Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дифои нахустин рисолаи илмӣ дар ВАК-и Тоҷикистон


Шаҳноза Эсаналиева
Шаҳноза Эсаналиева

Дар Тоҷикистон нахустин унвонҷӯ рисолаи илмиашро дар Комиссияи олии аттестатсионӣ ҳимоят кард. То кунун рисолаҳои илмии олимони тоҷикро Комиссияи олии аттестатсионӣ ваё ВАК-и Русия арзёбӣ карда, ба онҳо унвони илмӣ медод.

Шаҳноза Эсаналиева нахустин нафар аст, ки унвони илмиро аз Комиссияи олии аттестатсионии Тоҷикистон ба даст овард ва соҳиби унвони дотсент шуд.

Фармони додани унвони илмии дотсент ба Эсаналиева 3-юми октбяри имсол содир шуда, рӯзи 6-уми декабр дар вебсайти ин комиссия нашр гардид. Унвони дотсентии Эсаналиева таҳти рақами як дар феҳрасти унвонҳои илмии ин комиссия сабти ном шудааст.

Тоҷикистон панҷ сол қабл, баъди он ки Комиссияи олии аттестатсионии Русия фаъолияти 48 шӯрои илмиро дар Тоҷикистон боздошт ва амалан як муддат раванди дифои рисолаҳои илмӣ дар кишвар қатъ гашт, Комиссияи олии аттестатсионии худро таъсис дид.

Таъсис ва тасдиқи шӯроҳои илмӣ ва роҳандозии дифои рисолаҳои илмӣ панҷ сол тӯл кашид ва, инак, нахустин унвонҷӯ дар Тоҷикистон соҳиби унвони илмӣ гашт.

XS
SM
MD
LG