Дар чанд ҷумла
Нурбибӣ Мансурова аз Саудӣ ба Тоҷикистон баргардонида шуд

Нурбибӣ Мансурова, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки мегуфт, дар хонаи марди арабе зери шиканҷа қарор дорад, шаби шанбе ба якшанбе аз Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон расидааст. Ин зан душанбеи 9-уми октябр дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки пас аз расидан ба Тоҷикистон, кормандони ВКД бо ӯ суҳбати кутоҳ анҷом доданд ва сипас ӯ ба дидори хонаводааш ба Восеъ рафт. Ин зан гуфт, ки баъди дидор бо фарзандон, ҳоло ба Душанбе раҳсипор аст ва ӯро барои сӯҳбат ба Вазорати корҳои дохилӣ Тоҷикистон даъват кардаанд.
Ӯ афзуд, умед надошт, ки аз хонаи араб раҳо шавад, аммо бо кӯмаки кормандони сафорат ва ВАО, тавонист ба дидори наздиконаш бирасад. "Ман аз ҳамаи он афроде, ки барои раҳоии ман кӯшиш карданд, миннатдорам. Шаби якшанбе ман ба хонаам расида омадам. Маро кормандони Вазорати корҳои дохила пешвоз гирифтанд. Баъди сӯҳбат бо кормандони милиса, ман ба Восеъ омадам ва имрӯз даъват шудам, ҳоло дар роҳ ба сӯи Душанбе ҳастам",--гуфт Нурбибӣ Мансурова ба Радиои Озодӣ
Нурбибӣ Мансурова, сокини ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ду ҳафтаи қабл дар як тамоси видеоӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, гӯё ширкати “Имкон-2015” бо роҳи фиреб ӯро ба Арабистони Саудӣ бурдаааст ва ӯ дар хонаи корфармо чун ғулом ба сар мебарад. Нурбибӣ Мансурова гуфта буд, соҳибхоназан бо духтараш рӯзе нест, ки ӯро зери латту кӯб қарор надиҳанд.
Нурбибӣ Мансурова дар шаҳри Ал-Қурияи Садиқаи Ас-Сафири Арабистони Саудӣ дар хонаи марди арабе хидматкор буд. Ин зан дар ҳоле ба ватан оварда баргаштш, ки Додситонии кул нисбат ба ширкате, ки ӯро барои кор ба Арабистони Саудӣ фиристод, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Изҳори омодагии Трамп ба оғози таҳримҳои нав алайҳи Русия

Раиси ҷумҳури Амрико, Доналд Трамп дар сӯҳбат бо хабарнигорон ба оғози “марҳилаи дуввум”-и таҳримҳо алайҳи Русия, дар пайванд ба ҷанги Украина изҳори омодагӣ кард.
Вай ин масъаларо зиёд тавзеҳ надод. Аммо қаблан президенти Амрико гуфта буд, ки дар сурати ба даст наомадани пешравӣ дар музокироти сулҳ дар Украина, алайҳи Русия таҳримҳои нав ҷорӣ мекунад.
Пас аз аз мулоқот бо президенти Русия, Владимир Путин дар Аляска рӯзи 15-уми сентябр, Трамп гуфта буд, ки ду ҳафта мунтазири мавқеи Маскав мемонад ва баъд тасмим хоҳад гирифт.
Шаби 7-уми сентябр Русия бо истифодаи садҳо бесарнишин ба Украина ҳамла кард. Дар натиҷа чаҳор нафар кушта шуда, ба бинои ҳукуматӣ дар маркази Киев зарар расидааст. Раҳбарони бархе аз кишварҳои ғарбӣ, ин амалро як нишонаи дигаре барои омода набудани Русия ба сулҳ номидаанд.
Вазири молияи ИМА, Скотт Бессент пештар дар сӯҳбаташ бо NBC News изҳор дошт, ки Амрико ба “идомаи фишорҳо алайҳи Русия” омода аст, вале қарор аст ин ҳамзамон бо амалҳои дигар шарикони ИМА сурат бигирад.
Вазири молияи Амрико ҳушдор додааст, ки ҷорӣ шудани таҳримҳои иловагии навбатӣ алайҳи кишварҳое, ки ба харидории анфти Русия идома медиҳанд, метавонад ба иқтисоди Русияро зарба занад.
“Ҳоло мо дар як сабқати ширкат дорем, ки бояд дар он нишон дода шавад, артиши Украина то кай муқовимат ва иқтисоди Русия то куҷо тобовар хоҳадбуд.” - афзуд, вай ва илова кард, ки “Агар ИМА ва Иттиҳоди Аврупо дахолат карда, ба кишварҳои харидори нафти Русия таҳрим ва боҷи иловагӣ ҷорӣ кунанд, иқтисоди Русия пурра касод хоҳад шуд ва ин президент Путинро водор мекунад, ки сари мизи музокирот нишинад.”
Аз оғози кори маъмурияти нави ИМА алайҳи Русия таҳриме ҷорӣ нашуда буд. Дар айни замон таҳримҳои қаблан ҷорӣ шуда ҳам аз байн бурда нашудаанд.
Ҳамлаи сагҳои дайду ба 17 нафар дар Ҳисор

Дар пайи ҳамлаи сагҳои оворагард дар деҳаи Гулхании шаҳри Ҳисор 17 нафар осеб дида, ба беморхона интиқол ёфтаанд.
Ҳодиса бегоҳи рӯзи ҷумъа, 5-уми сентябр рух додааст. Илҳом Қараев, сардухтури беморхонаи ин шаҳр дар як тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ ҳодисаро тасдиқ кард ва гуфт, аксарият аз рӯй ва даст зарар дидаанд. Беморон ҳама дар як рӯз муроҷиат кардаанд.
Ҳоло ба гуфтаи вай 6 нафар, ки аксарият наврасонанд дар беморхона бистариянд ва ба дигарон пас аз гирифтани эм ё ваксина ҷавоб дода шудаанд. Қараев афзуд, вазъи саломатии афроди аз ҳамлаи сагҳо зарардида вазнин нест.
"Рӯзи чоршанбе ҳамаашро як бори дигар аз назар мегузаронем ва ҷавоб медиҳанд. Ҳамааш Иммуноглобулин (муқовимати дарунӣ) гирифтаанд, чун ин кӯдакҳо аз рӯй зарар дидаанд. Аз рӯйи тақвим чӣ тавре, ки муайян шудааст, боқимондаи дорӯро ҳам мегузаронем."
Дар аксҳое, ки корбарон фиристодаанд, чанд кӯдаке дида мешавад, ки бо сару рӯйи хуншору баста дар беморхона қарор доранд.
Ҳодисаи ҳамлаи сагҳои оворагард ба одамон дар минтақаҳои Тоҷикистон ҳар сари чанд вақт мушоҳида мешавад. Чанд сол инҷониб дар кишвар безараргардонӣ ё куштори сагҳои дайду идома дорад.
Масъулон эътироф мекунанд, ки ҷой ва имконияти нигоҳубини сагҳои оворагардро надоранд ва бештар ин ҷонварон қатл мешаванд. Дар гузашта ин амал боиси интиқоди ҷонвардӯстдорон шуда буд. Онҳо гуфта буданд, ки мақомот ба ҷойи нигаҳбонии сагҳо дар макони махсус онҳоро бераҳмона нобуд мекунанд.
Мушоҳидаи Моҳи "хунин" дар Тоҷикистон

Дар осмони Тоҷикистон сокинон шаби 7-уми сентябр Моҳи хунин ё лаҳзаи гирифтани моҳро мушоҳида карданд.
Гирифти Моҳ аз соати 20: 28 оғоз шуда, он ба таври комил тақрибан соати 23 ба вақти Душанбе зери сояи замин рафт. Дар маҷмӯъ ҳодисаи гирифти моҳ ё Хусуф беш аз 5 соат давом кард.
Нуҷумшиносони тоҷик аз пеш эълон карданд, ки шаби 7 ба 8-уми сентябр ҳодисаи гирифти пурраи Моҳ аз Тоҷикистон мушоҳида хоҳад шуд. Барои дидани ин лаҳза дар расадхонаи Ҳисор рӯзи дарҳои боз эълон шуда буд. Шавқмандон дар ин ҷо ҷамъ омада, бо телескопу дастгоҳҳои дигар Моҳро аксбардорӣ ва мушоҳида карданд.
Гирифтани моҳ падидаи ҷолиби кайҳонист ва замоне сурат мегирад, ки Замин аз байни Офтоб ва Моҳ ҳамсафари зебояш ҳаракат мекунад ва инсонҳо сояи курраи азимеро, ки болояш истодаанд, дар рӯи Моҳ мебинанд. Аз ин ҳодиса "Моҳи хунин" ҳам ном мебаранд.
Муннаҷимон мегӯяд, гирифти моҳтоб як ҳодисаи табии аст, ки беш аз 6 ҳазор сол боз мушоҳида мешавад. Ба таъкиди онҳо дар ин ҳодисаи кайҳонӣ ҳар гуна хосияти бад ҷустан маънӣ наорад.
Сокинони Тоҷикистон соли 2018 ҳам ҳодисаи пурра зери пардаи сиёҳ мондани моҳро мушоҳида карда буданд. Он сол ҳам гурӯҳе аз шавқмандон ва дӯстдорони илми нуҷумшиносӣ дар расадхонаи Ҳисор ҷамъ омада, дарзотарин ҳодисаи гирифти моҳро тамошо карданд.
Трамп гуфт, ИМА бо ҲАМОС гуфтугӯ мекунад

Доналд Трамп, президенти Амрико гуфт, ки бо гурӯҳи ҲАМОС (созмони террористӣ дар ИМА ва Иттиҳоди Аврупо) барои раҳоии гаравгонҳои боқимонда дар Ғазза “гуфтугӯи амиқ” анҷом медиҳад.
Ба гуфтаи Трамп, ИМА аз ҲАМОС талаб кардааст, ки фавран гаравгонҳои боқимонда, ки аз рӯзи 7-уми октябри соли 2023 гаравгон ҳастанд, раҳо созад. Президент гуфтааст, ки тибқи иттилои ӯ бархе гаравгонҳо ба наздикӣ ҳалок шудаанд.
Расонаҳо хабар доданд, ки Стив Уиткоф, фиристодаи вижаи ИМА дар умури Ховари Миёна бо мақомоти фаластинӣ дар мавриди оташбас дар Ғазза ва раҳоии гаравгонҳо гап мезанад.
Дар ин гуфтугӯҳо Ҷаред Кушнер, мушовири Қасри Сафед ва домоди Доналд Трамп низ ҳузур дорад.
Наздикони гаравгонҳо аз Доналд Трамп барои талошҳояш сипосгузорӣ кардаанд.
Тибқи иттилои расмӣ, ҳанӯз дар дасти гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Ғазза 48 гаравгон боқӣ мондааст. Расонаҳо хабар доданд, ки эҳтимол 26 нафари онҳо кушта шудааст.
Исроил баландошёнаҳои шаҳри Ғаззаро ба хок яксон кард

Артиши Исроил хабар дод, ки баландошёнаҳои шаҳри Ғаззаро мушакборон ва онҳоро пурра нобуд кардааст.
Артиши Исроил иддао дорад, ки баландошёнаҳо аз ҷониби ҲАМОС (Созмони террористӣ дар Аврупо ва Амрико) зидди сарбозони исроилӣ истифода мешуданд.
Ба гуфтаи ин ниҳод, зери баландошёнаҳо пойгоҳи ҲАМОС буда, онҷо силоҳу дигар муҳимот ҷангӣ захира карда буданд.
ҲАМОС чунин иддаои Исроилро борҳо рад кардааст.
Артиши Исроил пеш аз ҳамла ба сокинони биноҳо ҳушдор дода буд, ки онро тарк кунанд.
Расонаҳои маҳаллӣ навиштанд, ки ин биноҳо дар ҳамлаҳои ҷудогона пештар нимавайрона шуда буданд, вале ҳоло ба хок яксон шудаанд.
Мақомоти фаластинӣ мегӯянд, дар ҳамлаи рӯзи ахири Исроил даҳҳо зану кӯдак ва сокинони одӣ кушта шудаанд.
Шаҳри Ғазза, дар борикаи Ғазза охирин маконе буд, ки Исроил биноҳои баландошёнаи онро тахриб накарда буд.
Ин шаҳр, яке аз охирин паноҳгоҳи даҳҳо ҳазор мардуми овораи фаластинӣ буд, ки рӯзи 7-уми август атиши Исроил вориди он шуд. Созмони Миллали Муттаҳид ҳамлаи Исроил ба ин шаҳрро “фоҷеабор” номид ва аз ин кишвар хоста буд, ки ин корро накунад. Ин Созмон дар баёнияе гуфта буд, ки сокинони Ғазза имкони фирор ва ба ҷои дигар кӯчиданро надоранд ва ҳамла ба ин шаҳр қурбониёнро бештар хоҳад кард.
Исроил пас аз 7-уми октябри соли 2023 ба Ғазза барои нобудии ҲАМОС ҳамла кард. ҲАМОС он рӯз ба Исроил ҳамла карда, беш аз 1200 нафарро кушта ва зиёда аз 200 нафарро гаравгон гирифта буд. Исроил мегӯяд, то тамоми гаравгонҳоро озод накунад ва ҲАМОС-ро нобуд насозад, ҷангро бас намекунад. Созмонҳои байналмилалӣ аз шеваи ҷанги Исроил шадидан танқид мекунанд, ки боиси кушта шудани даҳҳо ҳазор зану кӯдак шудааст.
Дар бисёре аз кишварҳои дунё сокинон ба ин амали Исроил эътироз мекунанд.
Рӯзи 6-уми сентябр пулиси Лондон беш аз 150 нафар эътирозгаронро боздошт кард. Онҳо ҳукумати Бритониёро танқид карданд, ки дар баробари ноадолатиҳои Исроил боз ҳам аз ин кишвар пуштибонӣ мекунад.
Пулис Лондон гуфтааст, эътирозгарон аз созмони “Palestine Action” ҳимоят мекарданд, ки он дар ин кишвар созмони террористӣ дониста мешавад.
Мақомоти ин кишвар эътирозгаронро дар ҳамла ба кормандони пулис айбдор кард.
Мақомоти фаластинӣ мегӯянд, дар ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза аз октябри соли 2023 то кунун беш аз 63 ҳазор нафар кушта шудааст, ки аксари онҳо занону кӯдакон ҳастанд.
Исроил роҳҳои кумакрасонӣ ба Ғаззаро низ маҳдуд кардааст. Созмонҳои байналмилалӣ мегӯянд, мардуми Ғазза аз гуруснагӣ ва фақр ранҷ мекашанд.
Пизишкони Ғазза гуфтаанд, 367 нафар аз гуруснагӣ ҳалок шудааст.
Зеленский гуфт, Путин метавонад ба Украина биояд

Владимир Зеленский, президенти Украина гуфт, ки Путин метавонад барои музкирот ба Киев биояд, вале ӯ нияти рафтан ба Маскавро надорад.
Владимир Путин, президенти Русия рӯзи 3-юми сентябр гуфта буд, ки омода аст бо раисҷумҳури Украина мулоқот ва гуфтугӯ кунад, дар сурате, ки ба Маскав биояд, аммо гуфт, ҳанӯз маълум нест, ки оё чунин дидоре арзиш дорад ё не.
Дар посух Зеленский гуфт, дар шароите, ки кишвараш шабонарӯз зери мушакборон қарор дорад, наметавонад ба Маскав биравад.
Президенти Украина дар суҳбат бо телевизиони амрикоии ABC News гуфт, ки Путин бо чунин баҳона танҳо оғози музокирот барои сулҳро ба ақиб меандозад. Ба гуфтаи ӯ, Путин бо Амрико бозӣ мекунад.
Путин дар чанд суҳбаташ бо Доналд Трамп, президенти ИМА гуфта буд, ки омодааст, барои расидан ба сулҳ музокира кунад, вале ба ваъдаҳояш амал накард.
Доналд Трамп рӯзи 2-юми сентяр дар як мусоҳибаи радиоӣ гуфт, "ман аз президент Путин бисёр ноумед шудам”.
Бо гузашти беш аз се сол аз оғози ҷанги Русия алайҳи Украина ва талошҳои зиёд ҳанӯз ҳеч нишонае аз поён ёфтани ин ҷанг дида намешавад.
Русия шаби гузашта бо 800 бесарнишин ба Украина ҳамла кардааст

Дар пайи ҳамлаи бесарнишинҳои Русия ба Киев шаби 7-уми сентябр се нафар кушта ва 15 нафар маҷрӯҳ шудааст.
Виталий Кличко, шаҳрдори Киев хабар дод, ки дронҳои русӣ ба баландошёнаҳо бархурданд ва кушташудаҳо ду зан ва тифли яксола ҳастанд.
Русия шаби гузашта бо 800 дрон ё бесарнишин ба Украина ҳамла кардааст. Дар яке аз ин ҳамла бинои ҳукумати Украина дар Киев оташ гирифтааст.
Русия се сол пеш бе далел ҷанг бар зидди Украинаро оғоз кард. Ҳамарӯза Русия аз замину осмон ва баҳр ба хоки Укарина ҳамла мекунад. Дар бештар аз се соли ҷанг даҳҳо ҳазор нафар кушта ва миллионҳо нафар аз кишварашон фирор кардаанд.
Талошҳо барои сулҳ ҳанӯз натиҷае надодаанд. Мақомоти Украина мегӯянд, Русия майле барои поён додани ҷанг надорад.
Дар Тоҷикистон иҷоза доданд, ки 20 сар бузи нодир ва гарон шикор шавад

Ҳукумати Тоҷикистон имсол ба шикорчиёни хориҷӣ ҳақ додааст, ки 20 сар бузи нодири Морхӯр ё пармашохро шикор кунанд.
Морхӯр, аз нодиртарин ва гаронтарин ҷонвари шикорӣ дар Тоҷикистон аст, ки барои шикори як сари он наздик ба 400 ҳазор сомонӣ ё 40 ҳазор доллари амрикоӣ пардохт мешавад. Соли гузашта танҳо иҷозаи шикори 16 сар аз ин бузи нодир дода шуда буд.
Ҳукумати Тоҷикистон бо тасвиби санаде мавсими шикори тирамоҳӣ дар Тоҷикистонро аз 1-уми сентябр эълон кард, ки бар асоси он шикори 20 сар Морхӯр, 132 гусфанди кӯҳии архар ё “Марко Поло”, 18 гусфанди бухороӣ ва 10 хирси нохунсафед иҷоза дода шудааст.
Дар санад дида мешавад, ки иҷозаи шикори аксар ҳайвоноти нодир бештар шудааст. Соли гузашта танҳо шикори 110 гусфанди кӯҳии “Марко Поло” иҷоза дода шуда буд, вале имсол 22 сар бештар шудааст. Нархи шикори гусфанди “Марко Поло” наздики 60 ҳазор сомонӣ ва гусфанди бухороӣ беш аз сӣ ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст.
Иҷозаи шикори бештари ҷонварони нодирро мақомоти тоҷик ба афзоиши саршумори он рабт медиҳанд.
Бузи Морхӯр танҳо дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, Шӯроободи пешин ва ноҳияи Дарвоз дида мешавад. Ватани гусфанди архар ё “Марко Поло” ноҳияи дурдасти Мурғоб дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст.
Ҳамроҳ Аҳруллозода, як масъули Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон соли гузашта гуфта буд, ки ҷонварони нодирро “сад дар сад хориҷиён шикор мекунанд.”
Маҷаллаи илмии “Оryx”-и Бритониё соли 2023 хабар дод, ки як гурӯҳ пажӯҳишгарон дар Тоҷикистон ҷонварони нодирро ҳисоб карданд. Ба навиштаи ин маҷалла, бузи Морхӯр аз 500 сари чанд соли пеш ба 5 ҳазор сар дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.
Трамп фармони муҷозоти кишварҳои боздошткунандаи шаҳрвандони ИМА-ро имзо кард

Раисҷумҳури Амрико рӯзи 5 сентябр фармонеро алайҳи кишварҳо ва ниҳодҳое имзо кард, ки шаҳрвандони ИМА-ро ноодилона дар хориҷ аз ин кишвар боздошт мекунанд.
Тибқи ин қонун, Вазорати корҳои хориҷии Амрико метавонад кишварҳоеро, ки дар боздошти бесабаб ва ғайриқонунии шаҳрвандони амрикоӣ даст доранд ё аз он ҳимоят мекунанд, ҳамчун "пуштибони боздошти ноодилона", муаррифӣ кунад.
Кишварҳое, ки дар ин феҳрист қарор мегиранд, бо паёмадҳое чун таҳрими иқтисодӣ, маҳдудият дар додани раводид, қатъ ё маҳдуд кардани кӯмакҳои хориҷӣ ва ҳамчунин манъи сафари шаҳрвандони амрикоӣ ба он кишвар, рӯбарӯ хоҳанд шуд.
Ин тарҳ, ки аз системаи "кишварҳои ҳомии терроризм" нусхабардорӣ шудааст, абзорҳои наве ба Вазорати корҳои хориҷии Амрико медиҳад, то кишварҳоеро, ки аз амрикоиҳои боздоштуда ба унвои фишанги сиёсӣ истифода мекунанд, муҷозот кунад.
Ҳукумати Амрико шумори дақиқи шаҳрвандони боздоштшуда дар хориҷро ошкор намекунад. Бар асоси гузориши шабакаи хабарии CBS, дастикам 54 амрикоӣ дар соли 2024 дар 17 кишвар ба таври ноодилона зиндонӣ шуда, ё гаравгон гирифта шудаанд.
Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар ҳоли ҳозир 21 кишварро дар болотарин сатҳи ҳушдори сафар (сатҳи чаҳор -- "Сафар накунед") қарор додааст, ки Эрон, Афғонистон, Русия, Венесуэла ва Кореяи шимолӣ, ба он шомил мешаванд.
Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико дар баёнияе гуфт, "ҳамаи кишварҳо бояд аз ин феҳрист дурӣ кунанд. Касоне, ки аз амрикоиҳо ҳамчун гаравгони сиёсӣ истифода мекунанд, баҳои онро хоҳанд пардохт".
Ҳукумати Трамп дар матни ин фармон таъкид кардааст, ки "ҳеҷ амрикоӣ набояд дар ҳарос аз табдил шудан ба як мӯҳраи бозии сиёсии давлатҳои саркаш зиндагӣ кунад" ва ҳушдор додааст, ки Вашингтон бо истифода аз ҳама абзорҳои мавҷуд, бо ин падида муқобила хоҳад кард.
Путин дар бораи ҳадаф қарор гирифтани нерӯҳои хориҷӣ ҳушдор дод

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар бораи фиристодани ҳар гуна нерӯи хориҷӣ ба Украина ҳушдор дод ва эълон кард, ки онҳо "ҳадафи машрӯъ" хоҳанд буд.
Раисҷумҳури Русия рӯзи 5 сентябр дар як ҳамоиши иқтисодӣ дар шаҳри Владивосток гуфт, "агар ҳар нерӯе дар онҷо зоҳир шавад, ба вижа дар ҳоле, ки ҷанг ҷараён дорад, мо фарз мекунем, ки онҳо ҳадафи машрӯъ хоҳанд буд".
Ин изҳорот чанд соат баъд аз он сурат гирифт, ки раҳбарони кишварҳои аврупоӣ ҳамроҳ бо Канада, Ҷопон ва Австралия, бо андешаи фиристодани нерӯҳои сулҳбон ба Украина, бо ҳам мулоқот карданд.
Раҳбарони ин эътилоф рӯзи 4 сентябр бо Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина дар Порис дидор намуданд.
Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса, ки мизбони ин музокирот буд, гуфт, ки 26 кишвар ваъдаи фиристодани "як нерӯи боварибахш ба Украина ва ё ҳузур дар замин, баҳр ё ҳаво"-ро додаанд.
Иттиҳоди Аврупо сафирашро дар Тоҷикистон дигар кард

Радослав Дарски, муовини мудири раёсати сиёсати аврупоии Вазорати корҳои хориҷии Лаҳистонро, Сафири нави Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон таъйин кардаанд.
Аз соли 2022 дар ин мақом дилпомат аз Литва Раймундас Кароблис кор мекард. Ӯ раиси Дафтари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Покистон таъйин шудааст.
Сафири навтаъйини Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, хатмкардаи бахши равобити байналмилалӣ аз Донишгоҳи Вротслави Лаҳистон буда, забонҳои русӣ, англисӣ ва лаҳистониро медонад.
Ӯ дар гузашта дар вазифаҳои роҳбарикунанда дар намояндагиҳои Иттиҳоди Аврупо дар Узбекистон, Гурҷистон ва Белорус, кор кардааст.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки муовини аввали ин вазоратхона рӯи 5 сентябр нусхаи эътимодномаи раҳбари навтаъйини намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистонро қабул кардааст.
Иттиҳоди Аврупо яке аз шарикони муҳими Тоҷикистон ба шумор меравад ва солона ба бахшҳои гуногуни иқтисоди ин кишвар миллионҳо доллар кӯмак мекунад.
Ҷонибҳо дар масоили мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, идоракунии марз ва қочоқи маводи мухаддир, инчунин идоракунии об низ, ҳамкориҳо доранд.
Мухолифин ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон солҳои охир Иттиҳоди Аврупоро ба "чашмпӯшӣ" ба поймолшавии ҳуқуқи одамону озодиҳои бунёдӣ дар Тоҷикистону кишварҳои дигари минтақа танқид мекунанд.
Иттиҳоди Аврупо дар моҳи июли соли 2024 аз вазъи ҳомиёни ҳуқуқ, рӯзноманигорон ва блогерони зиндонӣ дар Тоҷикистон нигаронӣ карда, аз Душанбе хоста буд, ки нақзи ҳуқуқи инсонро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳқиқ кунад.
Трамп бовар дорад, ки Белорус садҳо зиндонии сиёсиро озод хоҳад кард

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико мегӯяд, ӯ бовар дорад, ки Белорус бисёре аз зиндониёни сиёсиро озод хоҳад кард.
Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башари Белорус, дар панҷ соли гузашта дар ин кишвар 8532 тан ба иттиҳомҳои ҷиноӣ бо ангезаҳои сиёсӣ, рӯбарӯ шуда, 7299 нафар ҷазо гирифтаанд.
Трамп рӯзи 5 август ба хабарнигорон гуфт, ӯ бовар дорад Белорус шумори зиёде аз 1400 зиндониро озод хоҳад кард ва мумкин аст ин кор дар ояндаи наздик сурат бигирад.
Трамп дар ин бора ҷузъияти бештар надод.
Раисҷумҳур Трамп ҳамчунин гуфт, ӯ рӯзи 15 август фақат чанд соат қабл аз мулоқот бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар Аляска, бо президенти Белорус телефонӣ тамос гирифтааст. Лукашенко бо Путин робитаҳои наздик дорад.
Трамп он замон дар расонаҳои иҷтимоӣ, Лукашенкоро ҳамчун "раисҷумҳури бисёр муҳтарам" ситоиш кард ва навишт, ки мавзуи асосии ин гуфтугӯ, озодии зиндониёни сиёсӣ будааст.
Ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, ки раҳоии садҳо зиндонии сиёсӣ мавриди истиқбол қарор хоҳад гирифт, аммо таъкид мекунанд, ки беҳтар аст ба саркӯбҳои густурда дар ин кишвар поён дода шавад.
Заминларза дигарбора шарқи Афғонистонро такон дод

Рӯзи 5-уми сентябр дар фосилаи 12 соат заминларза манотиқи шарқии Афғонистонро такон дода, заминларзаҳои маргбори ҳафтаи пешро ба ёд оварданд. Идораи зилзиласанҷии Олмон гуфт, таконҳо дар ҳамон манотиқе ба вуқӯъ пайвастаанд, ки заминларза дар чанд рӯзи пеш камаш 2200 нафарро кушт.
Созмони Милали Муттаҳид талош дорад, барои кӯмак ба мардуми манотиқи офатзада ҳадди ақалл 4 миллион доллар пайдо кунад. Хабаргузории Рейтерс имкон ёфтааст бо сокинони деҳоти вилояти Кунари Афғонистон ҳамсуҳбат шавад. Содиқи 12-сола ҳангоми заминларза дар хона зери хок мондааст. Ӯ мегӯяд, соатҳои дароз фарёд кашид, ки касе ӯро аз зери овор берун кашад. Содиқ: "Фикр кардам, ки касе зинда намондааст ва ин рӯзи қиёмат аст. Беист дод задам, ки касе маро наҷот диҳад. Вагарна мемурдам."
Зилзилаи 31-уми август яке аз маргбортарин заминларзаҳои Афғонистон шуд. Маркази он дар умқи даҳ километр дар марзи вилоятҳои Кунар ва Нангарҳори Афғонистон будааст. Такони дуюми замин 2 -уми сентябр ба вуқӯъ пайвста, боиси воҳимаи зиёд ва таваққуфи амалиёти наҷот гардида буд. Хавф зиёд буд, ки дар деҳоти дурдаст мардуми бештаре талаф хоҳад ёфт. Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз марги садҳо нафар дар ин фоҷиа изҳори ҳамдардӣ кард. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ гуфт бо мардуми осебдида ғамшарик аст.
Фиристодаи вижаи ОSCE ба Тоҷикистон меравад

Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо эълон кард, ки як намояндаи хоси ин созмон ба зудӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон сафар мекунад.
Дар баёнияи расмии созмон аз рӯзи 5-уми сентябр омадааст, ки боздили Терҳи Ҳакала, намояндаи вижаи раиси созмон дар кишварҳои минтақа, Тоҷикистон, Туркманистон ва Қирғизистон аз рӯзи 8 то 16-уми сентябр идома мекунад.
Дар баёния омадааст, ҳадаф аз сафар тақвияти ҳамкориҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ аст. Ҳангоми сафар, Терҳи Ҳакала, бо кормандони дафтарҳои созмон дар минтақа, намояндагони ҷомеаи маданӣ мулоқот мекунад ва бо ду тарҳи муҳими созмон ошно мешавад, ки яке ҳам Коллеҷи мудирияти марзҳо дар шаҳри Душанбе аст.
Тоҷикистон, ки дар гузашта бо Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ҳамкориҳои наздик дошт, моҳи марти имсол ба нозирони ин созмон иҷоза надод, ба кишвар биёянд ва ҷараёни интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагонро назорат кунанд, ки то куҷо шаффофу одилона ва мутобиқ ба меъёрҳои демократӣ сурат мегирад.
Раҳпаймоии низомӣ дар Душанбе ба муносибати таъсиси Горди миллӣ

Дар остонаи таҷлил аз 34-солагии истиқлолияти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе имрӯз як раҳпаймоии низомӣ дар ҳузури раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд. Паради ҳарбӣ ба муносибати 30-солагии таъсиси Горди миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо иштироки 5 ҳазор сарбози нерӯҳои мусаллаҳ, сохторҳои қудратӣ сурат гирифт.
Дар раҳпаймоӣ зиреҳпӯшҳо ва дигар техникаи ба намоиш гузошта шуд. Горди миллӣ соли 1995 дар заминаи як бригадаи зудамал бо номи Гвардияи президентӣ таъсис дода шуд. Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар раҳпаймоӣ гуфт, "дар шароити бисёр мураккабу ҳассоси ҷаҳони муосир, аз ҷумла шиддат гирифтани яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», амалҳои террористиву экстремистӣ, ҷиноятҳои киберӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккилонаи фаромиллӣ масъулияти ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ торафт зиёд мегардад”.
Президент аз низомиён хост, дар роҳи “устувории пояҳои давлатдорӣ” саҳмгузор бошад ва аз худ “хизмати содиқона” нишон бидиҳанд. Зимнан, аввалин фармондеҳи Горди президентӣ генерал Ғаффор Мирзоев буд, ки нӯҳ сол дар ин вазифа хидмат кард ва соли 2006 аз ҷумла бо гуноҳи хиёнат ба давлат, ба зиндони якумрӣ маҳкум шуд.
Гуфтугӯ