Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Фармоишро иҷро кардем" Баёноти гумонбарон дар қатли соҳибкор


Манзили соҳибкорон Мақсудҷон Муҳаммадҷонов ва Ибодат Неъматуллоева
Манзили соҳибкорон Мақсудҷон Муҳаммадҷонов ва Ибодат Неъматуллоева

Гуруҳи шашнафарие, ки дар ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як соҳибкор ва завҷаашро ба қатл расониданд, гуфтаанд, бо фармоиши Зафар ном сокини Хуҷанд барои дуздӣ ба хонаи онҳо даромада буданд. Айни ҳол Додгоҳи олии Тоҷикистон баррасии парвандаи ин шаш нафарро шурӯъ кардааст.

Тафтишот ин гурӯҳро ба ғорати 59 ҳазор сомонӣ ва 75 ҳазор доллар муттаҳам мекунад.

Сайфулло Абдиев, Ҷунайдулло Меҳбуллоев, Шарофиддин Абдуллоев, Абдусувуд Имомов, Рустам Маъруфзода ва Абуманнон Эргашев ба куштори зану шавҳари соҳибкор – Мақсудҷон Муҳаммадҷонов ва Ибодат Неъматуллоева муттаҳаманд.

Мақомот мегӯянд, ин гурӯҳ шаби 18-уми октябри cоли 2017 ба ҳавлии Мақсудҷон Муҳаммадҷонов ворид шуда, ӯ ва ҳамсараш Ибодат Неъматуллоеваро бо “скотч” ва ноқили барқ бастаанд. Онҳо аз азобу машаққати зиёд зану шавҳарро ба қатл расондаанд.

Як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 25-уми апрел гуфт, мурофиа бо роҳбарии додрас Зафар Азиззода шурӯъ шуд.

Дӯкони оилаи соҳибкор дар бозори "Панҷшанбе"-и шаҳри Хуҷанд
Дӯкони оилаи соҳибкор дар бозори "Панҷшанбе"-и шаҳри Хуҷанд

Ба гуфтаи манбаъ, ин гуруҳро Абуманнон Эргашев роҳбарӣ мекард. Эргашев дар ҷараёни тафтишот гуфтааст, қасди аслии онҳо на куштор, балки дуздии пулҳои соҳибкор буд. Ба эътрофи айбдоршавандагон, Мақсудҷон Муҳаммадҷонов қаблан бо Зафар ном сокини шаҳри Хуҷанд баҳси молӣ доштааст. Ин нафар барои интиқом аз Эргашев дархост кардааст, ки аз хонаи ӯ пул бидузданд.

Тафтишот ин гурӯҳро ба ғорати 59 ҳазор сомонӣ ва 75 ҳазор доллар муттаҳам мекунад. Аммо ба иддаои айбдоршавандагон онҳо аз хонаи соҳибкор 59 ҳазор сомонӣ ва 20 ҳазор долларро дуздидаанд, на 75 ҳазор доллар.

Видео аз бойгонии Радиои Озодӣ:

Зану шавҳари соҳибкорро дар Суғд кӣ кушт?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:36 0:00

Парвандаи қатли соҳибкор Мақсудҷон Муҳаммадҷонов ва завҷааш Ибодат Неъматуллоева, ки ба тиҷорати матоъ дар бозори «Панҷшанбе» машғул буданд, зери назари Додситонии кулли Тоҷикистон пеш мерафт.

Ин гуруҳи шашнафарӣ, ки зодагони ноҳияи Конибодом, Мастчоҳ ва Восеъ ҳастанд, айни замон бо моддаҳои 104 (куштор) ва 249 (роҳзанӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон муттаҳам дониста мешаванд.

Ҳафт узви хонаводаи Раҳматовҳо барои қатли хонаводаи Бобоевҳо ба муддатҳои гуногун равонаи зиндон шуданд
Ҳафт узви хонаводаи Раҳматовҳо барои қатли хонаводаи Бобоевҳо ба муддатҳои гуногун равонаи зиндон шуданд

Солҳои ахир чанд ҳодисаи пурсарусадои ғорати сокинони "пулдор" дар вилояти Суғд рух дода, соҳибкоронро нигарон кард. Аз ҷумла, моҳи июни соли 2013 як гурӯҳ, ки баъдан маълум шуд аъзои як хонавода будаанд, нимашаб ба қасди ғорат ба хонаи тиллофурӯш Аҳмадхӯҷа Бобоев дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ворид шуда, ӯ, ҳамсараш Ҳаётхон Бобоева ва фарзандонашон Рухшона, Сӯҳроб ва Санҷарбекро куштанд ва хонаашонро оташ заданд.

Ин ҷиноят боиси сарусадоҳо дар байни мардум гардид ва раиси ҷумҳур низ ба мақомоти пулис дастур дод, ки ба ҳар қимате набошад, омилони ҷиноятро муайян ва дастгир кунанд. Кормандони пулис баъд аз ду соли ин ҳодиса, оилаи Раҳматовҳо – сокинони шаҳри Хуҷандро дастгир намуданд. Баъдан ин ҳафт нафар барои қатли хонаводаи Бобоевҳо ба мӯҳлатҳои гуногун равонаи зиндон шуданд.

XS
SM
MD
LG