Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз ринг то октагон. "Ҷанг"-и духтари тоҷик дар майдонҳои MMA


Муштазанӣ, пойкӯбӣ, зӯрозмоии тан ба тан... Дар варзише, ки Рухшона Муродоваи 19-сола интихоб кардааст, ҳамаи усулҳо раво аст. Рухшона бо муҳорибаҳои бидуни қоида машғул аст. Волидони Рухшона ин шуғли ӯро қабул надоранд ва ҳар дафъа бо ваъдаи инки "бори охир ба набард мебарояд", ба кори худ идома медиҳад.

Даҳ соле қабл ӯро волидонаш ба Маскав оварданд. Чун падараш дар ин шаҳр ба тиҷорати мебел машғул аст, муҳит ва шароити зиндагии нав тафаккур ва зеҳни Рухшонаро пурра дигар кард. Ӯ пас аз се соли таҳсил дар мактаби тоҷикии Душанбе, таҳсилро дар як мактабии русии Маскав идома дод. Мегӯяд, дар аввал барояш осон набуд.

Эҳсоси "дигар будан" Рухшонаро мубориз кард

Рухшона Муродова 10 сол боз ҳамроҳи волидонаш муқими Русия аст. Ӯ мисли садҳо дигар ҳамсолони тоҷикаш мактабро дар Русия хатм кардааст ва ҳоло дар баробари варзиш дар риштаи ҳуқуқшиносии яке аз донишгоҳҳои Маскав таҳсил мекунад.

Эҳсоси “дигар будан” дар миёни мардуми бумӣ, забони начандон равони русӣ ва мушкилоти мутобиқшавӣ ба шароити нав, дар хурдсолӣ шояд дар дили Рухшона ҳамин эҳсоси мубориз буданро бедор кард. Рӯзе Рухшона шомили клуби муҳорибавии “Ахмат” дар шаҳри Маскав шуда, дигар аз инҷо нарафт ва ҳоло бо ҷоизадорони муҳорибаҳои ММА дар як майдон вориди муҳориба мешавад.

Рухшона Муродова рӯзи 12-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар асл як тасодуф ӯро ба варзиши муҳорибаҳои бидуни қоида овард. Мегӯяд, як дугонааш, ки дар коллеҷ бо ҳам мехонданд, ӯро ба толори бокс бурд.

"Ӯ мехост ба ин варзиш машғул шавад. Ман ӯро ҳамроҳӣ кардам ва вақте толори машқро дидам, ба ман ҳам писанд омад. Ман ҳам ҳамроҳи ӯ машқро шурӯъ кардам. Ба ростӣ, ҳадафи аввалаам лоғар шудан буд, аммо баъдан ин варзиш ба ман писанд омад ва ҳамин тавр вориди варзиши касбӣ шудам", - афзуд Рухшона.

Маҳорати муштзании Рухшонаро ба зудӣ мураббиёни варзида мушоҳида карданд. Ӯро Георгий Узун - мураббии дастаи мунтахаби бокси занонаи Русия тамрин додааст. Тамринҳои Рухшона низ бе самар набуд ва дар мусобиқаи бокси занона дар шаҳри Маскав соҳиби ҷойи дуввум шуд.

Рингро ба октагон иваз кардам...

Рухшона мегӯяд, ба тадриҷ аз бокс ба муҳорибаҳои бидуни қоида майл кард ва зӯри бозуяшоро дар чанд мусобиқаи ғайриҳирфаӣ санҷид. Ин муҳорибаҳо дар миёни ҷавонони мисли ӯ ҳаводори зиёде дорад. Хосатан тамошобинони муҳорибаи будуни қоида бо иштироки занон. Рухшона мегӯяд, дар нахустин муҳоирбаи касбиаш дар майдон бо як чемпион даст ба гиребон шуд, аммо бо ин вуҷуд ӯ бозиро мусовӣ анҷом дод.

Вай дар ин бора гуфт, ки дебюти аввалинаш дар муҳорибаҳои ММА дар Маскав дар клуби муҳорибавии “Ахмат” доир шуд ва мураббиаш Ахмет Мусаев ӯро ба муҳориба даъват кард ва то лаҳзае, ки вориди октагон шуд (майдони муҳориба, ки ҳашткунҷа аст) намедонист, ки бо варзишгарони профессионал ҷанг мекунад. Вақте фаҳмид, ки бо чемпион вориди муҳориба мешавад, каме ваҳмаш зер кард, аммо худашро ба даст гирифт ва билохира ин сабқат мусовӣ анҷом ёфт.

Рухшона ва муҳорибаи бидуни қоида

То кунун Рухшона дар се муҳорибаи касбии ММА - муҳорибаҳои бидуни қоида ширкат кардааст. Дар оғози ҳар муҳориба ӯ бо парчами Тоҷикистонро сари кифт вориди майдон мешавад ва мегӯяд, аз толор паёмҳои дастгирӣ ва ҳаёҳуи мухлисонро бо забони тоҷикӣ мешунавад.

Интихоби варзиши муҳорибаи бидуни қоида барояи як духтари тоҷик ғайри маъмулӣ аст. Хеле кам аз духтарон ин гуна варзишро интихоб мекунанд. “Мо дар як замони пурхатаре зиндагӣ мекунем, ҳар гуна ҳодисаро интизор шудан мумкин аст. Барои ҳамин ба фикри ман ҳар як духтар ҳади ақал бояд чанд усули ҳимоя аз худро тавонад”, иброз дошт Рухшона.

Ҳоло варзиш барояш бештар аз як хоббӣ аст

Аммо Майсара Муродова - модари Рухшона мегӯяд, ки то ба ҳол бо дили ором наворҳои муҳорибаи духтарашро тамошо карда наметавонад. “Ҳар гоҳе, ки ӯ вориди октагон мешуд, ман қариб сактаи дил мешудам”, мегӯяд ӯ. Модар мегӯяд, мухолифи ширкати Рухшон дар ин гуна муҳорибаҳост, чунки дар ин навъи варзиш хавфи зарбу лат хӯрдан хеле зиёд аст.

Майсара Муродова мегӯяд, ки муқобили варзишгарии духтараш нест, лекин ин навъи варзиш хеле хавфи зарбу латхӯрӣ дорад ва барои ҳамин ба Рухшона маслиҳат доданд, ки ягон навъи варзиши дигареро интихоб кунад.

Рухшона дар мактаби варзишии Расул Боқиев

Як ташвиши дигари модар аз ин аст, ки ин навъи варзиш хоси духтарон, хусусан духтарони тоҷик нест. “Менталитети мардуми моро медонед-ку... Мардум чӣ мегӯянд? Беҳтар аст ба дигар навъи варзиш машғул шавад”, мегӯяд модар.

Бо тавсияи волидон ҳоло Рухшона дар мактаби варзишии Расул Боқиев дар риштаи дзюдо тамрин мекунад. Мегӯяд, ин навъи варзиш ҳам ба ӯ хеле писанд аст ва дар мусобиқаҳои касбӣ низ шонсӣ пирӯз шуданро дорад.

Рухшона Муродова 10 сол боз ҳамроҳи волидонаш муқими Русия аст. Ӯ мисли садҳо дигар ҳамсолони тоҷикаш мактабро дар Русия хатм кардааст ва ҳоло дар баробари варзиш дар риштаи ҳуқуқшиносии яке аз донишгоҳҳои Маскав таҳсил мекунад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG