Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гуфтанд ба мо". Ба адолати додгоҳӣ дар Тоҷикистон бовар доред? ВИДЕО


Афсона Акобиршоева ҳангоми суҳбат бо сокинон
Афсона Акобиршоева ҳангоми суҳбат бо сокинон

Бархе аз сокинон пайваста дар бораи, ба иддаои онҳо, ҳукми ноодилонаи додгоҳҳои Тоҷикистон ва мустақил набуданашон шикоят мекунанд. Ба дасти Радиои Озодӣ низ ба ин мазмун чанд нома расидааст. Мақомоти додгоҳҳои Тоҷикистон борҳо гуфтаанд, ки ҳамаи парвандаҳоро мӯшикофона баррасӣ ва одилона ҳукм мекунанд ва аз касе вобаста нестанд.

Ин дар ҳолест, ки бино ба омори расмӣ дар соли 2018 тақрибан даҳ корманди додгоҳҳои кишвар бо ҷурми "риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо" ва "содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори додрасро паст мезанад" аз мақомҳои худ ронда шудаанд.

Мақомот ҷузъиёт надодаанд, ки қонуншикании додрасҳо ва паст задани шаъну эътибори онҳо чист, вале таҳлилгарон бештар ба ҳукмҳои хато ва вуҷуди фасод ишора мекунанд.

Пештар Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олӣ гуфта буд, ки мизони қонуншиканӣ дар миёни додрасҳои кишвар дар муқоиса ба солҳои гузашта кам шудааст ва онҳо пеш аз он ки додрасро ба кор бигиранд, як сол ба ҳайси коромӯз месанҷанд.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз чанд сокини шаҳри Душанбе пурсиданд, ки корашон ба додгоҳ афтидааст ва оё ба адолати додрасҳо бовар доранд, ё не. Ҷавобҳо интиқодӣ ва ҳам тарафдорона буданд.

Файзи Олӣ, вакили мудофеи тоҷик яке аз онҳо, гуфт: "Шаҳрвандон ба воситаи расонаҳо ба сардори давлат ва Додгоҳи олӣ муроҷиат мекунанд, то арзи худро ба онҳо бигӯянд. Агар адолати додгоҳӣ бошад, ҳеч вақт шикоятҳо ин қадар зиёд намешуд ва ин қадар мардум саргардон шуда, барои муроҷиат ба пойтахт намеомаданд."

Назарҳои дигар чунин аст:

  • "Бовар дорам, ки додрасҳо адолатро риоя ва ба халқ кумак мекунанд. Вақте аз оилаам ҷудо шудам, шавҳарамро водор карданд, ки ба фарзандон алимент диҳад."
  • "Ягон бор надидаам, ки додрасеро дар Тоҷикистон ҷазо дода бошанд. Фақат бечораеро, ки дар сари роҳ офтобпараст мефурӯшад, деҳқон, муаллим ва табиберо, ки маоши ночиз дорад, ба додгоҳ мекашанд ва ҳамонро ҳамчун ҳисобот пешниҳод мекунанд."
  • "Аз як ҷиҳат бовар дорам, аз ҷиҳати дигар – не. Ба додгоҳ корафтода шудам. Шикоят кардам, гунаҳкорро маҳкам карданд, вале боз сар доданд."
  • "Рости гап, ҳеч вақт ба додгоҳ корафтода нашудаам ва намедонам дар он ҷо чӣ мегузарад. На хубиашро медонам, на бадиашро."

Ҳарчанд дар Тоҷикистон додгоҳ шохаи мустақили ҳокимият ба ҳисоб меравад, бархе ба мустақил буданашон шубҳа доранд ва ба андешаи ин гурӯҳ низоми додгоҳӣ эҳтиёҷ ба ислоҳоти куллӣ дорад:

  • "Додрасҳо аз роҳбарияти худ сахт вобаста ҳастанд. Ҳар вақте равӣ, мегӯянд, бояд ҳамроҳи роҳбарият маслиҳат кунам. Қонун ҳеч вақт ин имкониятро надодааст, ки ӯ бо роҳбарияташ маслиҳат кунад. Вай бояд бевосита ҳуқуқи шаҳрвандонро таъмин кунад. Кафолат диҳад, ки ҳамин додрас мустақил аст ва аз рӯйи қонун ҳалномаи воқеӣ ва пурра қонунӣ мебарорад."
  • "Суд бояд мустақил бошад, лекин ба адолати додгоҳӣ дар Тоҷикистон бовар надорам. Қонунҳо бояд кор кунанд. Ҳар касе, ки ҷиноят кард, бояд ҷазо гирад."

Онҳое ҳам ҳастанд, ки дар ин бора назари дигар доранд:

  • "Ба наздикӣ ҳамсояи моро бо ҷурми тақаллуб маҳкум карданд, ҳамааш қонунӣ буд. Додрасҳо қонунро риоя мекунанд."

Дар соли 2018 аз ҳазорҳо парвандае, ки додгоҳҳои кишвар баррасӣ кардаанд, 14 нафар бегуноҳ баромадааст. Аз додрасҳои Тоҷикистон барои он зиёд интиқод мекунанд, ки гӯиё онҳо аз мавқеи додситон тарафдорӣ мекунанд. Сабаб ҳам ба бовари бархе маоши нокофӣ ва фасод аст, ки истиқлол ва шаффофияти кори додрасро аз байн мебарад. Худи додрасҳо бо ин нуқтаи назар розӣ нестанд.

Яке аз назардиҳандагон дар кӯчаҳои пойтахт гуфт:

  • "Мизони адолат дар 5-6 соли охир бисёр кам шудааст. Як мисол меорам. Дар яке аз додгоҳҳои иқтисодӣ ҳуҷҷатеро, ки на рақам дорад ва на имзо, баъд аз ду сол нав гуфта баровардаанд. Ҳуҷҷатҳое, ки ягон хел арзиши қонунӣ надоранд ва далели ҳуқуқӣ ҳисоб намешаванд."

Баъзе аз назардиҳандагони дигар гуфтанд, ки додгоҳ вазифаи худро иҷро мекунад:

  • "Ҳар рӯз мегӯянд, ки ину онро боздошт карданд. Кор мекунанд, ки меқаппанд. Набошад ҳамаи ин аз куҷо мешавад?"

Шумо дар ин бора чӣ назар доред? Видеоро бибинед ва навиштани фикру пешниҳодҳои худро фаромӯш накунед.

Гуфтанд ба мо. Сокинон дар бораи адолати додгоҳӣ дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:26 0:00

XS
SM
MD
LG