Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар Самарқанд барои 640 нафар мактаб месозад


Яке аз мактабҳои Узбакистон. Акс аз саҳифаи Хабарнигори мардумии бахши узбекии Радиои Озодӣ

Ҳукумати Тоҷикистон созишномаеро тасдиқ кардааст, ки бар асоси он дар шаҳри Самарқанд барои 640 хонанда мактаб хоҳад сохт. Тарҳи созишномаро моҳи марти имсол раиси ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон имзо гузоштааст.

Агар мушкили тарбияи кадрҳо барои мактабҳои тоҷикӣ баррасӣ нашавад, эҳтимоли аз байн рафтани ин мактабҳо вуҷуд дорад

Тибқи омори расмӣ, дар замони Шӯравии собиқ, дар Узбекистон 380 мактаби тоҷикӣ амал мекард, аммо дар 25 соли охир шумори ин мактабҳо ба шиддат кам шудааст. Дар оғози соли ҷорӣ як гуруҳ аз тоҷикони Узбекистон низ дар номае дар нашрияи «Овози тоҷик» аз камбуди мактабҳои тоҷикӣ дар он кишвар ва, ҳамин тавр, омӯзгорон шикоят карда буданд.

Нусхаи созишнома барои сохтмони як мактаби тоҷикӣ дар Самарқанд рӯзи 14-уми апрел ба дасти Радиои Озодӣ расид. Тибқи ин санад, ки аз ҳашт банд иборат аст, тарафи Узбекистон муваззаф шудааст, барои сохтмони мактаб замин ҷудо карда, амнияти коргарони тоҷикро дар ҷараёни сохтмон таъмин кунад. Инчунин, ширкати масъули сохтмони мактаб аз пардохти гумрукӣ озод хоҳад шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев. Душанбе, моҳи марти 2018
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев. Душанбе, моҳи марти 2018

Ҷониби Тоҷикистон гуфтааст, пас аз анҷоми сохтмон мактабро ба ихтиёри ҳукумати Самарқанди Узбекистон месупорад. Аммо дар ин санад, ки бо забонҳои тоҷикиву узбекӣ ва русӣ таҳия шудааст, дар бораи шеваи таълим дар мактаб чизе нагуфтаанд.

Тоҷикон дар Узбекистон дар шаҳру вилоятҳои Бухоро, Самарқанд, Намангон, Сурхондарё ва манотиқи дигар зиндагӣ мекунанд. Моҳи январи имсол тоҷикони панҷ деҳа дар ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканди Узбекистон бо нашри номае хостори расидагӣ ба мушкили мактабҳои тоҷикӣ ва камбуди омӯзгорон шуда буданд. Онҳо гуфтанд, ки аз эҳтимоли баста шудани мактабҳои тоҷикӣ ва аз таълим дур мондани фарзандони худ нигаронанд.

"Агар мушкили тарбияи кадрҳо барои мактабҳои тоҷикӣ баррасӣ нашавад, эҳтимоли аз байн рафтани ин мактабҳо вуҷуд дорад", - гуфтанд онҳо. Ин мактуби сокинони тоҷикзабони Узбекистон дар остонаи сафари давлатии президент Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон чоп шуд.

Як сокини деҳаи Чакаки Узбекистон бидуни бурдани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳадафи онҳо аз нома ҷиддӣ гирифтани мушкили норасоии кадрҳо, на танҳо аз тарафи Узбекистон, балки аз ҷониби Тоҷикистон низ ҳаст. Онҳо мехоҳанд, Душанбе ҳам барои роҳандозии шӯъбаҳои тоҷикӣ дар муассисаҳои оливу миёнаи Узбекистон бо роҳи сафарбар кардани омӯзгорони соҳибтаҷриба ба ин кишвар мусоидат кунад.

Дар ин нома, инчунин, дархост шудааст, ки дар Донишкадаи омӯзгории шаҳри Чирчиқ барои омода кардани омӯзгорони мактабҳои тоҷикии вилояти Тошканд гурӯҳҳои тоҷикӣ роҳандозӣ шаванд. Қаблан, дар оғози соли ҷорӣ дар факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Фарғонаи Узбекистон гурӯҳи тоҷикӣ таъсис шуда буд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG