Хабари нав

Устопириён: Тамоми кӯшишро мекунам, ки аз Маҷористон бе медал барнагардам. САДО

Комроншоҳи Устопириён.
Комроншоҳи Устопириён.

Комроншоҳи Устопириён – паҳлавони маъруфи тоҷик – гуфт, ки аз ҳоло барои соҳиб шудан ба медали тилои Ҷоми ҷаҳонии ҷудо ё дзюдо дар Венгрия (Маҷористон) талош дорад. Ӯ рӯзи 23-юми июл, баъди ба даст гирифтани медали нуқраи Ҷоми ҷудои Аврупо дар шаҳри Мински Беларус, дар ин бора бо Радиои Озодӣ суҳбат кард.

Комроншоҳ: Ба бозиҳои қаҳрамонии ҷаҳон дар Олмон омодагӣ мегирам
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:23 0:00
Линки мустақим

Комроншоҳ гуфт, мусобиқаи Минск як навъ марҳилаи омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳонии дзюдо буд ва ӯ тавонистааст, ки ин зинаро паси сар гузорад. Ҷоми ҷаҳонии дзюдо дар Венгрия аз 28-уми август то 3-юми сентябри имсол баргузор хоҳад шуд.

Ин паҳлавони тоҷик, ки охири моҳи март аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳои дохилии кишвар маҳрум шуд, рӯзи якшанбе дар вазни зери 90 кило дар Ҷоми ҷудои Аврупо дар Минск ба майдон баромад. Ӯ баъди ду пирӯзӣ дар даврҳои муқаддамотӣ бар Виктор Клиавусау (Беларус) ва Александр Федосов (Русия), дар даври баъдӣ аз Ли Кохман (Исроил) шикаст хӯрд. Комроншоҳ дар мубориза барои медали биринҷӣ бар ду гуштигири Маҷористон - Заболкс Крижан ва Габор Вер – дастболо шуда, мақоми севумро касб кард.

Дар вазни зери 90 кило Яҳор Варапаеви беларус, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Ли Кохмани исроилӣ ғолиб омад, мақоми аввалро соҳиб шуд.

Зимнан, Комроншоҳи Устопириён дар феҳристи Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) бо 2160 имтиёз дар мақоми чаҳорум аст. Вале рақибони аслиаш дар Ҷоми Аврупо дар Минск, дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо нисбат ба Комроншоҳ дар зинаҳои поёнтар ҷойгир шудаанд. Варапаев бо 458 имтиёз дар зинаи 49-ум ва Кохман бо 400 имтиёз дар зинаи 54-ум қарор доранд.

Се намояндаи дигари Тоҷикистон – Садр Боев, Кароматулло Ҳакимов ва Маҳмадрасул Саидумаров – дар рақобатҳо дар вазни зери 81 кило дар даври муқаддамотӣ ноком шуда, аз идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум гаштанд.

Комроншоҳи Устопириён мегӯяд, тӯли як ҳафтаи дигар барои иштирок дар тамринҳои дастҷамъӣ дар Беларус монда, сипас ба Олмон хоҳад рафт. Ӯ гуфт, аз 1 то 25-уми август дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон ҳамроҳи мураббии наваш Воҳид Сарлак ва бародараш Фаридун Устопиров ба Ҷоми ҷаҳонии дзюдо дар шаҳри Будапешт, пойтахти Венгрия, омодагӣ мебинад.

“Ҳамаи кӯшиш барои медали тилои Чемпионати ҷаҳон аст. Ҳама варзишгарон барои медал мераванд. Омодагиамон ҷиддӣ аст ва ноумед нахоҳем кард”, - афзуд ӯ.

Комроншоҳи Устопириён рӯзи 28-уми марти имсол барои дашном додан дар мусобиқае дар "Наврӯзгоҳи пойтахт" то моҳи апрели соли 2019 аз иштирок дар ҳамагуна мусобиқаҳои гуштии миллӣ дар кишвар маҳрум шуд. Баъд аз ин қарор ӯ дар чанд сабқати минтақаӣ ва ҷаҳонӣ иштирок карда, аз ҷумла дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Ҳонконг, соҳиби медали тило гардид.

Соли гузашта низ дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Тошканд Комроншоҳи Устопириён дар вазни зери 90 кило ҳамаи рақибонашро шикаст дода ва соҳиби медали тилло гардида буд. Зимнан, ӯ нахустин гуштигири тоҷик аст, ки дар риштаи ҷудо ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфтааст.

​
XS
SM
MD
LG