Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Мардум таъна мекунанд, ки бачаҳои таърифиат куҷо шуданд?” ВИДЕО


Фазила Раҳимова ва Ёраҳмад Назаров

Фазила Раҳимова ва Ёраҳмад Назаров – сокинони деҳаи Ламани ноҳияи Фархор – якбора чаҳор писарро “аз даст доданд”. Ду нафари онҳо дар Ироқу Сурия беному нишон ҳастанд ва дуи дигар дар зиндонҳои Тоҷикистон муҳлати ҷазоро паси сар мекунанд.

"Гулаҳмаду Ҷумъахон ба Сурия рафтанд"

Фарзандро бо умед калон мекунӣ, ки дар пирӣ дастгириат кунад, вале мо танҳо мондем

Фарзандони Фазила Раҳимова ва Ёраҳмад Назаров мисли бисёре аз фарзандони дигар хонаводаҳо дар Русия кор мекарданду ба онҳо пул мефиристоданд. Соли 2015 ҳама чиз тағйир ёфт. Гулаҳмаду Ҷумъахон – фарзандони 32 ва 30-солаи Назаровҳо дигар бо волидон тамос нагирифтанд ва пул ҳам нафиристоданд. Пас аз сукути тӯлонии фарзандон мақомоти амниятӣ ба хонаи онҳо омада, падару модарро бозпурсӣ карданд, ки фарзандонашон куҷост.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

“Мардум таъна мекунанд, ки бачаҳои таърифиат куҷо шуданд?”
лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:04:02 0:00

"Танҳо мондем"

Баъдан ба волидон гуфтанд, ки Гулаҳмаду Ҷумъахон ба Сурия рафта, ба сафи гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” пайвастаанд. То кунун ҳеҷ хабаре аз ҳарду надоранд, куҷо шуданд, зинда ҳастанд ё мурда. Ду писари дигари хонавода Баҳодури 35-сола ва Эмомалии 22-сола дар зиндоне дар шаҳри Душанбе ҳамроҳ ҳастанд. Якеро моҳи феврали соли 2017 ва дувумиро моҳи июли ҳамон сол бо гуноҳи ифротгароӣ ба 6-солии зиндон маҳкум кардаанд. Ба гуфтаи волидон, “онҳо барои тамошои чизҳои он тараф, яъне Сурияву Ироқ ба зиндон рафтанд.”

Акси фарзандони Фазила Раҳимова ва Ёразмад Назаров
Акси фарзандони Фазила Раҳимова ва Ёразмад Назаров

"Фарзандро бо умед калон мекунӣ, ки дар пирӣ дастгириат кунад, вале мо танҳо мондем" – мегӯяд, Ёраҳмад Назаров. Модар, ки назди ӯ нишастааст, беихтиёр оби дида мерезад ва мегӯяд, "чанд бачаро калон кардем ва худамонро яккаву танҳо мебинем. Набераҳоям бо гардани каҷ гаштаанд."

Ҳашт кӯдаки ҳайрон

Фарзандони бачаҳои бенишони хонавода дар назди бобову бибӣ мондаанд. Келинҳо низ онҳоро тарк кардаанд, ҳарчанд ба гуфтаи Фазила Раҳимова “гоҳе мераванду меоянд”. Аз Баҳодур 4 фарзанд, аз Гулаҳмаду Ҷумъахон 2-фарзандӣ мондааст, ки бо нафақаи ночизи бобову бибӣ бузург мешаванд.

Модар рухсатномаи писарашро ба хобгоҳи донишҷӯён ба Донишгоҳи миллиро нишон дод, ки онҷо замони таҳсил меистодааст. Эмомалӣ дар факултаи дорусозӣ ва ё фарматсевтӣ мехонд ва ба гуфтаи модар, “фирефтаи кадом касе шуд. Агар намешуд, ҳоло донишгоҳро хатм мекард”.

Як манбаъ аз мақомоти интизомӣ дар Фархор ба Радиои Озодӣ гуфт, Эмомалӣ Назаров наворҳои “Давлати исломӣ”-ро дар шабакаҳои иҷтимоӣ “лайк” монда ба дигарон тақсим мекардааст, ки ташвиқи ифротгароӣ ва доман задани адовати мазҳабӣ ба ҳисоб меравад. Модарашон гоҳ-гоҳе бо Баҳодуру Эмомалӣ дар зиндон мулоқот мекунад ва мегӯяд, ҳарду аз карда пушаймон ҳастанд ва гуфтаанд, дар “хона ба кӯдакон ҳатто иҷоза надиҳанд, ки телефонро ба даст бигиранд.”

“Кӣ мехоҳад, ки бачаҳояш ба роҳи бад раванд?”

“Пушаймон ҳастанд, магар пушаймон нестанд, ки оби дидаи падару модар дар бари рӯ ва хонаҳои бузург холӣ, бо ин қадар таънаи дӯсту душман дар сари мо”, – мегӯяд, Фазила Раҳимова.

Рафтори писарон зиндагии ороми хонаводаро, дар муддати кӯтоҳе ба ҳам зад. Хобро аз чашмони модар бурд, падарро бемор кард. Ҳарду мегӯянд, ки рафтори фарзандонро маҳкум мекунанд вале ба қавли онҳо “ҳеҷ падару модар намехоҳад, ки фарзандонаш ба чунин роҳе биравад.”

Ёраҳмад Назаров
Ёраҳмад Назаров

Ба гуфтаи волидайн фарзандон онҳоро дар байни мардум сархам карданд. “Мардум таъна мекунанд, ки куҷо шуданд бачаҳои таърифиат?”- мегӯяд Ёраҳмад Назаров ва меафзояд, “кӣ мехоҳад, ки бачаҳояш ба роҳи бад раванд”.

Волидайн мегӯянд, ҳеҷ осоре намедиданд, ки бачаҳояшон ифротӣ бошанд, вале дар Русия дур аз онҳо зоҳиран фирефтаи ташвиқи гумоштаҳои гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» шудаанду модару падарро фаромӯш кардаанд.

Мисли ин волидайн дар Тоҷикистон, кам нестанд. Ба гуфтаи мақомот аз кишвар бештар аз 1000 нафар ба Сурияву Ироқ рафта ва ба сафи гурӯҳҳои тундрав ва бахусус «Давлати исломӣ» пайвастаанд. Фазила Раҳимова мегӯяд, намехоҳад, ҳеҷ модаре дар Тоҷикистон тақдири ӯро дошта бошад. “Худованд ҳеҷ модареро ин рӯзҳои бадро нишон надиҳад. Оби дидаи ягон модарро дар бари рӯяш намонад.”

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG