Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯчбандӣ ба Русия, ғор дар Кӯлоб ва қатори сард дар "Озодӣ Онлайн". ВИДЕО


Имрӯз дар барнома дар бораи кӯчидани тоҷикон ба Русия суҳбат мекунем, ки чӣ хубиву бадӣ дорад, вале аввал видеоҳои шуморо аз Тоҷикистону Русия мебинем. Видеои аввалро дар байни ду кишвар сабт кардаанд, дар дохили қатори Маскав-Душанбе. Видеои дигар аз худи Тоҷикистон аст ва дар бораи як мушкили ҷиддӣ, ки дар ҳама роҳҳо мебинед ва баъзан бо марги инсонҳо анҷомидааст.

Як видеои дигареро аз маҳаллаи Даминзода аз шаҳри Кӯлоб фиристодаанд. Муаллиф гуфтааст, дар маҳалла ба қавли ӯ ғоре ҳаст, ки аз назари мақомот дур мондааст. "Инҷо тобистон ба як партовгоҳ табдил меёбад ва агар сел ояд, мумкин аст, хонаҳои гирду атрофро шуста барад", -- афзудааст ӯ.

Вай аз мақомоти Кӯлоб пурсидааст, "магар сели соли 2010-умро фаромӯш кардед, ки маҳаллаи Чармгаронро шуста бурд?"

Акнун дар бораи кӯчидани тоҷикон ба Русия гап мезанем. Гузорише дар ин бора дар вебсайти Радиои Озодӣ баҳси зиёде барангехт ва мубоҳисонро ба ду ҷабҳа ҷудо кард. Яке гуфтааст, ба Русия кӯчидан кори хуб аст, дигаре гуфтааст, ин корро накунед, пушаймон мешавед.

Шарҳи Фаррух дар вебсайти мо чунин аст: “Русия пур аз тоҷиконе мебошад, ки шаҳрвандӣ ва зиндагии хуб доранд. Ҳар куҷое, ки ояндаи ману фарзандонам хуб бошад, онҷо бароям ватан аст. Дар 28 соли истиқлол фақат ваъдаву дурӯғ шунидему халос. Зиндагӣ баръакс мушкил шудааст, нархҳо боло мераванд, ҷойи кори мувофиқ нест. Дар чунин мамлакат магар ояндаи хубро интизор шудан мумкин аст.”

Шарҳи бинанда: " Дар ҳасрати рӯи кӯдакон мемирем"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:56 0:00
Линки мустақим


Корбари дигаре бо номи “Мард Бош” навиштааст, “магар ҳукумати Тоҷикистон ҳиҷолат намекашида бошад? Мардум аз бекорӣ ва зиндагии бад гурехта мераванд ва ин як шармандагист.”

Барномаро дар ин ҷо бинед:

Кӯчбандӣ ба Русия, ғор дар Кӯлоб ва қатори сард дар Озодӣ Онлайн
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:17 0:00

Корбари дигаре бо номи Дилфуза навиштааст, “як шиноси мо ҳам бо шодӣ ба Хабаровск кӯч баст. Бо ваъдаи шаҳрвандӣ, макони зист ва ҷойи кор. Хонаашро фурӯхту рафт, вале баъди якуним сол бо ашки шашқатор аз хешовандон илтимос кард, ки ба ӯ пул фиристанд, то бо аҳли оила ба Ватан баргардад.”

Дилсӯз дар вебсайти мо онҳоеро, ки ба Русия мераванд, турнаҳо номида ва гуфтааст, “инҳо, ки рӯзи сардӣ аз ватан ба манзили гарми дигарон роҳ мегиранд, фардо чун ватани азиз ободтар ва маош баланд шуд, бо кадом рӯ бармегашта бошанд?”

Равшан Ваҳдат дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук навиштааст, “ба назарам халқ аз ҷон безор шудааст, ки аз ватани худ кӯч мебандад ва бо вуҷуди азобу шиканҷа дар Русия онро аз Тоҷикистон беҳтар мешуморад.”

Корбари дигаре бо номи “Бандисткий Округ” ҳам айни корбари дигар гуфтааст, “зоҳиран ҷони мардум аз дасти комиссариатҳои ҳарбӣ, корхонаву додгоҳҳо ба лабашон омадааст, ки мераванд”. Ба қавли ӯ, “агар, ҳамаи кормандони давлатӣ одилона кор мекарданд, ҳама аз давлат розӣ мебуд ва касе ҳам аз ватанаш аз ҷое, ки зодаву бузург шудааст, намерафт.”

Шумо ҳам бетараф набошед, ақидаву андеша ва мушоҳидаҳоятонро бигӯед. Садоятонро сабт кунед ва ё дар видео ҳам бигӯед ва ба мо фиристед. Ба воситаи Вотсапп, Вайбер ва ё ИМО. Дар барномаи дигар худатонро бубинед. То он барнома, Худо нигаҳбон.

Шарҳҳоро бинед (2)

Гузоришҳои видеоӣ

"Ҳудуди ним миллион нафар дар Тоҷикистон аз таҳсил дур мондаанд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:11 0:00
XS
SM
MD
LG