Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Отамбоев дар баҳси бархоста бо Қазоқистон олигархҳоро айбдор кард

Алмосбек Отамбоев ва Нурсултон Назарбоев
Алмосбек Отамбоев ва Нурсултон Назарбоев

Алмосбек Отамбоев – раиси ҷумҳури Қирғизистон – гуфт, ки вақте бо эҳсосот дар бораи президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев суҳбат мекард, шояд "ноҳаққӣ" кардааст. Ӯ рӯзи 18-уми октябр ҳангоми супоридани стипендияи президентӣ ба донишҷӯёни фаъол дар Бишкек дар ин бора изҳори назар кард.

Қаблан Отамбоев раҳбарияти Қазоқистонро барои ҳимоят аз Омурбек Бабанов, номзад ба мақоми президентӣ ва, ҳамин тавр, дахолат ба кори дохилии Қирғизистон, муттаҳам карда буд.

Раиси ҷумҳури Қирғизистон вазъ дар марзи Қирғизистон бо Қазоқистонро, ки дуруст баъд аз изҳороти ҷониби Бишкек ба вуҷуд омад, кори атрофиёни Назарбоев номид. Ӯ гуфт, “фикр мекунам, президенти Қазоқистон ҳатто дар ин бора гумон намекунад. Атрофиёни Назарбоев – олигархҳое, ки дар фикри Қазоқистону Назарбоев нестанд ва танҳо ояндаи худро меандешанд.”

Расонаҳои Қирғизистон аз қавли Алмосбек Отамбоев навиштанд, “имрӯз дар марзи Қирғизистону Қазоқистон мушкил ба миён омадааст. Бархе мегӯянд, ки тамоми роҳҳои ҳамлу нақли Қирғизистон аз Қазоқистон мегузаранд, ки ин нодуруст аст. Мо ҳамсояҳои дигар низ дорем. Дар ёдам ҳаст, ки чи гуна барқу гази моро қатъ карданд. Ҳоло мо бо Узбакистон, Чин ва Тоҷикистон муносибатҳои хуб дорем. Албатта, бояд роҳҳои дигари содироти маҳсулоти худро низ бояд пайдо кунем.”

Вазъи марзи Қазоқистону Қирғизистон 10-уми октябр номуътадил шуд. Ба огаҳии мақомоти қирғиз, Қазоқистон, аз соати 18:00-и 10-уми октябр убури марзро сангинтар кардааст, ки дар натиҷа дар гузаргоҳҳои марзии ду кишвар навбатпоии тӯлонӣ ба вуҷуд омад.

Бархе аз мусофирон санҷишҳои тӯлониро дар марз ба изҳороти президент Алмосбек Отамбоев рабт медиҳанд, ки мақомоти Қазоқистонро ба дахолат дар интихоботи президентии кишвараш айбдор кард.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Арзёбиҳо аз эҳтимоли афзоиши ҳамлаҳои террористӣ дар Аврупо

Як арзёбии амниятии расмӣ дар Иттиҳоди Аврупо аз "афзоиши нигаронӣ" аз эҳтимоли рух додани ҳамлаҳои интиқомҷӯёна дар Аврупо дар пайи ҷанги Амрико ва Исроил бо Эрон, хушдор медиҳад.

Ин арзёбии амниятӣ, ки Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ онро дастрас кард, бо ишора ба афзоиши хатар аз ҷониби Афғонистон ва Эрон ҳушдор медиҳад, ки терроризм ва ифротгароии хушунатомез "таҳдиде барои Иттиҳоди Аврупо" аст.

Дар ин санади 22-сафҳаӣ, ки онро Шӯрои Иттиҳоди Аврупо таҳия кардаст, бештар ахбор ва гузоришҳо дар соли 2025-ро мавриди баррасӣ қарор дода шудааст, на таҳдиҳои вобаста ба ҷанги Эрон.

Бо ин ҳама, ҳушдор дода шудааст, ки афзоиши таниш дар Эрон ва боло гирифтани сатҳи нигарониҳо аз фаъол шудани шабакаҳои гумошта ва гурӯҳҳо хуфта, барои анҷоми ҳамлаҳои интиқоҷӯёна дар Аврупо" доман задааст.

Тибқи ин санад, ин ҳушдор бештар дар бораи кишварҳое мувофиқат мекунад, ки шумораи мусалмонон ё яҳудиҳо дар онҳо зиёд аст.

Арзёбии амниятии Иттиҳоди Аврупо дар нигоҳ ба Афғонистон низ дар бораи таҳдиди "Гурӯҳи ДОИШ-и Хуросон" ҳушдор додааст. Ин шохаи ДОИШ ҳанӯз фаъол аст ва "яке аз таҳдидҳои хориҷии умда" барои Аврупо шумурда мешавад.

Туркия ва Қазоқистон паҳбодҳои ANKA месозанд

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия ва Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон созишнома дар бораи таъсиси корхонаи муштараки истеҳсоли паҳбодҳои ANKA-ро имзо карданд. Дар ин бора сайти расмии раёсати ҷумҳури Қазоқистон хабар дод.

Паҳбоди ANKA аз сӯи ширкати туркии Aerospace Industries таҳия ва барои маъмуриятҳои шиносоӣ, назорат ва зарбазанӣ пешбинӣ шудааст. Ин паҳбод аз соли 2013 ба ин сӯ мавриди истифода мебошад.

Паҳбоди ANKA тавони ҳамли 350 килограм борро дорад, метавонад то 30 соат дар ҳаво бимонад ва то 9000 метр дар баландӣ парвоз мекунад.Дар соли 2023 паҳбодҳои ANKA-S барои озмоишҳои низомӣ дар Қазоқистон пазируфта шуданд. Туркия ба таври густурда паҳбодҳои ANKA-ро ба чандин кишвар дар Ховари Миёна ва Африқо содир мекунад.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия рӯзҳои 13-14 май ба Қазоқистон сафари давлатӣ анҷом дод. Ӯ рӯзи 15 май дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Созмони кишварҳои туркӣ, ки дар шаҳри Туркистони Қазоқистон баргузор шуд, иштирок кард.

Поёни таҳқиқи куштори сокини Ванҷ аз сӯи афсари пулис

Саломатшо Ғалчаев.
Саломатшо Ғалчаев.

Тафтиши парвандаи куштори Саломатшо Ғалчаев, як сокини 34-солаи ноҳияи Ванҷ, ба поён расидааст. Таҳқиқро муфаттишони Додситонии ҳарбии гарнизони Хоруғ анҷом додаанд.

Дар ин парванда Ивазмад Қодиров, афсари Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тибқи моддаи 104, қисми яки Кодекси ҷиноӣ ба иттиҳоми "одамкушӣ", муҳокима мешавад. Ин моддаи Кодекси ҷиноӣ барои айбдоршаванда аз 8 то 15 сол зиндон пешбинӣ мекунад.

Неъмат Ғалчаев, бародари Саломатшо Ғалчаев рӯзи 15 уми май ба такя ба масъулини тафтишотии Додситонии ҳарбии гарнизони Хоруғ ба Радиои Озодӣ гуфт, таҳқиқ ҳамакнун ба поён расидааст.

"Пайвандони Саломатшо, аз ҷумла, писараш ва дигар наздиконе, ки шаби ҳодиса шоҳид буданд, ба Хоруғ даъват шуданд ва аз онҳо баёнот гирифта шуд. Бо шурӯи тафтишот, Ивазмад Қодиров, афсари Вазорати корҳои дохилӣ ба Хоруғ оварда шуд ва дар боздоштгоҳ қарор дорад",-гуфт бародари Саломатшоҳ.

Ҳодиса шаби 17-уми марти имссол дар деҳаи Рохарви ноҳияи Ванҷ бар сари робитаи Ивазмад Қодиров, афсари Вазорати корҳои дохилӣ бо як духтари мактабхон, ки гуфта мешавад, хеши ҷавони кушташуда аст, рӯй дода буд.

Дар ҳоли ҳозир мавқеи фарди муттаҳам ва наздиконаш ба қазия маълум нест.

Путин ба Чин сафар мекунад

Владимир Путин ва Си Ҷинпин, президентҳои Русия ва Чин. Акс аз бойгонӣ.
Владимир Путин ва Си Ҷинпин, президентҳои Русия ва Чин. Акс аз бойгонӣ.

Интизор меравад, ки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, ба Чин сафар кунад.

Кремл ибрози умедворӣ кардааст, ки Путин дар ҷараёни сафари қарибулвуқӯи худ ба Пекин, бо Си Ҷинпин, ҳамтои чиниаш дар бораи сафари ахири Доналд Трамп, президенти Амрико ба ин кишвар, гуфтугӯ кунад.

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", Дмитрий Песков, сухангӯи раёсати ҷумҳури Русия рӯзи 15 май ба хабарнигорон гуфт, ки ҷузъиёти сафари Путин ба Чин, ки ба гуфтаи ӯ бисёр ба зудӣ анҷом хоҳад шуд, ниҳоӣ шудааст ва таърхи дақиқи он ба зудӣ эълон мешавад.

Бархе расонаҳо навиштанд, ки Путин рӯзи 20 май ба Чин сафар мекунад.

Песков афзудааст, ки президентҳои Русия ва Чин дар баробари масоили дуҷониба ва тиҷорат миёни ду кишвар, дар бораи масъалаҳои байналмилалӣ низ гуфтугӯ хоҳанд кард.

Ин дар ҳолест, ки Трамп рӯзи 14 май ба Чин сафар кард ва баъд аз дидор бо раисҷумҳури Чин гуфт, ки Си Ҷинпин пешниҳод додааст, барои тавофуқ бо Эрон ва замонати рафтуомади амни киштиҳо аз тангаи Ҳурмуз кӯмак кунад ва ваъда дод, таҷҳизоти низомӣ ба Эрон нафиристад.

Муҷозоти донишҷӯ барои паҳн кардани адабиёти динӣ

Додгоҳи ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон як донишҷӯи Коллеҷи омӯзгории ин ноҳияро барои ғайриқонунӣ паҳн кардани маводи динӣ ҷазо додааст.

Додгоҳ дар хабарномае навишт, ин донишҷӯи 25-сола "адабиёти динӣ ва дигар маводи дорои хусусияти диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн намудааст".

Назари ин ҷавон ва наздиконаш ба қазия маълум нест.

Додгоҳ гуфтааст, донишҷӯро барои бе иҷозат паҳн кардани маводи динӣ ҷарима кардааст, аммо ҳаҷми ҷаримаро эълон накарданд.

Моддаи 474 иловаи 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои ин кор то 5400 сомонӣ ҷарима таъйин кардааст.

Дар Тоҷикистон танҳо баъди гузаштан аз ташхиси диншиносӣ ва гирифтани иҷозаи Кумитаи дин, воридот ва паҳн кардани маводи динӣ иҷозат аст.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ борҳо ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани озодии баён танқид кардаанд.

Намояндагони 100 кишвар барои "об" ба Тоҷикистон меоянд

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Тоҷикистон дар поёни моҳи май мизбони конфронси СММ оид ба масоили об хоҳад буд ва барои иштирок дар ин ҳамоиш дар Душанбе қарор аст коршиносон ва мақомот аз беш аз сад кишвар ҷамъ шаванд.

Намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикикистон рӯзи 14-уми май дар як нишасти хабарӣ барномаи Конфронси чоруми оби Душанберо шарҳ доданд.

Саноӣ Бойзода, муовини вазири корҳои хориҷӣ гуфт, ин ҳамоиш ҳамчун яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба Конфронси оби СММ дар соли 2026 хоҳад буд, ки бо ҳамраисии Ҷумҳурии Сенегал ва Амороти Муттаҳидаи Араб, баргузор мегардад.

Ба гуфтаи вазорат, қарор аст намояндагони 110 кишвар ва сохторҳои Созмони Миллали Муттаҳид дар ин ҳамоиш ширкат кунанд.

Ин чорумин конфронси ҷаҳонӣ дар мавзӯи об мебошад, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон ва кӯмаки Созмони Милал баргузор мешавад.

Мақомот дар ҳоле ба баргузории ин гуна ҳамоишҳо таваҷҷуҳ доранд, ки ба иттилои расмӣ, қариб 40 дарсади аҳолӣ дар дохили Тоҷикистон аз камбуди об танқисӣ мекашанд ва ҳар сол дар пайи селу обхезиҳо, даҳҳо нафар зарар мебинанд.

Мунтақидон бар инанд, ки чунин ҳамоишҳо бештар хислати таблиғотӣ доранд, то амалӣ ва ҳадафи асосияшон баланд бурдани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байнулмилалӣ аст.

Намояндагони 100 кишвар барои “об” ба Тоҷикистон меоянд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:49 0:00

Амрико ба Тоҷикистон дар ҳаҷми $1,8 млн таҷҳизоти тиббӣ дод

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳаҷми 1,8 миллион доллар ба Тоҷикистон таҷҳизоти тавлиди оксиген ва эҳёи навзодон тақдим кардааст. Маросими тақдими ин таҷҳизот 12-уми май дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Сафорати Амрико дар хабарномае гуфт, дастгоҳҳо як бахше аз кумаки 78 миллиондолларӣ мебошанд, ки созишномааш ахиран бо Тоҷикистон имзо шуд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, "таҷҳизоти оксигенӣ ва маҷмӯаҳои махсус барои эҳёи навзодон барои беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ва наҷоти ҳаёти беморон аҳамияти бузург дорад".

Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, қисме аз ин таҷҳизот аллакай ба 5 таваллудхона ва 11 муассисаи дигари тандурустии кишвар дастрас ва насб гардидааст.

Саломуддин Юсуфӣ, муовини аввали вазири тандурустӣ тақдими таҷҳизотҳои тиббиро "намунаи равшани шарикии устувор, ҳамдигарфаҳмӣ ва дастгирии пайваста"-и Амрико дар самти таҳкими низоми тандурустии Тоҷикистон гуфтааст.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон моҳи апрели имсол ба тавофуқ расида буданд, ки давоми панҷ соли оянда барои мубориза ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла, сил ва ВНМО (ВИЧ/СПИД), 78 миллион доллар сарф хоҳанд кард.

Баёнияи 26 кишвар бар зарурати бозкушоии тангаи Ҳурмуз

Тангаи Ҳурмуз.
Тангаи Ҳурмуз.

Ҳамзамон бо дидори роҳбарони Амрико ва Чин дар Пекин, раҳбарони 26 кишвар хостори бозгашти вазъияти одии киштиронӣ дар тангаи Ҳурмуз шуданд.

Ин баёния аз ҷониби кишварҳое чун Бритониё, Фаронса, Баҳрайн, Канада, Олмон, Ҷопон, Қатар ва Кореяи Ҷанубӣ 14-уми май содир шудааст.

Раҳбарони ин кишварҳо ваъда додааанд, ки "бо истифода аз имкониятҳои дипломатӣ, иқтисодӣ ва низомӣ барои ҳимоят аз озодии киштиронӣ дар тангаи Ҳурмуз" талош мекунанд.

Ин кишварҳо ҳамчунин хостори ташкили маъмурияти чандмиллатӣ барои расидан ба ин ҳадаф, аз ҷумла "амалиёти поксозии минаҳо" шуданд.

Дар ин баёния омадааст, "киштиронӣ бояд мутобиқ ба муқаррароти Конвенсияи ҳуқуқи баҳрҳои Созмони Милали Муттаҳид (UNCLOS) ва қонунҳои байналмилалӣ озод бошад".

Тангаи Ҳурмуз яке аз мавзӯъҳои гуфтугӯи ахири Доналд Трамп ва Си Ҷинпин буд. Ба гуфтаи раисҷумҳури Амрико, ҳамтои чинии ӯ "моил аст тангаи Ҳурмуз боз бимонад" ва барои дастёбӣ ба тавофуқе бо Эрон пешниҳоди кумак додааст.

Тангии Ҳурмуз яке аз оброҳаҳои муҳим барои киштиронии ҷаҳонӣ аст. То оғози ҷанги Амрико ва Исроил алайҳи Эрон, 20 дарсад нафти ҷаҳон аз ин тариқ мегузашт. Баъди оғози ҷанг Эрон гузаштан аз ин масирро амалан бастааст.

Додгоҳ ёвари пешини Зеленскийро ба ҳабс гирифт

Андрей Ермак (аз рост) дар додгоҳ. 13 майи 2026
Андрей Ермак (аз рост) дар додгоҳ. 13 майи 2026

Додгоҳе дар Украина амр дод, ки Андрей Ермак, роҳбари пешини дастгоҳи президенти Украина барои ду моҳ ба ҳабс гирифта шавад.

Дар қарори Додгоҳи олии зиддифасоди Украина омадааст, дар сурати пардохти 140 миллион гривен (қариб 3,1 миллион доллар), Андрей Ермак ҳабс намешавад, аммо ҳаққи тарки Киевро нахоҳад дошт.

Худи Ермак гуфтааст, ӯ чунин маблағ надорад, аммо умедвор аст, дӯстонаш дар ҷамъ кардани он ёрмандияш мекунанд.

Ин мансабдори пешин дар доираи парвандаи қонунӣ кардани 460 миллион гривен (10,4 миллион доллар) дар сохтмони шаҳраки элитии "Династия" боздошт шудааст.

Дар ин парванда боз шаш каси дигар, аз ҷумла Алексей Чернишев, муовини пешини сарвазир ҳам гумонбар ҳастанд. Қазияро муфаттишони Бюрои миллии зиддифасоди Украина (НАБУ) таҳқиқ доранд.

Андрей Ермак, ки яке аз мансабдорони бонуфузи Украина гуфта мешуд, моҳи ноябри соли 2025 аз мақомаш истеъфо дод. Расонаҳо аз ӯ шахси дуввуми кишвар ҳам ном мебурданд. Вай соли 2020 раҳбари дастгоҳи раёсати ҷумҳурии таъин ва яке аз афроди наздики Владимир Зеленский шуд.

Ҳамлаи густардаи артиши Русия ба шаҳри Киев

Оқибатҳои ҳамла ба як баландошёна дар Киев. 14 майи 2026
Оқибатҳои ҳамла ба як баландошёна дар Киев. 14 майи 2026

Артиши Русия шаби 14-уми май ҳамлаи густардаи ҳавоиро ба шаҳрҳои Украина, бахусус пойтахти ин кишвар анҷом дод.

Неруҳои ҳавоии Украина хабар дод, ки Русия дар ин ҳамла аз 56 мушак ва 675 паҳпод ё ҳавопаймои бесарнишин истифода кардааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, 41 мушак ва 652 паҳпод нобуд карда шуд.

Тибқи иттилои ахири мақомоти Украина, дар шаҳри Киев ду нафар ба ҳалокат расида, қариб 40 каси дигар захмӣ шудааст. Дар миёни маҷруҳшудагон як кӯдаки якмоҳа низ ҳаст.

Виталий Кличков, шаҳрдори Киев гуфт, дар ҳамлаи Русия як баландошёна иборат аз 18 манзил хароб шуд. Наҷотдиҳандагон то ҳол аз зери харобаҳо одамонро ҷустуҷӯ доранд.

Дар пайи ҳамлаи Русия сокинони як қисмати Киев ба камбуди об дучор шуданд.

Исроил: Нетаняҳу замони ҷанг бо Эрон ба Иморот сафар карда буд

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил.
Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил.

Дафтари нахуствазири Исроил рӯзи 13 май эълон кард, ки Бенямин Нетаняҳу дар ҷараёни ҷанги Амрико ва Исроил бо Эрон, ба таври "махфиёна" ба Имороти Муттаҳидаи Араб сафар карда буд.

Дар ин баёния омадааст, ки Нетаняҳу бо Шайх Муҳаммад бин Зоид, раиси Имороти Муттаҳидаи Араб дидор кард. Дафтари нахуствазири Исроил гуфт, "ин сафар ба як пешрафти таърихӣ дар робитаҳо миёни Исроил ва Имороти Муттаҳидаи Араб сабаб шуд".

Пештар мақомҳои баландпояи амрикоӣ тасдиқ карданд, ки Исроил дар ҷараёни ҷанг бо Эрон, як системаи дифои ҳавоии "Гунбади оҳанин" ба ҳамроҳи нерӯҳо барои истифода аз онро ба Иморот фиристодааст.

Ҳамчунин ба гуфтаи мақомҳои араб ва як манбаи огоҳ, ки ба рӯзномаи Wall Street Journal гуфтугӯ карданд, раиси МОССАД, Созмони истихбороти Исроил, дастикам ду бор дар тӯли ҷанг бо Эрон, ба Иморот сафар кардааст, то дар бораи ҳамоҳангиҳои вобаста ба ин даргирӣ суҳбат кунад.

Имороти Муттаҳидаи Араб аз камшумор кишварҳои арабӣ аст, ки бо Исроил робитаҳои дипломатӣ дорад. Ҷонибҳо ин робитаҳоро дар чорчӯби "Тавофуқномаҳои иброҳимӣ"дар соли 2020 ба таври расмӣ барқарор карданд.

Вазорат: Дар Тоҷикистон ҳантавирус сабт нашудааст

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, дар кишвар гирифторӣ ба ҳантавирус сабт нашудааст, вале сокинон бояд эҳтиёткор бошанд.

Ин ниҳод 13-уми май дар иттилоияе навишт, ҳантавирусҳо асосан дар ҷойи зисти хояндаҳо, яъне мушҳо паҳн мешавад ва ин намуд вирус ҳам асосан ҳангоми даст расондан ба пешоб, наҷосат ё оби даҳони мушҳо метавонад сироят шавад.

Барои ҳамин Вазорати тандурустӣ ба сокинон ҳушдор додааст, ки хона, таҳхона ва ҷойҳои нигаҳдории маҳсулотро тоза нигоҳ дошта, аз воридшавии мушҳо ба хонаҳояшон ҷилавгирӣ кунанд.

Вазорат ҳамчунин аз сокинон хостааст, агар баъди даст расондан ба мушҳо аз табларза, дарди мушакҳо, сустӣ, мушкилоти нафаскашӣ ё дарди шадиди сар шикоят дошта бошанд, ба пизишкон муроҷиат кунанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳантавирус бори аввал рӯзи 2 май ва 21 рӯз пас аз марги нахустин мусофир ошкор шуд.

Рӯзи 10-уми май гурӯҳҳои мусофирон ва маллоҳон аз як киштии сайёҳӣ, ки ба хуруҷи ҳантавирус дучор шуда буданд, ба кишварҳои худ интиқол дода шуданд.

Ба иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, дар ин киштии саёҳӣ ҳашт нафар бемор шуда се нафарашон фавтидаанд.

Дар Тоҷикистон боҷи гумрукии қандил ва ҳавополоҳо боло рафт

Дар Тоҷикистон ҳаҷми боҷи гумрукӣ барои воридоти ҳавополои хона (кондитсионер) ва таҷҳизотҳои равшанидиҳанда зиёд мешавад.

Бар асоси қарори ҳукумат, шуруъ аз 1-уми июли имсол барои ворид кардани ҳавополо ба кишвар аз ҳар донаи он 15 евро боҷ ситонида мешавад. Феълан ҳаҷми боҷи воридотӣ барои ҳар дона ҳавополо ҳамагӣ 5 евро аст.

Ин қарори ҳукумат тамоми намуди ҳавополоҳоро дарбар мегирад.

Тибқи дастури ҳукумат, ҳамчунин меъёри боҷи гумрукӣ барои қандил ё люстер ва дигар намуд таҷҳизотҳои рӯшанидиҳанда низ аз 15 то 30 евро зиёд мешавад.

Мақомот нагуфтаанд, ки ҳадаф аз боло бурдани ҳаҷми боҷи гумрукӣ барои ин маҳсулотҳо чист. Дар гузашта мақомот сабаби айни ин корҳоро дастгирии соҳибкорони ватанӣ гуфта буданд.

Боло бурдани меъёри боҷи гумрукӣ барои ҳавополоҳо ва таҷҳизотҳои равшандиҳанда метавонад боиси боло рафтани нархи ин намуд маҳсулот ва зиёд шудани хароҷоти истеъмолкунандагон гардад.

Дар Эрон як ҷавонро бо гуноҳи ҷосусӣ эъдом карданд

Эҳсон Афрошта
Эҳсон Афрошта

Додгоҳи Эрон эълон кард, ки як сокини ҷавони ин кишварро бо иттиҳоми ҷосусӣ барои Исроил ба қатл расондааст.

Хабаргузории Мизон, ки ба низоми додгустарии Эрон рабт дорад, хабар дод, ки ҳукми Эҳсон Афрошта 13-уми май иҷро шудааст.

Додгоҳи Эрон ин ҷавонро ба он гунаҳкор кардааст, ки "аз тарафи МОСАД, Созмони ҷосусии Исроил дар Непал таълим гирифта, маълумоти муҳими Ҷумҳури исломиро ба Исроил медод".

Дар гузориши расмӣ бидуни овардани ҷузъиёти бештар омадааст, Эҳсон Афрошта ҳамчун мутахассиси сайберӣ дар як ширкати вобаста ба сохторҳои низомӣ мекард.

Мақомоти Эрон нагуфтаанд, ки ин ҷавон кай боздошт шуд ва ҳукмаш чӣ замоне содир шудааст.

Чанд созмони ҳомии ҳуқуқ гузориш додаанд, ки Эҳсон Афрошта соли 1993 таваллуд шуда, аввали соли 2024 ҳангоми бозгашт аз Туркия дастгир шуд.

Гурӯҳи мудофеи ҳуқуқи башар HRANA қароргоҳаш дар Амрико навиштааст, Афрошта зодаи Исфаҳон буда, дар Теҳрон мезист.

Баъди ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон, иҷрои ҳукмҳои эъдом дар Эрон бештар шудааст.

Ба гузориши созмонҳои ҳомии ҳуқуқи Норвей ва "Якҷоя зидди ҳукми қатл", соли 2025 додгоҳҳои Эрон 1639 нафарро ба қатл маҳкум кардаанд. Ин баландтарин омори ҳукмҳои қатл аз соли 1989 будааст.

Сафари Доналд Трамп ба Чин

Доналд Трамп ва Си Ҷин Пин
Доналд Трамп ва Си Ҷин Пин

Президенти Иёлоти Муттаҳида Доналд Трамп шоми сешанбеи 12-уми май роҳии Чин шуд. Ин аввалин сафари як раиси ҷумҳури Амрико ба Чин аз соли 2017 аст. Он замон ҳам ин боздидро Доналд Трамп анҷом дода буд.

Сафари раиси ҷумҳури Амрико ба Чин то 15-уми май идома мекунад.

Дар назар аст, ки Доналд Трамп 14-уми май бо ҳамтои чиниаш Си Ҷин Пин вохӯрад ва баъдан роҳбарони ду кишвар аз маъбади Осмон ҳам дидан кунанд.

Пеш аз сафар Трамп умедворӣ кард, ки ин боздид барои ҳар ду кишвар натиҷаҳои хуб ба бор хоҳад овард. Трамп Амрико ва Чинро ду "қудрати бузург" номид ва гуфт, бо ҳамтои чиниаш масъалаи тиҷорати дуҷониба, вазъият дар Эрон баррасӣ мекунад.

Ба гуфтаи Трамп, Чин мехоҳад гулӯгоҳи Ҳурмуз боз бошад, аммо ИМА дар ин масъала ба кумаки Пекин ниёз надорад.

Ҳамчунин, Трамп тасдиқ кард, ки Си Ҷинпин эҳтимол масъалаи фиристодани силоҳҳои амрикоиро ба Тайван матраҳ мекунад.

Дар ҳайати Амрико сармоядорони бузурге чун мудири Тесло Илон Маск ва роҳбари ширкати Apple Тим Кук низ ҳузур доранд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG