Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

3,5 млн сомонӣ -- хисороти сӯхтор дар "Султони Кабир"


Мақомоти тоҷик ҳаҷми хисорот дар оташсӯзии шаби 2-юми июн дар бозори "Султони Кабир"-ро эълон карданд. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 8-уми июн дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳаҷми хисороти оташсӯзӣ дар бозори "Султони Кабир" 3,5 миллион сомонӣ, муодили 390 ҳазор доллар, ҳисоб шудааст.

Ба қавли сухангӯи ВКД, ин маблағ зарари расида ба бинои бозор ва ҳам ба соҳибкорон мебошад. Умарҷони Эмомалӣ афзуд, сабаби дақиқи сӯхтор дар бозори "Султони Кабир" ин расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ мебошад. Дар посух ба суоли онки оё ягон масъули бозор барои бехатарӣ аз сӯхтор ҷазо гирифтанд ё не, Умарҷони Эмомалӣ афзуд, санҷиш дар ин самт идома дорад.

Ваъдаи молики бозори "Султони Кабир" ба тоҷирон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:22 0:00

Бар асари сӯхтор дар шаби 2-юми июн 21 мағоза ва анборҳои ин бозор ба коми оташ рафт. Молики бозори "Султони Кабир" дар як вохӯрӣ ба соҳибкорони зиёндида аз сӯхтор ваъда дода буд, ки қисман зарарро ҷуброн хоҳад кард. Соҳибкорони ин бозор мегӯянд, бо маблағи қарз тиҷорат мекарданд ва агар барояш кӯмак нарасид дубора шуруъ кардани савдо мушкил аст.

Шаҳрдори Душанбе ба масъулони бозори "Султони Кабир" як ҳафта мӯҳлат додааст, ки дӯконҳои харобшударо бунёд ва ба соҳибонашон супоранд. "Султони Кабир" яке аз бозорҳои аслии фурӯши маҳсулоти сохтмон ва қисмҳои эҳтиётӣ соли 2000 дар масоҳати тақрибан 5 гектар бунёд шудааст. Дар ин бозор ҳудуди 1700 соҳибкор фаъолият мекунанд.

Бозори Султони Кабир дар Душанбе оташ гирифт.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:52 0:00

XS
SM
MD
LG