Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКХ: Аз Ироқ овардани кӯдакони тоҷик кори осон набуд


Мақомоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтанд, ки аз паноҳгоҳҳои шаҳри Бағдод ба ватан овардани чаҳор кӯдак кори осон набуд. Онҳо гуфтанд, чанд кӯдаки дигари тоҷик дар маркази Ироқ боқӣ монда, ба зудӣ аз роҳҳои дипломатӣ бархоҳанд гашт.

Пас аз қарори додгоҳ, ки дар онҷо парвандаи ҳар як кӯдак баррасӣ гардид ва, инчунин, пардохти ҷарима, кӯдакон ба Тоҷикистон баргардонда шуданд

Тоҷикистон чаҳор шаҳрванди кӯчакашро пас аз пардохти ҷарима ва қарори додгоҳе дар Ироқ субҳи 25-уми апрел ба ватан овард. Аммо Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ҳаҷми ҷаримаи онҳоро ошкор накард. Танҳо гуфтанд, ин кӯдакон аз Бағдод ба Дубай ва сипас аз онҷо ба Тоҷикистон интиқол ёфтанд.

Департаменти иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 26-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ин натиҷаи ҳамкории ниҳодҳои Тоҷикистон ва шарикони хориҷиашон буд. “Ҳоло ҳам дар ятимхонаҳои Бағдод кӯдакони тоҷик ҳастанд ва ҳатман баргардонда хоҳанд шуд”, - гуфтанд дар ин ниҳод.

Дар ин бора бештар бихонед:

Модари Гулрӯ: "Духтари маро кай меоранд?"

Бинои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон
Бинои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ҷараёни бозгардонии кӯдакону занони тоҷик аз Ироқ ва Сурия таҳти назорати шахсии президент Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ҳузури занони тоҷик дар Бағдод ва баҳси додгоҳии бархе аз онҳо дар Ироқро Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон пинҳон намедорад, вале шумори мушаххаси онҳо ҳанӯз рӯшан нест.

  • Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ҳамзамон аз Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, ЮНИСЕФ ва ҳукумати Ироқ барои мусоидат дар баргардондани кӯдакон изҳори сипос мекунад.

Масъулони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтанд, бозпас овардани кӯдакони тоҷик пас аз он оғоз ёфт, ки аммаи яке кӯдакони гумшуда тавассути шабакаи телевизиони “Russia Today” хоҳарзода ва додарзодаҳои худро шинохт. “Сипас ӯ ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ муроҷиат кард. Аз ҳамон лаҳза Вазорати умури хориҷӣ фаъолона корҳоро дар ростои баргардонидани кудакони тоҷик ба ватан оғоз намуд”, - гуфтанд дар ин ниҳод.

Дар ин бора бештар бихонед:

Марям ва се кӯдаки дигарро аз Ироқ ба Тоҷикистон оварданд

Мақомоти Вазорати умури хориҷӣ мегӯянд, ба намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии кишвар дар хориҷа дастур дода шуда буд, ки барои баргардондани кӯдакон ҳамкориро бо сафоратҳои Ироқ ба роҳ монанд.

“Моҳи декабри соли 2017 дар Истанбул саммити ғайринавбатии Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ баргузор гардид, ки дар он вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо вазири корҳои хориҷии Ироқ Иброҳим Ал-Ашейкар Ал-Ҷафарӣ барои баррасии масъалаи баргардондани кӯдакони тоҷик вохӯрӣ анҷом дод. Пас аз қарори додгоҳ, ки дар онҷо парвандаи ҳар як кӯдак баррасӣ гардид ва, инчунин, пардохти ҷарима, кӯдакон ба Тоҷикистон баргардонда шуданд”, - гуфтанд дар Дафтари матуботии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.

Сироҷиддин Аслов
Сироҷиддин Аслов

Манбаъ мегӯяд, “роҳи дуруст ва собити ба Тоҷикистон овардани шаҳрвандони боқимонда ҳамин таҷрибае мебошад, ки чаҳор кӯдак оварда шуданд.”

Мақомоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯянд, барои он нахостанд, овардани кӯдаконро расонаӣ кунанд, ки онҳо падару модари худро аз даст додаанд. Ва равоншиносони Салиби Сурх таъкид кардаанд, ки онҳо бо кормандони матбуот рӯ ба рӯ нашаванд.

  • “Дигар инки онҳо зиндагии баъди Ироқро доранд. Мешавад, ки дар мактабу деҳа онҳоро таъна зананд ва ин боис ба ҷароҳати равонӣ бардоштанашон гардад”

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, бар асоси иттилооте, ки мақомоти Ироқ ба онҳо пешниҳод карданд, теъдоди шаҳрвандони посошуравӣ дар ин кишвар беш аз ҳазор нафар будааст.

XS
SM
MD
LG