Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳимзода: Бигзор ҷиноят нокушода монад, аммо шиканҷа накунед


Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа бо намоиши акси қурбониёни шиканҷа талош карданд, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи Тоҷикистонро ба ин масъала ҷалб кунанд.

Шиканҷа аз мушкилҳои аслӣ дар кори мақомоти тоҷик гуфта мешавад ва масъулон низ мегӯянд, ба он бархӯрди шадид доранд. Аз ҷумла, Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ гуфтааст, "бигзор ҷиноят нокушода монад, аммо шиканҷаро раво набинед."

"Намоише, ки зиёд шудани аксҳо боиси нигаронӣ аст"

Намоиши аксҳои зидди шиканҷа рӯзи 26-уми июн дар бинои "Душанбе-плаза" баргузор гардид. Ба фарқ аз солҳои гузашта, имсол кормандони мақомоти интизомӣ низ дар ин намоиш зиёд дида мешуданд.

Гулчеҳра Холматова, вакили дифоъ ва аз масъулони Эътилофи зидди шиканҷа.
Гулчеҳра Холматова, вакили дифоъ ва аз масъулони Эътилофи зидди шиканҷа.

Ташкилкунандагони намоишгоҳ мегӯянд, нигаронии аслӣ онҳо дар он аст, ки сол то сол теъдоди аксҳои марбут ба ашхоси шиканҷашуда афзоиш меёбад. Гулчеҳра Холматова, вакили дифоъ ва аз масъулони Эътилофи зидди шиканҷа мегӯяд, давоми панҷ соли ахир теъдоди онҳое, ки аксашон дар сафи қурбониёни шиканҷа ҷой гирифт, як баробар афзуд.

Аз ҷумла, ба қавли хонум Холматова, соли 2013 дар нахустин соли намоиши аксҳои зидди шиканҷа акси 9 қурбонии шиканҷа ба намоиш гузошта шуда буд, вале имсол ин омор ба 18 нафар расид. Ин вакили дифоъ аз талошҳои ҳукумат дар роҳи коҳиши шиканҷа истиқбол карда, гуфт, ворид кардани банди шиканҷа ба Кодекси ҷиноӣ аз қадамҳои мақомот дар роҳи аз байн бурдани шиканҷа мебошад.

Мақомот: "Ба шиканҷа бархӯрди шадид дорем"

Шиканҷа ва бадрафторӣ нисбати боздошшудаҳо дар Тоҷикистон аз падидаҳое аст, ки тақрибан ҳар моҳ дар сархати расонаҳои кишвар қарор дорад. Ҳодисаҳои ҳалокати боздошшудаҳо баъди як рӯзи дастгир шудан дар идораҳои пулис мояи ҷиддии нигаронии ҳомиёни ҳуқуқ шудааст.

Созмонҳои байналмилалӣ низ ба хотири ҷой доштани шиканҷа аз Тоҷикистон зиёд интиқод мекунанд. Аммо мақомот мегӯянд, бо шиканҷа бархӯрди шадид доранд. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, ба кормандони ин ниҳод доимо таъкид мешавад, ки аз шиканҷа худдорӣ кунанд.

Ба қавли манбаъ, Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ низ дар гузашта ва дар баромади ахираш низ гуфтааст, барои ошкор кардани ҷиноят касеро шиканҷа накунанд. "Муҳтарам Вазир доимо таъкид мекунанд, ки бигзор ҳамон ҷиноят ноошкор монад, аммо мардумро шиканҷа накунед",-гуфт сухангӯи ВКД.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.
Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.

Таъкиди Вазири умури дохилӣ дар бораи роҳ надодан ба шиканҷа дар ҳоле садо медиҳад, ки ин ниҳод аз ҳама бештар ба хотири ҷой доштани шиканҷа дар ниҳодҳои зертобеаш интиқод мешавад. Дар гузашта чандин ҳолатҳое расонаӣ шуд, ки боздошшудаҳо ба иддаои наздиконаш баъди шиканҷа дар ниҳодҳои умури дохилӣ ҷон доданд.

Аз ҷумла Абдурасул Назаров ки дар яке аз марказҳои таъмири мошин дар маҳалли 46-уми шаҳри Душанбе кор мекард, рӯзи 28-уми март аз тарафи ходимони полиси идораи Сино-2-и шаҳри Душанбе боздошт шуд.

Як рӯз баъди боздошт ҷасади Абдурасул Назаровро ба наздиконаш супурданд ва ӯ зодгоҳаш Кӯлоб интиқол доданд ва дар деҳаи Чармгарон дафн карданд. Хешовандони Абдурасул Назаров гуфтанд, ки ӯ дар натиҷаи шиканҷа фавтидааст. "Пеш аз гўронидан изи латукӯбу доғҳо аз ҷониби мо наворбардориву акс гирифта шуд",- мегўянд онҳо.

"На танҳо худи муҷрим, балки сардораш низ ҷазо гирад"

Дар ҳамин ҳол ҳомиёни ҳуқуқи инсон пешниҳод доранд, ки барои пешгирӣ аз шиканҷа ҷазо нисбати ашхоси шиканҷакунанда пурзӯр шавад. Аз ҷумла, ба қавли Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик, барои даст задан ба шиканҷа, на танҳо худи муҷрим, балки сардораш низ ҷазо гирад. Маҳз дар он сурат ба қавли хонум Бобоназарова, сардори мақомот низ масъулият ҳис мекунад ва барои роҳ надодан ба шиканҷа талоши бештар мекунад.

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик.
Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик.

"Мо 10 сол пеш мегуфтем, ки ҳеҷ гоҳ бояд он шахсоне, ки шиканҷа мекунанд авф нашаванд. Танҳо он шахсе, ки шиканҷа мекунад, ҷазо додан кам аст. Бояд масъалаи ҷавобгарии сардори шуъбаро низ ба миён гузоштанд даркор аст. Дар Тоҷикистон ҳамин хел аст, агар сардор гӯяд, ки ҳамин корро накунед ва ҷиддӣ пайгирӣ кунад кормандони сатҳи поёнӣ ин корро намекунад. Вақте як корманд даст ба шиканҷа мезанад, бигзор соли оянда сардори ӯ рутбаи нави худро нагирад",--хулоса кард Ойниҳол Бобоназарова.

Ойниҳол Бобоназарова аз таҷрибаи Қирғизистон мисол овард, ки ҷомеаҳои шаҳрвнадӣ ва мақомоти интизомӣ дар якҷоягӣ тавонистанд шиканҷаро ба сатҳи поин биоранд.

Чанд вақт пеш Кумитаи шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид аз он нигаронӣ кард, ки маъмурони ҳифзи ҳуқуқ барои шиканҷа ва рафтори дағалона дар Тоҷикистон беҷазо мемонанд. Ин созмон дар хулосаи худ мегӯяд, Додситонии кулли Тоҷикистон солҳои охир дар мавриди шиканҷа 89 шикоят дастрас кард, аммо фақат чаҳор корманди сохторҳои ҳифзи қонун ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд. Ҳамчунин ин кумита мегӯяд, набояд ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ, ки ҷиноят содир кардаанд, муҳлати ками зиндон дода шавад ва ё нисбат ба онҳо қонуни афв қарор бигиранд.

XS
SM
MD
LG