Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мудири "Дастрас" ба иттиҳоми "обу лой" кардани грантҳои давлатӣ боздошт шуд


Фирӯза Муривватова.
Фирӯза Муривватова.

Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон директори генералии як ташкилоти қарзиро бо иттиҳоми азхуд кардани маблағҳои гранти давлатӣ боздошт кардааст. Мақомоти оҷонсӣ мегӯянд, Фирӯза Мурувватова даҳҳо ҳазор сомониро ба ҷайб зада, ташкилоти қарзии зертобеашро ба муфлисӣ расондааст. "Мудирияти нодуруст" аз мушкилиҳои аслие ном бурда мешавад, ки низоми бонкии Тоҷикистонро ба бунбаст расонид.

"Қарз додем гуфта, маблағро ба ҷайб задааст"

Масъулини Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон мегӯянд, Фирӯза Мурувватова, роҳбари ташкилоти қарзии “Дастрас” тоза боздошт шуда, алайҳаш бо 4 моддаи Кодекси ҷиноӣ парванда боз шудааст. Аз ҷумла, хонум Мурувватова ба азонихудкунӣ ё исрофкорӣ ба миқдори бузург, сўиистифода аз ваколат, сохтакорӣ ва ғайриқонунӣ додани қарз муттаҳам мешавад.

Буҳрони бонкӣ дар Тоҷикистон се сол аст, ки идома дорад ва мудирияти нодуруст аз омилҳои аслии сар задани ин бӯҳрон гуфта мешавад.

Як мақом дар Оҷонсии зидди фасод рӯзи 18-уми июн дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, Фирӯза Мурувватова аз соли 2009 то 2018 ҳамчун директори генералии ташкилоти қарзии “Дастрас” кор кард ва ба чандин хилофкориҳо даст задааст.

Азҷумла ба қавли манбаъ, хонум Мурувватова аз маблағҳои гранти давлатӣ ба номи хоҷагии деҳқонии “Варзик”-и Ҳисор 430 ҳазор сомонӣ қарз ҷудо карда, дар асл ин маблағро ба ҷайби худ задааст. Ба қавли масъулини Оҷонсии зидди фасод, дар умум Фирӯза Мурувватова бо тартиб додани парвандаҳои сохтаи қарзӣ беш аз ним миллион сомониро “ба манфиати шахсиаш истифода кардааст.”

Фирӯза Мурувватова феълан дар ҳабси пешакӣ буда, дар сурати исботи ҷурм ӯро солҳои тӯлонии зиндон таҳдид мекунад.

"Вақте барои тиҷорат қарз гирифта хона месозанд"

Мақомот дар ҳоле роҳбари кулли ташкилоти қарзии “Дастрас”-ро боздошт карданд, ки ин фаъолияти ин ташкилот ахиран қатъ шудааст. Рӯзи 18-уми июн дар дафтари ин ширкат ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, феълан раванди барҳам хӯрдани ташкилот идома дорад. Як масъули бахши муҳосиботи ин ташкилот, бидуни зикри номаш гуфт, Фирӯза Мурувватова дар пайи як санҷиши Оҷонсии зидди фасод боздошт шуд.

Ба қавли ҳамсӯҳбати мо, Фирӯза Мурувватова аз замони ба кор шурӯъ кардани ташкилоти қарзии “Дастрас” дар соли 2009 то муфлис шудани он роҳбари ин ташкилот буд. Масъулини “Дастрас” аз Мурувватова ҳамчун мутахассиси хуби соҳа ёд карданд, ки солҳои зиёд ин ташкилоти қарзиро роҳбарӣ намуд.

Вале ин намояндаи ширкат гуфт, ки дар ҳолати бавуҷудомада бештар муштариён гуноҳ доранд, чунки маблағҳои қарзиро “ғайримақсаднок» истифода бурдаанд. Ӯ бидуни мушаххас гуфтани чунин як ҳолате танҳо як мисол оварду гуфт:

“Шумо дар ҷайб 15 сомонӣ пул дореду дар хона нон нест. Агар бо ин маблағ барои нон рафта, собун оред, кӯдакони шумо гурусна мемонанд. Мо низ ба айни ҳамин чиз рубарӯ шудем. Мизоҷон аз мо маблағро гирифтанд ва гуфтанд, ки тиҷорат мекунем. Аммо бо маблағи аз мо гирифта хона сохтанд", - афзуд масъули ташкилоти қарзии “Дастрас.”

Фирӯза Мурувватова феълан дар ҳабс мебошад ва маълум нест, ки худи ӯ дар бораи иттиҳомҳои алайҳаш эълоншуда чӣ назар дорад. Ташкилоти қарзии “Дастрас” то соле пеш аз ташкилоти фаъол дар бозори қарзии Тоҷикистон буд. Аммо соли равон Бонки миллӣ бо сабаби ба муқаррарот ҷавобгӯ набудан фаъолияти ин ташкилотро қатъ кард. Дафтари матбуоти Бонки миллӣ мегӯяд, ташкилоти амонатии қарзии “Дастрас” “бо асосҳои муфлисшавӣ барҳам дода шудааст.”

"Мудирияти дуруст аз омилҳои аслии муваффақият дар бонкдорӣ"

Буҳрони бонкӣ дар Тоҷикистон се сол аст, ки идома дорад ва мудирияти нодуруст аз омилҳои аслии сар задани ин бӯҳрон гуфта мешавад. Қаблан бархе аз ходимони ташкилоти молӣ ба тасарруфи амвол муттаҳам мешуданд, аммо ин нахустин ҳолатест, ки роҳбари як ташкилоти қарзӣ боздошт мешавад.

Ислом Раҳматов, коршиноси умури бонкӣ мегӯяд, мудирият яке ду омили аслии муваффақ шудани кори бонкдорӣ ваё баръакс, касод шудани он мебошад. Ба қавли ин таҳлилгари тоҷик, мудирони бонкҳо бояд ба чандин талаботҳо азҷумла поквиҷдонӣ ва кордонӣ ҷавобгӯ бошанд. Талаботҳое, ки ба қавли ин коршинос солҳои ахир рӯи онҳо камтар таваҷҷуҳ мешавад.

"Бо мурури замон дигар на омӯзиш асту на мутобиқкунӣ. Баъзе мудирони бонкҳо дар асоси қоидаҳои куҳнаи идоракунӣ бонкро идора мекунанд ва дар ниҳоят бонк ба монеаҳо дучор мешавад. Дар куҷое, ки нисбати менеҷменти бонкӣ талабот объективона нест бонк ва ташкилоти қарзӣ ба муфлисшавӣ мерасад",--хулоса кард Ислом Раҳматов.

Мушкили бонк ва ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон соли 2016 шурӯъ шуд ва баъди коҳиши воридоти маблағҳои интиқолии муҳоҷирони кории тоҷик шиддат гирифт. Давлати Тоҷикистон аз бими норизоиятии мардум, ки дар "Агроинвестбонк"-у "Тоҷиксодиротбонк" садҳо миллион сомонӣ пасандоз доранд, онҳоро аз вартаи муфлисӣ раҳонд, вале бонкҳои хурде ба мисли "Фононбонк" ва "Тоҷпромбонк" пардохтпазирии худро аз даст дода, фаъолияташон қатъ шуд.

XS
SM
MD
LG