Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саргардонии муҳоҷири серфарзанди тоҷик дар Русия. ВИДЕО


Ҷумъабой Сафаров бо кӯдаконаш

Ҷумъабой Сафаров, зодаи Тоҷикистон, аз соли 2000-ум ба ин тараф дар вилояти Иркутски Русия кору зиндагӣ дорад, аммо то ба ҳол натавонистааст шаҳврандии он кишварро бигирад. Дар ҳоле ки дар онҷо оиладор шуд ва соҳиби даҳ фарзанд аст.

Ҷамшеду Мадина ва Идибой – се фарзанди хурдии Ҷумъабой Сафаров – низ то кунун ба мисли падар шаҳравандии Русияро надоранд. Мақомот сабабашро на ба Ҷумъабой ва на ба ҳамсари ӯ Наталя шарҳ намедиҳанд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Саргардонии муҳоҷири серфарзанди тоҷик дар Русия
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:58 0:00

Наталя мегӯяд, "ба се фарзанди хурдӣ ва шавҳарам шаҳрвандии Русияро намедиҳанд. Зеро мегӯянд, падарашон шаҳрванди Русия нест. Ҳарчанд аз ин пеш ба фарзандони калониям шаҳрвандӣ дода буданд. Ҳоло мегӯянд, мо ин корро карда наметавонем."

Барои онки Ҷумъабой Сафаров ҳаққи иқомат дар Русияро ба даст орад, бояд пайваста сабтиноми муваққатро нав кунад ва барои ин ҳудуди 5 ҳазор рубл ваё 80 доллар пардозад. Агар мӯҳлати санадҳояш гузарад, мақомоти интизомӣ ба суроғаш меоянд. Ба гуфтаи Ҷумъахон Сафаров, нозири минтақавӣ ҳар моҳ ӯро ба истилоҳ «хабар мегирад».

Ҷумъабой Сафаров бо ҳамсараш Наталя ва кӯдакон
Ҷумъабой Сафаров бо ҳамсараш Наталя ва кӯдакон

"Гоҳе ду танга кор мекунам ва бояд онро ба нозири минтақавӣ ва ба дигару дигарҳояш бидиҳам. Агар пул набошад, чанд рӯз дар шӯъбаи милиса нигоҳ медоранд, то даме ки ҳамсарам пул пайдо кунаду барои онҳо бидиҳад", - афзуд ӯ.

Бинобар чунин харҷҳои муддавом Ҷумъабой Сафаров имкони ба итмом расондани манзили нимсохт ва кӯчидан ба онҷоро надорад. Маҷбуранд, ки ҳамаи оила дар сохтмони фарсуда ба сар баранд.

Мақомот мегӯянд, барои онки Ҷумъабой Сафаров шаҳрвандии Русияро бигирад, бояд муваққатан аз қаламрави кишвар берун шавад. Ба гуфтаи онҳо, чунин талабот нисбат ба ҳамаи он муҳиҷоронест, ки муҳлати санадҳояшон гузаштааст. Вале Ҷумъабой ба хориҷ рафтан намехоҳад. Зеро метарсад, ки мақомоти Русия ҳаққи ворид шудан ба ин кишварро то даҳ соли дигар аз ӯ мегирад. Аз тарафи дигар, ба гуфтаи ӯ, ҷое барои рафтан надорад. Тамоми зиндагияш дар Русия аст.

Ҷумъабой Сафаров
Ҷумъабой Сафаров

"Ман бояд се моҳ дар ягон кишвари дигар бошам. Масалан, Тоҷикистону Қазоқистон, Узбекистон ва ё Амрико. Мегӯянд, баъди се моҳ дубора расман ворид мешавӣ. Аммо ман бояд ин чанд моҳ куҷо равам? Ба ҳеҷ куҷо рост намеояд"

Ҳуқуқдон Александр Синк ба Ҷумъабой тавсия медиҳад, ки барои санадҳои мӯҳлаташон гузашта ҷарима пардохт кунад ва баъди ин корти муҳоҷират ва патент бигирад. Пас аз он, метавонад барои гирифтани шаҳрвандӣ муроҷиат намояд. Ин ҳуқуқшинос бовар дорад, ки вуруди дубораи Ҷумъабойро ба Русия манъ намекунанд. "Бале, дуруст аст, ки имкони барои даҳ сол манъ кардани вуруди ӯ ба Русия вуҷуд дорад. Вале чун ӯ сарвари оила ва соҳиби даҳ фарзанд мебошад. Ин тамоман номумкин аст. Яъне, метавонад бо супоридани ҷаримаи маъмурӣ, ки аз 2 то 5 ҳазор рубли русиро ташкил медиҳад, халос шавад", - афзуд ӯ.

Иттиҳодияи паноҳаднагони минтақаи Урал ҳозир шуд, ки ба Ҷумъабой Сафаров кумак кунад. Раҳбари ин иттиҳодия Людмила Лукашева қазияи мазкурро ошуфтакунанда донист ва гуфт, "мутаасифона, имрӯз хадамоти муҳоҷират ва аз ҷумла мақомоти пулис пӯшида боқӣ мемонанд. Бахусус, дар минтақҳои дурафтода, чунин ҳолатҳои нақзи қонун бештар ба назар мерасанд."

Мутахассиони ин иттиҳодия мушкили гирифтани шаҳрвандӣ барои падари серфарзандро нақзи рӯирости қонун арзёбӣ мекунанд. Вазорати корҳои дохилии Русия аз шарҳи ин қазия худдорӣ меварзанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG