Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ба писарон дар серӯзагӣ санади таваллуд мегиранд, ба духтарон дар 16-солагӣ" ВИДЕО


Дилнозаи Зуҳуриддин
Дилнозаи Зуҳуриддин

Шаҳодатномаи таваллуд -- нахустин санадеро, ки тибқи қонун ҳар шахс бояд дар се моҳи аввали пас аз таваллуд соҳиб шавад, баъзеҳо дар Тоҷикистон замоне ба даст мегиранд, ки аллакай 18-сола шуданд ё ба синни шиносномагирӣ расидаанд.

16 сол бе шаҳодатнома

Дилнозаи Зуҳуриддин, сокини Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ имсол 16-сола шуд, аммо то ҳанӯз ягон санади тасдиқкунандаи шахсият надорад. Замоне зарурати доштани шаҳодатномаи таваллудро дарк кард, ки баъди хатми синфи 9 ба фарқ аз дигар ҳамсабақонаш санади хатми мактабро нагирифт. Ин наврас мегӯяд, набуди шаҳодатнома як нақшаи муҳими зиндагиашро ба ҳам зад.

Омор дар бораи инки чӣ теъдод аз духтарон шаҳодатнома надоранд, мавҷуд нест. Аммо тибқи иттилои расмии барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, ҳоло дар саросари кишвар 17 дарсади кӯдакони то дусола ба ҳангоми таваллуд сабти ном намешаванд.

Ӯ мехост, таҳсилро дар омӯзишгоҳ идома диҳад. Танҳо баъди пофишориҳои Дилноза, волидон дар фикри гирифтани шаҳодатномаи таваллуд шуданд. Дилноза рӯзи 26-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "9 соли таҳсил дар мактаб бе натиҷа буд, чун ягон ҳуҷҷате нагирифтам. Фаҳмидам, ки вақте одам ҳуҷҷат надорад, ба он маъност, ки инсон вуҷуд надорад".

Барои надоштани санади таваллуд, Дилноза борҳо пеши ҳамсабақонаш шармсору сархам шудааст. Аз омӯзгорон сарзаниш шунидаву аз дарс ҳам берун шудааст. Аммо падар дар муҳоҷират ва модар ба далели набуди вақту тангдастӣ ин корро аз имрӯз ба фардо гузоштанд. Ҳамин тавр 9 сол сипарӣ шуд. Акнун барои ин як санад, ки мешуд ба осонӣ онро гирифт, кори волидони Дилноза то ба додгоҳ кашонда шуд. Гулҷаҳон Абдуназарова, модари Дилноза мегӯяд, барои саривақт нагирифтани санади таваллуд ба ду духтари 16 ва 18-солааш ҷарима шуд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Мушкили шаҳодатномаи таваллуд надоштан дар Тоҷикистон барои кӯдакон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:23 0:00

Модари Дилноза: "Мушкили иқтисодӣ ҳам доштем"

Мисли Дилноза хоҳарбузургаш ҳам бо онки ба синни 18 расидаву чанд моҳи пеш издивоҷ кард, ҳанӯз шаҳодатнома надорад. Модари Дилноза мисли даҳҳо волидони дигар нархи гарони раванди сабтином ва ноогоҳӣ аз қонунро сабаби аслӣ дар роҳи сабти номи фарзандон ва дарёфти гувоҳиномаи таваллуд медонад.

​"Рости гап, мушкили иқтисодӣ ҳам доштем. Вақте духтаронам ба мактаб рафтанд, аз он шаҳодатномаи таваллуд талаб карданд. Гуфтам, ки ҳоло бо як аризаи муваққатӣ аз ҷои истиқомат онҳоро ба мактаб кабул кунанд, баъд дуруст мекунем. Дигар шаҳодатнома нагирифтем. Духтари калониям бидуни шаҳодатнома ва шиноснома шавҳар кард. Акнун гуфтанд, ки рӯзи 1-уми июл тайёр мешавад", - афзуд ин модар.

Ба фарқ аз ду духтари хонум Гулҷаҳон, ягона писари ӯ, ки 10 сол дорад, чанд сол пеш соҳиби шаҳодатномаи таваллуд шудаааст.

Таваҷҷуҳ ба писарон назар ба духтарон

Дар ҷараёни гирифтани шаҳодатнома ҳам равона шудани таваҷҷӯҳи бештар ба писарон ба фарқ аз духтарон, бархе аз масъулини САҲШ-и Тоҷикистонро нигарон кардааст. Ба гуфтаи мақомот, дар бархе аз хонаводаҳо дар баробари бемасъулиятӣ зимни гирифтани шаҳодатнома, нобаробарии ҷинсӣ ҳам мушоҳида мешавад. Барои гирифтани шаҳодатнома ба духтарон волидон аксаран саҳлангорӣ мекунанд.

Дар ҳамоише бо ҳузури масъулини вазорати адлия, вакилони парлумон ва созмонҳои байнулмилалӣ, ки охири ҳафтаи гузашта дар Душанбе баргузор шуд, мақомот аз чанд мушкил дар дарёфти санади шахсият ёдрас карданд.

Нисо Ҷумъахонзода.
Нисо Ҷумъахонзода.

Нисо Ҷумъахонзода, сардори сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ) дар ноҳия Шоҳмансури пойтахт гуфт, агар 70 дарсади хонаводаҳо баъд аз таваллуди писар саривақт шаҳодатнома гиранд, барои духтарон танҳо 30 дарсад муроҷиат мекунанд. Ҷумъахонзода гуфт, ҳанӯз миёни мардум қолабҳои шахшуда ҷой дорад ва бархе боз ҳам бо андешаҳое дар робита ба зарур набудани таҳсили духтар ва набуди ниёзе ба санад ҳаққи онҳоро поймол мекунанд.

Вай гуфт, "вақте мо аз онҳо мепурсем, ки чаро барои чор духтаратон шаҳодатнома намегиред ва барои як писаратон шаҳодатнома мегиред, мегӯянд, ки писар алакай соҳиби хона аст, моро мехӯронад, мепӯшонад. Бархеҳо фикр намекунанд, ки вақте духтар соҳибмаълумоту соҳибкасб бошад, метавонад оилаи солим бунёд кунад".

"Падарҳо бояд духтаронро дастгирӣ кунанд"

Ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ ҳам дар хиёбонҳои Душанбе мегӯянд, бетаваҷҷӯҳии хонавода нисбат ба духтарон дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон аз вақти таваллуд мушоҳида мешавад. Онҳо мегӯянд, то ҳол дар ҷомеаи Тоҷикистон ақидаи "оиларо мард таъмин мекунад" ва "зан чиву хонданаш чӣ" пойбарҷо буда, волидон низ кӯшиш мекунанд, дар ҳама масъала ба писарон таваҷҷӯҳи бештар кунанд.

Муқимҷон Мирзоев, як сокини шаҳри Душанбе гуфт, бояд ин ақида, ки зан ё духтар ба истилоҳ "моли мардум" аст қабл аз ҳама аз зеҳни падарон тоза карда шавад. Чун ба таъкиди ӯ, маҳз мардон, ки сардори оилаанд, метавонанд бо як тасмим худ қолабҳои шахшуда дар хона ва ҷомеаро тағир диҳанд. "Ба назари ман падарҳо бештар духтарҳоро дӯст медоранд ва бояд худи онҳо духтаронашонро дар зиндагӣ аз рӯзҳои аввал дастгирӣ кунанд, на каси дигар",-афзуд Муқимҷон Мирзоев.

Ваколатдор: "Беҳуҷҷатӣ мушкилоти зиёд ба бор меорад"

Раҷабмоҳ Ҳабибулло, Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон.
Раҷабмоҳ Ҳабибулло, Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон.

Раҷабмоҳ Ҳабибулло, ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон мегӯяд надоштани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таваллуд барои кӯдакон новобаста аз ҷинсият, мушкилиҳои зиёдро пеш меорад. Вай мегӯяд, бояд волидон донанд, ки "сабти номи таваллуд натанҳо ҳаққи кӯдак аст, балки нахустин нишони ба расмият шинохта шудан ва эътироф шудани як кӯдак аз сӯйи ҷомеъа аст". Ба гуфтаи ваколатдори ҳуқуқи кӯдак, шаҳодатномаи таваллуд барои кӯдакон замонат медиҳад, то ҳуқуқи онҳо дар мавриди таҳсилу дастрастӣ ба хадамоти тиббӣ поймол нашавад.

Оморе дар бораи ин, ки чӣ теъдод духтарон шаҳодатнома надоранд, мавҷуд нест. Аммо тибқи иттиллои расмии барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, ҳоло дар саросари кишвар 17 дарсади кӯдакони то дусола ба ҳангоми таваллуд сабти ном намешаванд. Танҳо дар панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ бештар аз 12 ҳазор нафар барои гирифтани шаҳодатномаи таваллуд ба шӯъбаҳои САҲШ дар вилояти Хатлон муроҷаит карданд, ки 7500 то синни 7- сола ва ҳудуди 2500 то 16-сола буданд.

Бар асоси моддаи 90-и кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, падар ё модаре, ки дар муддати се моҳи баъди таваллуди кӯдак барои сабти номи ӯ ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ариза пешниҳод намекунад, ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима муқаррар кардааст, ки маблағи аз 150 то 250 сомониро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG