Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз дуди тамоку ҳанӯз дар каҳвахонаҳо хумор мешикананд. ВИДЕО


Як санҷиши мақомоти марбутаи Тоҷикистон дар қаҳвахонаву тарабхона ва нуқтаҳои хӯроки умуми Душанбе муайян кардааст, ки дар аксари чунин нуқтаҳо бар хилофи қонун аз маҳсулоти тамоку истифода мешавад.

Порлумони Тоҷикистон моҳи январи имсол бо тасвиби қонун "Дар бораи маҳдудияти истифодаи маҳсулоти тамоку", кашидани сигор, чилим, нос ва қалёнро дар дохили бино, аз ҷумла дар қаҳвахонаву ошхона ва тарабхонаҳо манъ кард. Тибқи ин қонун, хоҳишмандон бояд танҳо берун аз иншоот дар ҷойҳои махсус сигор дуд диҳанд.

Бар асоси омори расмӣ, феълан дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳазор нафар тамоку мекашанд, ки 78 дарсади онҳо мардон, 10 фисад занон ва 12 дарсади дигарро ноболиғон ташкил медиҳанд.

Барои риоя нашудани ин қонун ва истифодаи сигор дар ҷойҳои мамнӯъшуда, дар 3 моҳи ахир мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 4 ҳазор санади ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ тартиб дода, афроди қонуншиканро ба маблағи 240 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд. Тавре мушоҳида мешавад, дар бисёре аз қаҳвахонаву тарабхонаҳои шаҳр бӯи дуди сигору калён эҳсос мешавад ва дар бархе аз чунин нуқтаҳо ҳам барои сигоркашҳо толори махсус фаъолият мекунад.

"Шоколадница" -- яке аз қаҳвахонаҳои нав ва маъруф дар маркази шаҳр пас аз қабули қонун дар бораи маҳдудияти истифодаи маҳсулоти тамоку дар дохили биноҳо, толори сигоркашҳоро ҷудо кардааст. Аммо ин толор ҳам дар дохили бино аст. Парвиз -- як корманди ин қаҳвахона дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "дар маҷмӯъ дар толори умумӣ кашидани сигор манъ аст. Бисёри мизоҷон омада аввал мепурсанд, ки сигор кашидан мумкин ҳаст ё на. Баъзе аз онҳо вақте посухи рад мегиранд, баромада мераванд."

"Шоколадница" ҳам яке аз қаҳвахонаҳое буд, ки ахиран намояндагони Иттифоқи истеъмолгарон якҷо бо Вазорати тандурустӣ ва Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар доираи як чорабинӣ аз он дидан карданд. Ин иқдом ҳам дар остонаи Рӯзи ҷаҳонии бидуни тамоку, ки 31-уми май эълон шудааст, сурат гирифт ва масъулини ниҳодҳои марбут хостанд бо ин роҳ бори дигар соҳибкорону муассисони қаҳвахонаву тарабхонаҳои шаҳр бо қонуни манъи истифодаи сигор огоҳ ва ошно кунанд. Онҳо ба масъулини қаҳвахонаии "Шоколадница" ёдрас шуданд, ки гӯшаи махсуси сигоркашҳо бояд берун аз бино, дар ҳавои кушод бошад.

Санҷиш: "Дар аксари тарабхонаҳо сигоркашӣ роиҷ аст"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:08 0:00

Наргис Соҳибова, ҳамоҳангсози лоиҳа оид ба маҳсулоти тамоку дар Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ, аз тасмими бархе аз қаҳвахонаҳо, ки баъди қабули қонун, пурра аз истифодаи сигор даст кашиданд, ситоиш кард. "Ҳоло албатта чанд қаҳвахонае ҳаст, ки қонун дар он пурра иҷро мешавад. Ҳамин тавр ҳастанд қаҳвахонаҳое ҳам, ки қонун дар ин бора риоя намешавад. Имрӯз мо ба ин қаҳвахонаҳо меравем, моҳияти қонунро мефаҳмонем. Бархе аз ин қаҳвахонаҳо дар ҳузури мо метавонанд эълонҳои зидди тамоку ва зарарҳои онро дар қаҳвахонаи худ овезон кунанд",-афзуд Соҳибова.

Гурӯҳи ташаббускорон ба чанд қаҳвахонае, ки худро аз дуди тамоку озод эълон кардаанд, нишонаҳои махсус тақдим намуданд. Ин нишонаҳо минбаъд як гӯшаи чунин нуқтаҳоро зеб хоҳад дод. Қаҳвахонаи маъруфи "Сегафредо" дар маркази шаҳр, ҳам соҳиби нишонаи рамзии озод будан аз дуди тамоку шуд. То чанд моҳи пеш муштариёни ин қаҳвахона дар дохили он роҳат метавонистанд сигор кашанд.

Аммо ба гуфтаи масъулини қаҳвахона, пас аз қабули қонун дар бораи маҳдуд кардани маҳсулоти тамоку, дуд додани сигор дар ин муассисаи маишӣ манъ ва хокистардонҳо аз рӯйи мизҳои он барчида шуд. Зайниддин Бердиев, як масъули қаҳвахонаи "Сегафредо" дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, "дар дохил эълонҳо дар бораи манъи сигор овезон кардем. Ҳоло агар меҳмонҳои мо сигорӣ бошанд, дар дохил хӯрок хӯрда, метавонанд дар берун сигор кашанд. Барои онҳо мо дар берун, дар ҳавои кушод ҷойи махсус дорем."

Қаҳвахонаҳое, ки мисли "Сегафредо" берун аз бино ҷойи махсуси тамокукашӣ доранд, тавонистаанд баъд аз қабули қонун ҳам муштариёни ҳаводори сигори худро аз даст надиҳанд, баръакси ин муассисони бархе аз нуқтаҳои дигари маишӣ мегӯянд, баъди манъ кардани дуди сигор дар дохили бино, қисме аз муштариёни худро аз даст доданд.

То ҳол ҳаводорони сигору қалён хумори худро дар қаҳвахонаҳои махсуси қалёнкашӣ ва ошхонаву тарабхонаҳои умумӣ мешикастанд. Манъи истифодаи маҳсулоти тамоку дар нуқтаҳои маишиву фарҳангӣ боиси нороҳатии аксари онҳо шуд. Онҳо, ки тарки ин одат барояшон мушкил аст, аз он нигаронӣ мекунанд, ки то ҳанӯз шароите барои сигоркашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ боқӣ мондааст.

Аммо афроде, ки аз зарари тамоку огоҳанд, аз тасмими озод кардани қаҳвахонаву тарабхонаҳо аз дуди сигор хушҳоланд. Рауф Давлатов, ҷавоне, ки дар яке аз қаҳвахонаҳои шаҳр бо мо сӯҳбат мекард, гуфт, ӯ маъмулан ба қаҳвахонаҳои озод аз дуди сигор меравад. "Ҷое, ки сигор нест, боду ҳавои тоза ва нағзтар аст. Мехостам бисёртар қаҳвахонаҳое бошад, ки онҷо сигоркашӣ манъ бошад. Барои ман хуб аст."

Бар асоси омори расмӣ, феълан дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳазор нафар тамоку мекашанд, ки 78 дарсади онҳо мардон, 10 фисад зан ва 12 дарсади дигарро ноболиғон ташкил медиҳанд. Зулфия Абдураҳмонова, намояндаи Маркази Ҷумҳуриявии тарзи ҳайёти солим дар назди Вазорати тандурустӣ, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, "мо бояд ҳарчӣ бештар ба мардум фаҳмонда диҳем, ки то чӣ андоза тамоку метавонад ба ҷисми инсон зарар расонад. Ба нуқтаҳои хӯрокаи умум оилаҳо, кӯдакон ва занон меоянд, истифодаи ҳама навъи тамоку ба ҷисми онҳо зарар дорад."

Ташаббускорони чорабинии "Бидуни тамоку" таъкид мекунанд, ки онҳо ин бор танҳо ба хотири фаҳмондадиҳӣ ба қаҳвахонаву ошхонаҳо рафтанд. Марҳилаи дигари боздид, нуқтаҳое, ки ба муштарӣ дуд додани сигорро иҷоза медиҳанд, тибқи қонун ҷарима ва ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG