Ҳамлаи маргбор ба дидбонгоҳи марзбонони тоҷик дар ноҳияи Рӯдакӣ ва дар марзи Тоҷикистону Узбекистон як баҳси асосии Озодӣ Онлайн аст. Муҳоҷирон аз Русия чанд видеои дигар фиристодаанд, ки дар барнома бубинед.
Имрӯз дар бораи кӯчидани тоҷикон ба Русия суҳбат мекунем, кӣ чӣ хубиву бадӣ дорад, вале аввал видеоҳои шуморо аз Тоҷикистону Русия мебинем.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз чанд сокини шаҳри Душанбе пурсиданд, ки корашон ба додгоҳ афтидааст ва оё ба адолати додрасҳо бовар доранд, ё не. Ҷавобҳо интиқодӣ ва ҳам тарафдорона буданд.
Тарҳи афви 20 ҳазор нафар дар Тоҷикистон бисёриҳоро ба озод шудани наздиконашон аз маҳбас умедвор кардааст. Чанде аз корбарон пурсидаанд, ки оё наздикони маҳкумшудаи онҳо низ шомили афв хоҳанд шуд ё не?
Имрӯз дар бораи сӯхтори хонаи муҳоҷирони тоҷик дар Русия, ҷамъоварии санг ва фурӯши он дар Тоҷикистон ва вокунишҳо ба барканории даҳҳо корманди идораҳои давлатӣ мегӯем.
Баъд аз ду соли зориву тавалло Оишамоҳ волидонро розӣ кард, ки ӯро бигузоранд ба мактаб равад. Вай 11-сола ва маъюби гурӯҳи якум аст. Аз тифлӣ ба фалаҷ гирифтор аст. Деҳаашон дар ноҳияи Муъминобод мактаб надорад. То мактаби деҳаи ҳамсоя 5 километрро ӯ бо кумаки хоҳар ва ҳамсинфонаш тай мекунад.
Баҳс сари оби як чоҳ миёни аҳолии деҳаи навбунёде дар ҷамоати Балхобии ноҳияи Мӯъминобод ва як соҳибкор, аз ду моҳ ба ин тараф идома дорад.
Масъулони Бонки Ҷаҳонӣ ҳафтаи гузашта дар таҳқиқоте гуфтанд, ки агар суръати коҳиши фақр дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, чун солҳои пеш идома мекард, то охири имсол миллионҳо нафар аз банди камбизоатӣ раҳо мешуданд. Худи сокинон чӣ мегӯянд? Видеоро бинед.
Кашокашу бурдану овардани муҳоҷирон дар Русия, гуфтугӯҳо дар бораи қабул шудан ва ё нашудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё аз мавзӯъҳои барномаи имрӯзаи Озодӣ Онлайн аст.
Як донишҷӯи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб гуфт, аз хавфи он ки ба дасти кормандони комиссариати ҳарбӣ наафтад, худро аз ошёнаи дувум ба замин партофт ва ҳоло бо як пойи шикаста дар бемористон хоб аст. Ҳодиса рӯзи 7-уми октябри имсол рух додааст.
Боздошти муҳоҷирон дар инҷову онҷои Маскав, бо "дафъ шаву гум шав бузург кардани кӯдакон", муқоисаи Тоҷикистону Олмон дар Озодӣ Онлайн.
Ёфтҳои бештар