Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ФИФА нархи бозиҳои Ҷоми ҷаҳонро барои Тоҷикистон арзон кардааст


Шабакаҳои давлатии Тоҷикистон ҳаққи пахши бозиҳои Ҷоми ҷаҳонро аз ФИФА харидаанд. Бори нахуст ҳаводорони футбол дар Тоҷикистон роҳат метавонанд сабқатҳои Ҷоми ҷаҳонро бо шарҳи тоҷикӣ ва сифати баланди тасвир, тамошо кунанд.

Дар гузашта сабқатҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол дар телевизиони Тоҷикистон бо истифода аз шабакаҳои русӣ пахш мешуд ва борҳо масъалаи қонуни будани он мавриди баҳс қарор гирифта буд.

"ФИФА барои мо нархро арзон кард"

Парвиз Норов, муовини аввали раиси телевизиони "Варзиш" рӯзи 25-уми июн дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо ҳаққи пахши сабқатҳои Ҷоми ҷаҳон дар Русияро расман аз ФИФА ба даст оварданд. Ҷаноби Норов гуфт, қимати хариди бозиҳои Ҷоми ҷаҳон-2018 аз сӯи ФИФА барои онҳо арзон карда шуд.

Бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 рӯзи 14-уми июн шуруъ шуда, то 15 июл давом мекунад.

Ин масъули телевизиони "Варзиш" гуфт, ҳамакнун онҳо пахши зиндаи бозиҳоро аз макони баргузории он бо садои тозаи варзишгоҳ дастрас карда, бо шарҳи забони тоҷикӣ тақдими ҳаводорони футбол мекунанд. Имконе, ки қаблан барои телевизионҳои Тоҷикистон дастнорас буд.

Дар идораи телевизиони "Варзиш" нагуфтанд, ки барои ҳар сабқати Ҷоми ҷаҳон ба ФИФА чӣ қадар маблағ супоридаанд. Аммо бино ба иттилои дарёфтӣ, ТВ "Варзиш" дар ин роҳ се сарпараст дорад. Ба қавли як манбаи огоҳ, барои харидории сабқатҳои Ҷоми ҷаҳон-2018 Ҳукумати Тоҷикистон, "Спитаменбонк" ва ширкати "Кока-кола Нушокиҳои Тоҷикистон" ба телевизиони “Варзиш” сармоягузорӣ кардаанд.

"Чаро мо наметавонем бозиҳоро тамошо кунем"

Сабқатҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Русия ин шабу рӯз садҳо ҳазор нафарро дар гӯшаву канори Тоҷикистон гирди ҳам овардааст. Аммо имкони тамошои Ҷоми ҷаҳон бо забони тоҷикӣ на барои ҳамаи тоҷикистониён имконпазир аст. Бахусус тоҷикзабонони хориҷи кишвар мегӯянд, онҳо аз ҳаққи дидани бозиҳои Ҷоми ҷаҳон бо забони тоҷикӣ маҳруманд.

Ҳаводорони мунтахаби миллии футболи Эрон.
Ҳаводорони мунтахаби миллии футболи Эрон.

Масъулини телевизиони "Варзиш" мегӯянд, бар асоси тавофуқ бо ФИФА ҳақ надоранд сабқатҳои Ҷоми ҷаҳонро бо забони тоҷикӣ берун аз ҳудуди кишвар пахш кунанд. "ТВ “Варзиш" пахши бозиҳоро танҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ба даст овардааст. Дар ин росто тибқи талаботҳои аксари шарикони хориҷии худ пахши телевизонии "Варзиш" тариқи системаи БИСС кодгузорӣ карда шуда, дастрасии он берун аз кишвар маҳдуд карда шудааст",-мегӯяд Парвиз Норов.

Ба ҷуз аз тоҷикзабонони хориҷи кишвар, бархе аз сокинон дар дохили Тоҷикистон низ ин шабу рӯз ба мушкили дастрасӣ ба ТВ "Варзиш" ру ба рӯ шудаанд. Субҳон Орифзода, як сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мегӯяд, то чор рӯзи пеш ӯ ва дӯстонаш бозиҳои Ҷоми ҷаҳонро бо забони тоҷикӣ тамошо мекарданд. Аммо ба қавли Субҳон, аз рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи гузашта ба ин тараф онҳо дастрасии онҳо ба ТВ "Варзиш" қатъ гардид.

Масъулини идораи ТВ "Варзиш" мушкил дар ин самтро тасдиқ мекунанд, аммо мегӯянд, ин мушкилро бояд идораи "Телерадиоком" ҳал намояд.

Бозиҳои марҳалаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 рӯзи 14-уми июн шуруъ шуда, то 15 июл давом мекунад. Сабқатҳо дар 12 варзишгоҳи 11 шаҳри Русия - Маскав, Санкт-Петербург, Қазон, Сочи, Екатеринбург, Самара, Саранск, Ростови соҳили Дон, Волгоград, Нижний Новгород ва Калининград баргузор мешаванд.

32 дастаи ширкаткунандаи мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2018 ба ҳашт гурӯҳи чаҳордастаӣ тақсим шудааст. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ меёбанд. Дар Ҷоми ҷаҳон-2018 боз 53 бозӣ доир мешавад: дар сабқати гурӯҳӣ – 37 бозӣ, дар ҳаштякфинал – 8 бозӣ, дар чорякфинал – 4 бозӣ, дар нимфинал – 2 бозӣ, барои ҷойи севум – 1 бозӣ ва финал – 1 бозӣ.

XS
SM
MD
LG