Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

49 сол дар хидмати ду тараф. Мувофиқати Тоҷикистону Узбекистон бар сари "Фарҳод"


Обанбори Фарҳод дар ноҳияи Спитамен

Ҷузъиёти созишномаи Тоҷикистону Узбекистон дар бораи истифодаи обанбори “Фарҳод”, иншооти як замон ҷанҷолӣ байни ду тараф ошкор шуд.

Бар асоси ин санад, ки рӯзи 9-уми март дар ҷараёни сафари Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон дар Душанбе имзо шуд, ду тараф аҳд додаанд, ки “Фарҳод”-ро барои тақрибан ним асри дигар ҳамроҳ истифода мебаранд.

Дар матни созишномаи дуҷониба дар бораи ҳамкорӣ дар таъмини фаъолияти сарбанди “Фарҳод”, ки рӯзи 8-уми апрел ба дасти Радиои Озодӣ расид, омадааст, “ду тараф бо назардошти эҳтиром ба манофеи дуҷониба” ба мувофиқ расиданд, ки обанбори Фарҳодро муштаракан истифода баранд.

Бар асоси созишнома, Узбекистон бо ризоияти Тоҷикистон “чораҳоро барои нигоҳубини иншоот меандешад ва тамоми харҷи фаъолияти онро мепардозад”. Таъмини амният ва муҳофизати обанбори Фарҳод ба дӯши Тоҷикистон аст.

Дар матни созишнома омадааст, дар сурати анҷоми тамоми муқаррароти дохилӣ барои ҳукми иҷро гирифтани созишнома, ин санад “барои 49 сол мавриди иҷро қарор мегирад ва ҳеҷ тараф дар ин муддат ҳаққи даст кашидан аз онро надорад.”

Ба истиснои ҳолатҳое, ки ҷонибе муқарроти созишномаро иҷро накунад. Баъди анҷоми мӯҳлати созишнома, он барои 5 сол худ ба худ тамдид мешавад, ба шарте, ки тарафе ним сол пеш аз майли худ барои қатъи созишнома тарафи дигарро дар ҷараён нагузорад.

Обанбори "Фарҳод” дар аҳди шӯравии собиқ солҳои 1950-ум дар қаламрави Тоҷикистон бунёд шудааст ва нерӯгоҳ дар қаламрави Узбекистон аст.

Дар замони Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбекистон як масъалаи умда дар баҳси ду тараф барои таъйин ва аломатгузории марзи ду кишвар буд. “Фарҳод” ҳазорон гектар кишзорҳои Узбекистонро обёрӣ мекунад ва аксарияти корхонаҳои саноатии вилояти Тошканд аз ҳисоби он бо обу нерӯи барқ таъмин мешаванд.

Аз замони шӯравӣ то кунун онро мутахассисони Узбекистон мудирият мекунанд ва бар асоси созишнома, Тоҷикистон ҳамчунон имкон медиҳад, ки мутахассисони узбек бе мамониат барои иҷрои корашон ба нерӯгоҳи “Фарҳод” биёянд. Як шарт ин аст, ки мақомоти Узбекистон бояд як моҳпештар рӯйхати афродеро, ки ба инҷо меоянд, дар ихтиёри мақомоти Тоҷикистон бигузорад.

Ҳар молу маҳсулот ё нақлиёте, ки барои фаъолияти обанбор ба Тоҷикистон меоранд, аз ҳама гуна боҷу хироҷ озод мешавад.

Барои 49 сол мавриди иҷро қарор мегирад ва ҳеҷ тараф дар ин муддат ҳаққи даст кашидан аз онро надорад.

Дар созишнома омадааст, ки ин санад, ба кадом тараф тааллуқ доштани қаламрави обанбор ва ба кӣ мутаалиқ будани иншоотро ҳам муайян намекунад. Обанбори “Фарҳод”, ки дар рӯдхонаи Сир бунёд шудааст, 350 миллион метри мукааб гунҷоиш дорад ва аз манобеи муҳими таъмини об барои манотиқи васеи Узбекистон ба шумор меравад. Дарозии сарбанди он 450 метр ва баландиаш 27 метр аст.

Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар истифодаи обанбори Фарҳод яке аз чанд санаде буд, ки зимни сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе имзо шуд. Дар ҷараёни ин сафар баъди ду даҳсола ду тараф мувофиқат карданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистону Узбекистон барои 30 рӯз ба қаламрави якдигар бидуни раводид сафар кунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG