Пайвандҳои дастрасӣ

"Шоми дӯстӣ" -- ҳунармандон чӣ гуна интихоб шуданд? ВИДЕО


Барномаи якунимсоатаи консертии "Шоми Дӯстӣ", ки назди президентҳои Тоҷикистону Узбекистон иҷро шуд, маҳсули кори 3- моҳаи 400 ҳунармандони тоҷик ва 100 санъаткори узбек будааст. Аммо исми Ҷӯрабек Муродов, овозхони саршиноси тоҷик, дар феҳрасти ширкатдорони ин барнома бо пешниҳоди Шералӣ Ҷӯраев, ҳунарманди маъруфи Узбекистон ворид шуд.

Навори видео дар инҷост:

"Шоми дӯстӣ" -- ҳунармандон чӣ гуна интихоб шуданд?
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:47 0:00

Аз барномаи консертии шоми 9-уми март, ки дар ҳузури сарони давлатҳо иҷро шуд, бисёриҳо тавсиф карданд, аммо чанд нукта дар ин барнома дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсу вокунишҳоро ба бор овард. Аз ҷумла, дар консерт ба ҳайси ровӣ интихоб шудани Абдукарим Машрабов, баҳси гармеро миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард.

Ибодуллоҳ Машрабов, муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон.
Ибодуллоҳ Машрабов, муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон.

Корбарон интихоб шудани Машрабовро чун ровии барнома, ба вазифаи Ибодулло Машрабов, падари ӯ рабт доданд. Ба чанд суоли мо дар робита ба ин нукот ва барномаи фарҳангӣ, Ибодулло Машрабов, роҳбари бадеии барномаи фарҳангии шоми 9-уми март ва муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон посух гуфт.

​"Барнома муваффақ буд"

Радиои Озодӣ: Барои таҳияи як чунин барномаи консертӣ дар ҳузури сарони ду давлат, чӣ қадар вақт лозим буд ва ҳунармандон чӣ хел интихоб шуданд?

Ибодуллоҳ Машрабов: Воқеан ин як муваффақият бисёр хуби эҷоди мо буд. Мо анқариб тӯли 3 моҳ барои таҳияи барнома омодагӣ дидем. Дӯстии мардуми Тоҷикистон ва Узбекистон бояд дар меҳвари барномаи фарҳангии мо қарор мегирифт. Ман ба ҳайси роҳбари бадеии ин барнома гурӯҳи эҷодиро таъсис додам ва хеле суруду оҳангҳои зиёдро гӯш кардем ва бо ҳунармандону ансамблҳо кор кардем. Кӣ намехоҳад, ки дар чунин барнома ширкат накунад? Муроҷиатҳо зиёд буд, вале аз байни чандин суруду, мусиқиҳо ва рақсҳое, ки пешбарӣ шуд, мо ба хулосае омадем, он чӣ, ки шумо дар барнома дидед, интихоб кунем, то ҷавобгӯи ҳамон идеяи асосии барномаи мо бошад. Мо бояд жанрҳои мухталифро ба саҳна мегузоштем. Вазифаи мо ҳунармандон буд, ки ҳама имкониятҳои худро ба кор барем, то дар саҳнаи Кохи Борбад ид бошад ва ман хаёл мекунам, ки мо ба ин ноил шудем. Ин як барномаи муштарак буд, қаблан намояндагони аҳли ҳунари Узбекистон ба инҷо омада буданд ва мо гуфтугузор кардем. Мо огоҳ будем, кӣ ва кадом ҳунарманд баромад мекунад. Ҳамин тавр мо барномаи худро бо барномаи онҳо якҷо карда ва як барномаи яклухт сохтем. Ва вақте бародарони узбек омаданд, ҳамагӣ як рӯзи имконият буд, ки мо якҷо кор кунем. Дар маҷмӯъ 100 нафар аз ҳунармандони узбек ва 400 нафар тоҷикон ширкат карданд.

Суруди "Дӯстӣ"-и Ҷӯрабек Муродов ва Шералӣ Ҷӯраев

Радиои Озодӣ: Оҳанги “замон замон” ки дар ҳамовозии ду ҳунарманди саршинос Ҷӯрабек Муродов ва Шералӣ Ҷӯраев иҷро шуд, аз сӯи мардум хуш пазируфта шуд. Ба шакли дугона суруда шудани ин оҳанг пешниҳоди кӣ буд?​

Ибодулло Машрабов: Ин суруд "Дӯстӣ" ном дорад. Қаблан ман ин оҳангро аз байни 20 оҳанг, дар ҷойи 12-ум монда будам. Ягона оҳанге буд, ки на дар шакли видео ва на аудио то омадани овозхонони ҳамсоя ба дасти мо нарасида буд. Вақте онҳо омаданду ин сурудро гӯш кардем, мо онро пеш аз охирин тарона гузоштам. Чун воқеан таҷассумгари дӯстии байни мардуми Тоҷикистону Узбекистон буд. Ин суруд аз ҷониби худи Шералӣ Ҷӯраев навишта шудааст ва ӯ мехост бо Ҷӯрабек Муродов якҷоя хонад. Мо ҳам қабул кардем.

Чаро Нигина Амонқулова дар консерт набуд?

Радиои Озодӣ: Аз аввал таваҷҷӯҳ ба ин сафар ва барномаи ҳунарие, ки бояд баргузор мешуд, зиёд буд. Дар феҳрасти овозхонон, ки бархе аз расонаҳо нашр карданд, исми Нигина Амонқулова ҳам буд. Аммо рӯйи саҳна наомадани ӯ бисёриҳоро ҳайрон кард.

Ибодулло Мшарабов: На. Дар феҳраст исми Нигина набуд ва Нигина худаш ҳам ба ин барнома таваҷҷӯҳ ё таронае пешбарӣ накардааст. Ӯ чанд муддат ба сабаби таваллуди фарзанд аз кор фориғ буд ва баъди ин дигар боре ҳам мо бо ӯ вонахӯрдаем. Худи ӯ ҳам таваҷҷӯҳ зоҳир накардааст, ки дар ин ё барномаҳои дигар ширкат кунад. Ҳеҷ гоҳ ҳунарнамоии ягон ҳунарманд дар ин ё он чорабинӣ манъ нашудааст. Баръакс шумо ёд дошта бошед, тамоми ҳунармандоне, ки дар муассисаҳои фарҳангии кишвар кор намекунанд, мисли Шабнам, Фарзона, Баҳрому Садриддин дар як ҷаласа даъват карда гуфтанд марҳамат, биёед дар чорабиниҳои давлатӣ иштирок кунед, таронаҳои худро пешниҳод кунед. Аслан дар Узбакистон аз ҳунармандони ҷавони мо Нигина ва Шабнам мухлисони зиёд доранд, аммо дар як фурсати кӯтоҳ мо наметвонистем ҳама ҳунармандонро рӯйи саҳна биёрем.

Ровӣ чи гуна интихоб шуд?

Радиои Озодӣ: Зимнан дар мавриди интихоби ровиёни ин чорабинӣ талабот чӣ гуна буд? Чун дар консерт ба ҳайси ровӣ интихоб шудани Абдукарим Машрабов ҳам баҳси гармеро миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард. Танқид кардаанд, ки ровии бетаҷрибаро интихоб кардаанд ва гуфтаанд интихоб шудани Абдукарим Машрабов ба вазифаи падараш, ки роҳбари бадеии ин барнома буд, рабт дорад.

Ибодулло Машрабов: Албатта, як навъ озмун шуда буд. Гап аслан дар чеҳраи ориёӣ тоҷикона ва ҳамовозии хуб буд. Ман муқобил будам, ки Абдукарим баромад кунад ҳамчун ровӣ. Худи Абдукарим ҳам муқобил буд. Гуфт, ки боре ин корро накардааст. Аммо интихоб сари ӯ қарор гирифт. Абдукарим ҳунарпешаи театри Лоҳутӣ аст. Филмҳои Абдукаримро надидед?

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG