Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти омилони қатли зану шавҳари соҳибкор дар Суғд. ВИДЕО


Дӯкони матоъфурӯшии Мақсудҷон Муҳаммадҷонов ва Ибодат Неъматуллоева дар инҷо воқеъ буд. Бозори "Панҷшанбе"-и Хуҷанд. 19-уми октябри 2017
Дӯкони матоъфурӯшии Мақсудҷон Муҳаммадҷонов ва Ибодат Неъматуллоева дар инҷо воқеъ буд. Бозори "Панҷшанбе"-и Хуҷанд. 19-уми октябри 2017

Бо гумони қатли зану шавҳари соҳибкор дар деҳаи Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як гуруҳи ҷиноӣ боздошт шудааст. Мақсудҷон Муҳаммадҷонов ва Ибодат Неъматуллоева, моликони дӯкони матоъфурӯшӣ дар бозори “Панҷшанбе”-и Хуҷанд шаби 17 ба 18-уми октябри соли гузашта дар хонаашон кушта шуданд.

Солҳои ахир чанд ҳодисаи пур сарусадои ғорати сокинони “пулдор” дар вилояти Суғд рух дода, соҳибкоронро нигарон кардааст.

Генерал Қудратулло Назарзода, сардори Раёсати умури дохилии вилояти Суғд, рӯзи 2-юми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, таҳқиқи куштор ва боздошти гумонбарон тақрибан чаҳор моҳ идома кард.

Ӯ гуфт, ин кор зери назари шахсии вазири умури дохилӣ сурат гирифтааст: “Ин гурӯҳ пинҳонӣ ба ҳавлии Мақсудҷон Муҳаммадҷонов ворид шуда, соҳибхона ва ҳамсараш Ибодат Неъматуллоеваро бо “скотч” ва ноқили барқ бастаанд. Азобу машаққати зиёд дода, куштаанд.”

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Зану шавҳари соҳибкорро дар Суғд кӣ кушт?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:36 0:00

Ба қавли мақомот ин ҷиноятро як сокини шаҳри Хуҷанд тарҳрезӣ кардааст ва ҳоло ӯ дар боздошт қарор дорад. Аммо мақомоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд номи ин гумонбар ва ҳамроҳонашро нагуфтанд. Бо такя бар инки рӯзҳои наздик дар ин бора изҳороти алоҳидаи ВКД пахш мешавад, сабабҳои содир шудани ҷиноятро низ ошкор накарданд.

Қудратулло Назарзода гуфт, “замоне ки таҳқиқи пурра анҷом шуд ва парванда барои муҳокима ба додгоҳ рафт, он вақт тамоми ҷузъиётро мегӯем. Ҳоло худатон медонед, ки сирри тафтишот аст ва набояд ошкор шавад. Барои ҳамин, камтар худдорӣ мекунем. Ин ки ҷинояткорҳо пурра дастгир шуданд, дақиқ аст.”

Қудратулло Назарзода
Қудратулло Назарзода

Қаблан баъзе аз манобеи умури дохилии вилояти Суғд гуфта буданд, ки гурӯҳи ҷиноӣ аз манзили ин ду соҳибкори кушташуда 75 ҳазор доллар ва чизҳои дигари қиматбаҳоро рабудааст.

Мақсудҷон Муҳаммадҷонов ва ҳамсараш дар бозори “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд дӯкони матоъфурӯшӣ доштанд. Он вақт хабари марги онҳо ҳамкорон ва наздиконро сахт муттаасир карда буд.

Наздикони Мақсудҷон Муҳаммадҷонов аз аввал мегуфтанд, ки бухлу ҳасад бар молу кори онҳо сабаби куштор будааст. Абдумаҷид Ҳалимов, як хешованди Мақсудҷон Муҳаммадҷонов гуфт, “кам андар кам аст, ки дар замони мо одам бо меҳнати худ ба ин дараҷа бирасад. Дигарон бахилӣ карда, аз инҳо кашида гирифтанд. Ҳар касе ин корро кардааст, бояд ҷазои сазовор гирад.”

Абдумаҷид Ҳалимов дар рӯзи мотами наздиконаш
Абдумаҷид Ҳалимов дар рӯзи мотами наздиконаш

Солҳои ахир чанд ҳодисаи пур сарусадои ғорати сокинони “пулдор” дар вилояти Суғд рух дода, соҳибкоронро нигарон кардааст. Аз ҷумла, моҳи июни соли 2013 як гурӯҳ, ки баъдан маълум шуд аъзои як хонавода будаанд, нимашаб ба қасди ғорат ба хонаи тиллофурӯш Аҳмадхӯҷа Бобоев дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ворид шуда, ӯ, ҳамсараш Ҳаётхон Бобоева ва фарзандонашон Рухшона, Сӯҳроб ва Санҷарбекро куштанд ва хонаашонро оташ заданд.

Ин ҷиноят боис ба сарусадоҳо дар байни мардум гардид ва раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ ба мақомоти пулис дастур дод, ки ба ҳар қимате набошад, омилони ҷиноятро муайян ва дастгир кунанд. Кормандони пулис баъд аз ду соли ин ҳодиса, оилаи Раҳматовҳо – сокинони шаҳри Хуҷандро дастгир намуданд. Баъдан ин ҳафт нафар барои қатли хонаводаи Бобоевҳо ба мӯҳлатҳои гуногун равонаи зиндон шуданд.

XS
SM
MD
LG