуфтаи бархе аз волидон, дар мактабҳои Тоҷикистон ҳанӯз дар интиҳои соли хониш барои таъмири мактабҳои миёна аз онҳо пул гирифтаанд. Дар мактабҳои шаҳри Душанбе пас аз дастури шаҳрдорӣ ин пулҳо ба волидон баргардонида шуд, вале бархе аз мактабҳои пойтахт ин масъулиятро аз дӯши волидон бардошта, ба дӯши омӯзгорони мактабҳо гузоштанд.

Хабарнигори тоҷик Гулнора Насриддинова мегӯяд, “ба мо чанд нафар муроҷиат карданд. Як муаллимаи мактаби рақами 20-и пойтахт гуфт, ки маблағҳоро ба мактаббачаҳо баргардонидем ва таъмири мактабро ба зиммаи худамон гузоштанд. Мудири мактаб гуфтааст, ки муассисаро аз ҳисоби рухсатипулии худашон таъмир кунанд.”

Имсол бо қарори Вазорати маориф ва илм баргузории ҷашнҳои “занги камолот” ва “хайр, боғча” дар мактабу кӯдакистонҳо комилан манъ шуд.

Сабаби иҷро нашудани чунин дастур дар мавриди хатми ҷамъоварии пул аз волидони мактаббачаҳо барои таъмиру хароҷоти дигари мактаб ниёзмандии буҷаи мактабҳо ва даромади ночизи устодон гуфта мешавад. Гулнора Насриддинова гуфт, “қарор мебароранд, муаллимон як-ду моҳ эҳтиёт мешаванд ва боз ҳамон маблағситонӣ сар мешавад. Аз аввали соли хониш боз барои фонди синфу фонди мактаб пул ҷамъ мекунанд.”

Ба далели камбуди ҷиддӣ дар буҷаи мактабҳо бархе аз волидон розӣ ҳастанд, ки барои пуштибонии муаллимон ва беҳтар шудани шароити таҳсили фарзандонашон ба мактаб кумак кунанд. Бибихон Меликова, як сокини Душанбе, гуфт, “ақаллан 50 фоиз пули таъмирро диҳем. Масалан, агар пули таъмир 30 сомонӣ муқаррар шавад, 15 сомониашро мо диҳем. Барои онки мактаб ҳам ранги хона аст, фарзанди мо як сол дар онҷо мехонад.”

Гулнора Насриддинова
Гулнора Насриддинова

Имсол бо қарори Вазорати маориф ва илм баргузории ҷашнҳои “занги камолот” ва “хайр, боғча” дар мактабу кӯдакистонҳо комилан манъ шуд. Ҳатто дастур дода шуд, ки туҳфапулӣ барои устодони хатмкунандаҳоро бозпас ба волидони мактаббачаҳо баргардонанд.

Аммо ҳанӯз маълум нест ин дастур ва қарорҳо то кай мавриди иҷро боқӣ мемонанд. Зеро теъдоде аз волидони сарватманд ҷонибдори кумаки молӣ ба мактаб ва устодони фарзандонашон ҳастанд.

XS
SM
MD
LG