Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ду тифли партобии тоҷикро ба Душанбе фиристод. САДО


Фотима ва Ҳусейн ҳангоми бозгашт ба Тоҷикистон рӯйи дасти намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Русия
Фотима ва Ҳусейн ҳангоми бозгашт ба Тоҷикистон рӯйи дасти намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Русия

Фотима ва Ҳусейн, дугоники тоҷик, ки модарашон дар Русия аз онҳо даст кашидааст, ба Тоҷикистон оварда шуданд. Ин ду тифли тоҷик 13-уми марти имсол дар яке аз таваллудхонаҳои шаҳри Маскав ба дунё омада, пас аз даст кашидани модар, ба ихтиёри мақомоти тоҷик гузаштанд.

Як зани тоҷик дар Русия аз баҳри дугоникаш гузашт. Чаро?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:26 0:00
Линки мустақим

"Касе хоҳад, ба фарзандхонӣ мегирад"

Моҳи январи соли 2013 дар маросими гусели чаҳор тифли ятими тоҷик ба ватан, ки дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав барпо шуд, сафири собиқ Абдулмаҷид Достиев гуфта буд, ки "Тоҷикистон фарзандони нодаркор надорад".

Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия, рӯзи 4-уми октябр гуфт, кӯдакон феълан ба ватан расиданд ва барои парасторӣ ба ятимхона супурда шудаанд. Ӯ гуфт, ки “вақте сафорат аз даст кашидани модари тоҷик аз ин кӯдакон хабар ёфт, фаврӣ барои баргардондани онҳо ба ватан изҳори омодагӣ кард. Ҳоло онҳо дар ватан қарор доранд ва агар касе хост, бар асоси қонун ба фарзандхонӣ мегирад.”

Тибқи иттилои сафорати Тоҷикистон дар Русия моҳи майи имсол низ панҷ тифли дигар ба ватан оварда шудааст. Инҳо кӯдаконе будаанд, ки соли 2016 ба дунё омада, бо далелҳои гуногун волидон аз онҳо даст кашидаанд. Аз онҳо, сафорат Кулулаев Руслан, Назиров Руслан, Юрченко Ситора, Муслатдинов Саид ва Каримов Қурбон ном мебарад. Масъулони сафорат мегӯянд, аксари модарон дар аризаҳои худ сабаби даст кашидан аз тифлонашонро “надоштани шароит” унвон мекунанд.

"Вақте никоҳ надоранд..."

Ин кӯдаконро моҳи май аз Русия ба Тоҷикистон оварданд
Ин кӯдаконро моҳи май аз Русия ба Тоҷикистон оварданд

Бобохон Иброҳимов, як муҳоҷири тоҷик дар Русия, рӯзи 4-уми октябр гуфт, аз рӯи мушоҳидаҳои ӯ аксаран занони тоҷик аз фарзандоне даст мекашанд, ки бидуни никоҳ ба дунё омадаанд. Ӯ гуфт, “занҳои хуби муҳоҷир, ки дар Русия оила доранд, бисёранд. Лекин то ҷое медонам, онҳое аз фарзандонашон даст мекашанд, ки никоҳ надоранд.”

Аммо занони муҳоҷир мегӯянд, воқеан, тангдастӣ ва шароити нохуб занҳоро ба чунин тасмим водор мекунад. Гулдона Норова, як зани муҳоҷири тоҷик дар Русия, рӯзи 4-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аксари ин кӯдакон бидуни хоҳиши волидон ба дунё меоянд.

"Кӣ мехоҳад, аз баҳри тифлаш бигузарад?"

Агар кӯдакро гирифта, ба ватан барад, ҳазор овозаи дигар атрофаш мебофанд. Худашон дар инҷо кори дурусту ҷои зисти доимӣ надоранд. Ин занҳоро ҳам фаҳмидан мумкин аст.

Ин зан, ки 8 сол боз дар Русия муҳоҷири меҳнатӣ ҳаст, гуфт, “занҳои муҳоҷир дар шароити душвор кору зиндагӣ мекунанд, ки имкони нигоҳубини кӯдакро надоранд. Онҳо худашон аз шавҳаронашон ҷудо шуда, ба Русия омадаанд. Инҷо бо ягон марди тоҷик ё қафқозӣ никоҳ мекунанд. Вақте ҳомила шуданд, дар бисёр вақт шавҳар онҳоро тарк мекунад. Агар кӯдакро гирифта, ба ватан барад, ҳазор овозаи дигар атрофаш мебофанд. Худашон дар инҷо кори дурусту ҷои зисти доимӣ надоранд. Ин занҳоро ҳам фаҳмидан мумкин аст. Кадом модар мехоҳад, тифли нӯҳ моҳ дар батнаш нигоҳдоштаро аз баҳраш гузарад? Хеле зӯрашон меояд, ки ин корро мекунанд.”

"Тоҷикистон фарзандони нодаркор надорад”

Ин ҳам акси яке аз тифлонест, ки аз Русия ба Тоҷикистон оварда шудааст
Ин ҳам акси яке аз тифлонест, ки аз Русия ба Тоҷикистон оварда шудааст

Сафорати Тоҷикистон дар Русия пайваста барномаҳои бозгардони атфоли ятиму партофташудаи тоҷикро аз ятимхонаҳои Русия роҳандозӣ мекунад. Моҳи октябри соли гузашта низ чаҳор тифли ятим ба Тоҷикистон фиристода ва ба тарбияи ятимхонаҳои ин кишвар гузаштанд. Моҳи январи соли 2013 дар маросими гусели чор тифли ятими тоҷик ба ватан, ки дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав барпо шуд, сафири собиқ Абдулмаҷид Достиев гуфта буд, ки "Тоҷикистон фарзандони нодаркор надорад”.

Тоҷикистон мегӯяд, интиқоли кӯдакон ба ватан тибқи муқаррароти Конвенсияи Кишинёв сурат гирифтааст. Дар солҳои истиқлолият даҳҳо тифли ятим ва партофташудаи тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон интиқол ёфта, бархеи онҳо дар Тоҷикистон ба тарбияи волидони нав ва ё зери назари хешовандони худ гузаштанд. Сафорат мегӯяд, танҳо дар Тоҷикистон 800 оилаи бефарзанд дар навбати фарзандхонӣ истодаанд.

XS
SM
MD
LG